Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Брюссел: Аз ёриҳои нави Аврупо то бастани ҲНИТ


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Рӯзи 16 феврал дар Брюссел ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон ва ИА доир мешавад. Дар ин ҷаласа вазъи ҳамкориҳои Брюссел ва Душанбе ва масоили доғе, чун бастани ҲНИТ, баррасӣ мешавад.

Як ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов рӯзи 15 феврал ба манзури ширкат дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ба Брюссел рафтааст. Дар сафорати Тоҷикистон дар Брюссел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 16 феврал оғоз ба кор мекунад.

Бино ба хабари расмии сомонаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст, Сироҷиддин Аслов дар суханрониаш дар ҷаласаи Брюссел “мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо”-ро шарҳ бидиҳад. Ҳамчунин, бино ба ин манбаъ, тайи ин сафар, ки то 17 феврал давом хоҳад кард, дар Брюссел як силсила мулоқотҳои дуҷонибаи ҷаноби Аслов бо мақомоти масъули Иттиҳодияи Аврупо низ дар назар гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Иттиҳодияи Аврупо изҳори умедворӣ кардаанд, ки дар нишасти Шӯрои ҳамкорӣ мавқеи Тоҷикистон дар бораи масоили муҳиме, чун баста шудани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро низ шунаванд.

Ҳидоят Бишчевич
Ҳидоят Бишчевич

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе рӯзи 11 феврал дар як нишасти матбуотӣ гуфт, мавзӯи асосии нишасти Брюссел вазъи амниятӣ дар Тоҷикистону минтақа ва таҳдидҳои ахир хоҳад буд, вале онҳо умедворанд, ки ҳайъати Тоҷикистон ба раҳбарии вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов “зимни ироаи гузориш аз вазъият ва ҳаводиси кишвар дар робита ба масоили риояти ҳуқуқи башар, плюрализм, озодии баён, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, мамнӯъяти ҲНИТ, террористӣ эълон шудани он ва боздошти фаъолони ин ҳизб, низ сӯҳбат хоҳад кард.”

Дар арафаи нишасти Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел як гурӯҳи раҳбарони мухолифини сиёсии ҳукумати Тоҷикистон, ки аксаран дар хориҷ ба сар мебаранд, дар номаи саркушодае ба намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе Ҳидоят Бишчевич аз сарнавишти даҳҳо нафаре, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти сиёсӣ дастгир шудаанд, изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо навиштаанд, ки мақомот дастикам ду вакилеро, ки ба ҳимоято аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ҷуръат карданд, яъне Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро “тӯҳматҳои воҳӣ ва пуч” боздошт ва вакилони бақияро ҳам барканор кардаву, барои онҳо адвокатҳои давлатиро таъин кардаанд.

Муаллифони ин нома, ки дар миёнашон Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, Додоҷон Атовуллоҳ, раҳбари Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон ва Алим Шерзамонов, раҳбари бахши ҳизби мухолифи сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон ҳастанд, аз намояндаи Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, тобарои рӯшан шудани ҳақиқат аз ҳукумати Тоҷикистон бихоҳад, то барои намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар, ба хусус ба намояндаи Иттиҳодияи Аврупо иҷоза бидиҳад, бо боздоштшудаҳо дидор ва гуфтугӯ кунад ва бо парвандаи онҳо аз наздик ошно шавад."

Мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ, аз ҷумла раисиаш Кабириро ба даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри генерал Абдуҳалим Назарзода айбдор мекунанд. Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар моҳи ноябр гузориш дода буд, ки дар пайи саркӯби ошӯби Назарзода ва манъи фаъолияти ҲНИТ бо қарори Додгоҳи олӣ аз 28 сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон ҳудуди 200 нафар аз тарафдорони ҲНИТ боздошт шудаанд.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, яке аз муаллифони ин номаи саркушода рӯзи 15 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бидуни муроҷиати сарони мухолифин ҳам масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар Брюссел баррасӣ мешуд: “Чунки мақомоти Аврупо дар чунин нишастҳо аз давлатҳое, ки ба таври густарда ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд, аз онҳо ҳар дафъа мепурсанд. Ҳадаф аз муроҷиати мо фақат ин буд, ки изҳори ташвишҳо баландтар садо диҳанд, фишорҳо муассиртар бошанд, то ки нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳадди ақал камтар карда шавад.”

Раҳбари сотсиал-демократҳои Бадахшон афзуд, ӯ нисбат ба натиҷаҳои нишасти Брюссел хушбин аст: “Азбаски ҳадафи ҳайъати Душанбе ба даст овардани кумакҳои нави Иттиҳодияи Аврупост, онҷониб метавонад дар ивази ин ёриҳо аз ҳукумати Тоҷикистон иҷрои бархе масоил, аз ҷумла марбут ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои сиёсии мардумро талаб кунад.”

Иттиҳодияи Аврупо, ки аз соли 1994 бо Душанбе ҳамкорӣ дорад, аз сармоягузорони умдаи Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои солиҳои 2014 -2020 барномаи дарозмуддати стратегиеро ба роҳ андохтааст, ки ироаи 251 миллион евро кумакҳо ба ин кишвари Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

Афзоиши таҳдидҳои фаромарзие, чун ифротгароӣ, боис шудааст, ки ин созмон дар роҳи ироаи кумакҳояш ба Тоҷикистон рӯи масоили амниятӣ тамаркузи бештар кунад. Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла дар ҳоли ҳозир барномаи 5-миллиондоллариеро бо номи БОМКА сармоягузорӣ мекунад, ки ҳадафаш таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз тариқи ин марзи тӯли умумиаш қариб 1400 километр аст.

XS
SM
MD
LG