Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сукут"-и аҳзоб дар Суғд


Нишасти намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Суғд. Акс аз бойгонӣ.
Нишасти намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Суғд. Акс аз бойгонӣ.

Давоми соли равон аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Суғд, ба ҷуз ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ дар баробари ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ хомӯшу ором буданд ва фаъоляти бархе ҳизбҳо низ умдатан ба хотири зиёд намудани аъзои худ ҷараён дошт.

Созмонҳои суғдии ҳизби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки дар интихоботи парлумонии соли 2015 мутаносибан 3 ва 2 намояндаи онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ ёфтанд, тӯли тахминан якуним сол, сафи аъзои худро зиёд кардаанд.

Абдукарим Тухтаев, узви кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси созмони ин ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, теъдоди аъзои ин ҳизб аз 1700 то 2 ҳазор нафар расидааст. Вале ба гуфтаи ҷаноби Тӯхтаев, беш аз 1 ҳазору 900 нафари онҳо аъзои бахши ин ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Вай мегӯяд, ки қароргоҳи созмони суғдии ҳизбаш дар идораи кишоварзии вилоят воқеъ аст ва "асосан ба таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин кор мебаранд.”

Ба гуфтаи Абдулкарим Тухтаев, раҳбари созмони суғдии ин ҳизб - Мирзоанвар Мирзоаҳмадов, ки аз рӯйхати ҳизбӣ вакили парлумон шудааст, ҳоло низ раҳбарии бахшро бар дӯш дорад.

Абдулатиф Раҳимов, раиси бахши вилоятии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва раҳбари бахши будҷа дар маҷлиси вакилони вилояти Суғд мегӯяд, аз интихоботи парлумонии соли 2015 то ба ҳол аъзои ин ҳизб дар Суғд 10 дарсад зиёд шуд ва ба 5.5 ҳазор нафар расидааст. Вай мегӯяд: “Мо дар нишастҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ фикру назар ва пешниҳодҳои худро марбут ба масъалаҳои иқтисодӣ баён мекунем ва бархе аз онҳо пазируфта мешаванд. Ҳамин ақида ва мавқеи моро дар парлумон ду вакиламон баён мекунанд.”

Ҳизби коммунист талош дорад, ки созмони "Комсомол"-ро дигарбора эҳё кунад"

Созмони ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар канори ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ дуюм ҳизби сиёсист, ки дар Хуҷанд нашрияи ҳизбии худро дорад. Қурбонҷон Мирзоева, раҳбари ин ҳизб дар Суғд мегӯяд, коммунистҳо навгониҳои ҳизбӣ, пешниҳодҳо ва амалкарди худро тавассути ҳамин моҳнома ба аъзову сокинон мерасонанд. Ба гуфтаи вай, ҳоло фаъолони ин ҳизб барои эҳё намудани созмони ҷавонони “Комсомол” талош доранд.

Раҳбари бахши суғдии Ҳизби коммунист афзуд, “қаблан ҳизби мо чунин созмони худашро дошт, ки дар вазорати адлияи сабти ном шуда буд. Албатта онро ба ҳамон шакли қаблӣ эҳё кардан намешавад. Мо мехоҳем як созмони ҷавонони ҳизби коммунистро таъсис диҳем, аммо бо ҳамон номи ”Комсомол”, ки дар он кадрҳои ояндаи ҳизбӣ тарбият хоҳанд шуд.”

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон қаблан эълон карда буд, ки то соли 2017 ва таҷлил аз 100-умин солгарди Инқилоби Октябр, сафҳои аъзои худро то 8 ҳазор аз ҳисоби ҷавонони 18-25-сола зиёд хоҳад кард.

Вале дар давраи баъд аз интихоботи парлумонии соли 2015 то кунун садои фаъолони башҳои суғдии 3 ҳизби сиёсӣ: сотсиалистӣ, демократӣ ва сотсиал-демократӣ тақрибан ба гӯш намерасад. Демократҳо ва сотсиал-демократҳо аслан дар ягон маҷлиси маҳаллӣ намоянда надоранд. Шикастҳои пай дар пай дар интихоботҳои гузашта ва ба гуфтаи фаъолони ин ҳизбҳо, дар рақобатҳои нобаробар ва пушти по задани қонун ва тақаллубкориҳо аз сӯи мақомот, фаъолони ин ҳизбро аз идомаи фаъолияи сиёсӣ хаста кардааст. Ҳизби сотсиалистӣ танҳо дар маҳфилҳои расмӣ ва давраи интихобот аз худ дарак медиҳад.

Моҳинисо Ҳорисова, коршиноси масоили аҳзоб дар Хуҷанд мегӯяд, соли равон созмонҳои суғдии ҳизбҳои сиёсӣ дар баробари ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ, мисли баргузор шудани раъйпурсии умумимиллӣ ҷиҳати тағйири Сарқонуни кишвар садои алтернативӣ баланд накарданд. Ва фаъолияти каму беши аҳзоби сиёсӣ низ низ умдатан дар канори ҳукумат ва ҷонибдории хостаҳои он сурат мегирад.

Хонум Ҳорисова афзуд, ки “яъне, ҳизбҳои сиёсӣ ба як олоти “балегӯяк”-и ҳукумат мубаддал шудаанд ва чизе, ки ҳукумат гуфт, дастгирӣ мекунанд. Ҳол он, ки хуб мешуд, баъзан фикру назарҳои алтернативӣ ва мухолифи худро низ баён мекарданд, чунки ин ба манфиати кор хоҳад буд.”

Хонум Ҳорисова афзуд, камбуди маблағ, надоштани кадрҳо ва шояд ҳам тарсу бими сарони аҳзоби сиёсӣ барои баёни озодонаи ақидаву пешниҳодҳои худ, ки дар сурати писанд наомадан ба раҳбарони давлат аз мансабҳояшон сабукдӯш хоҳанд шуд, намегузорад ҳизбҳои сиёсӣ, ба истиснои ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократӣ фаъолияти сиёсии худро густариш диҳанд ва барои ҷалби аъзои бештар бо барномаву пешниҳодҳои ҷолиб назди мардум раванд.

XS
SM
MD
LG