Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов рӯзи 11 январ дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар баррасӣ шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам таъини таърихи раъйпурсиро барои тасвиби ин тағйирот пешниҳод кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии парлумони Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Маҳмадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон, ҳанӯз ҷузъиёти ин пешниҳод, аз ҷумла матни тағйиру иловаҳо омода нашудааст.
Бахтовар Сафаров, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон низ рӯзи 11 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз матни тарҳи тағйиру иловаҳо ба дасти онҳо нарасидааст. Ба иттилои Сафаров, имрӯз танҳо пешниҳоди баррасӣ шудани ин тарҳ садо дод ва шояд дар рӯзҳои наздик матни тағйироти пешниҳодӣ ҳам омода шавад. Ӯ гуфт, навиштаи баъзе аз нашрияҳо дар бораи он ки ин тарҳ дар "шароити махфӣ" таҳия мешавад, дуруст нест.
"Вақте матн баромад, се моҳ муҳокима мешавад. Ин чизест, ки онро мардум қабул мекунад, ҳеч ҷое барои сирру асрор нест," - гуфт ӯ. Айни замон Сафаров гуфт, хабар надорад, ки тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ дар дасти кадом сохтор аст. Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон таҷрибаи қабули тағйиру иловаҳоро ба Сарқонун ду бор - солҳои 1999 ва 2003 - пушти сар кардааст ва тибқи талаботи қонун, баъд аз нашри матни он дар матбуот, барои муҳокимааш аз ҷониби шаҳрвандон се моҳ мӯҳлат дода мешавад.
Тибқи моддаи 99-уми Конститутсияи Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро раиси ҷумҳур ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пешниҳод кунанд ва матни тағйироти тасвибшуда бояд се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп шавад.
Дар бораи он ки матни тарҳи пешниҳодии тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон ҳанӯз дар даст нест, дар сӯҳбат бо Озодӣ ҳамчунин дигар вакилони парлумон ҳам хабар доданд. Ба иттилои Маҳмад Раҳимзода, раиси Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон, дар бораи пешниҳоди мазкур дар ин ниҳод ҳам хабар надоранд ва агар он аз забони раиси кумитаи қонунгузории Маҷлиси намояндагон садо дода бошад, эҳтимол муаллифи ташаббус ҳам ин кумитаи маҷлис аст.
Дар ҳамин ҳол, нашрияҳо ва ҳам бархе ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, эҳтимол тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон бар асоси қонун ва ҳам таҳаввулоте ворид шавад, ки соли 2015 сурат гирифт. Ҳадс зада мешавад, ки як манзур Қонун дар бораи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" аст, ки моҳи декабр қабул шуд ва ба раиси ҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон як силсила имтиёзу салоҳиятҳои нав медиҳад. Манзури дигар зоҳиран манъи фаъолияти ягона ҳизби хусусияти мазҳабидошта – ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки моҳи сентябр бо қарори додгоҳи олии Тоҷикистон як ҳизби террористӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар соли 1999, бар асоси шартҳои Созишномаи сулҳи байни ҳукумат ва мухолифин, ба Қонуни асосӣ ислоҳоте ворид карда шуд, ки фаъолияти аҳзоби мазҳабиро дар ин кишвар иҷозат медод.
Аммо расонаҳои маҳаллӣ менависанд, як ҳадафи дигар аз ислоҳи Қонуни асосӣ метавонад таҳияи шароит барои тамдиди дигарбораи давраҳои раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон бошад. Давраи кунунӣ ва, тибқи Қонуни асосии феълӣ, охирини раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 ба поён мерасад.
Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир аз нигоҳи ӯ "ягон зарурат барои ворид намудани тағйирот вуҷуд надорад. Чунки то ҳол ҳамин Конститутсияи амалкунанда имкониятҳои зиёд дорад ва аммо ин имкониятҳо амалӣ нашудаанд." Аммо гуфт ӯ, қабули қонун дар бораи "Пешвои миллат" яке аз сабабҳоест, ки ислоҳи Қонуни асосиро пеш овардааст: "Инчунин, дуруст кардани заминаи ҳуқуқии мусоид барои иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои минбаъда баъди анҷоми ваколаташ ҳамчун президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аст."
Ҳуқуқшиноси мустақил Дилшод Муллоев, ки бо радиои Озодӣ аз шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, эҳтимолан тарҳи тағйиру иловаҳо ва сарқонун ҳанӯз омода нест ва дар ояндаи наздик аъзои парлумон матни онро таҳия кунанд. Ба савол оид ба ин ки кадом тағйирот метавонад ба Қонуни асосии кишвар ворид шавад, ӯ гуфт, шояд мафҳуми «ҳизбҳои динӣ» аз матни Конститутсия (моддаи 28) ҳазф карда шавад ва банди қонуне, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсии характери динӣ доштаро дар асоси плюрализми сиёсӣ кафолат медод, бозбинӣ шавад. Ҳуқуқшинос гуфт, масъалаи дигар шояд Қонуни ахиран тасвибшуда дар бораи «Пешвои миллат» ва ҳам мутобиқ кардани он аз рӯи асосҳои конститутсионӣ марбут шавад.
Дилшод Муллоев мегӯяд, феълан дар ҷомеа як тамоюли ғайримутамарказкунӣ (десентрализатсия)-и ҳокимият ҷараён дорад, эҳтимолан, ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ як навъ озодиҳои маъмурӣ дода шавад. Вай гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон як навъ «сентрализатсияи бесамар» мушоҳида мешавад ва ҳеҷ як минтақаи кишвар бидуни машварат бо Душанбе ҳеҷ як тасмиме гирифта наметавонад. Ҳамин тавр, эҳтимолан, тағйироти нав ба Сарқонун худидоракунии маҳаллиро ҳам дар назар гирад, то ки маҳалҳо тавонанд беҳтар аз имрӯза рушд кунанд.
Сарқонуни Тоҷикистон соли 1994, вақте дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, қабул шуд. Ба ин муносибат рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Қонуни асосӣ эълон шудааст.
Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.