Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ: Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи маҳбусони сиёсиро озод кунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки тамоми маҳбусони сиёсиро озод карда, ба фаъолияти озодонаи ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” иҷозат бидиҳад.

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee), ду созмони шинохтаи ҳомии ҳуқуқи инсон, дар як гузориши муштараки иборат аз 12 саҳифа ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон пардохта, гуфтаанд, ки "вазъи бади ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли гузашта бо баста шудани ташаккули умдаи мухолифин – ҳизби наҳзати исломӣ – дар сентябри соли 2015 бадтар шуд." Ин ду созмон дар ин гузориш, ки рӯзи 17 феврал нашр шуд, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ҳамаи маҳбусони сиёсиро озод карда, ба фаъолияти озодонаи созмонҳои сиёсие, чун ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" роҳ кушояд.

Гузориш бар асоси мусоҳибаҳо бо 30 фаъоли сиёсии тоҷик, ки моҳи декабр дар Туркияву Молдова анҷом додаанд, мегӯяд, "ҳукумати Тоҷикистон аъзои мухолифини сиёсии сулҳомезро ҳабсу боздошт ва шиканҷа мекунад. Ҳукумат ҳамчунин мунтақидонашро дар хориҷ таъқиб карда, дар пайи боздошти истирдоди онҳо ба Тоҷикистон аст ва мунтақидонашро дар хориҷ иҷборан мерабояд ва онҳо танҳо баъдан дар зиндони Тоҷикистон пайдо мешаванд."

Дархости ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Муаллифон дар баробари манъи фаъолияти ҳизби наҳзат, боздошти фаъолони он ва оғози мурофиаи пушти дарҳои бастаи 16 тан аз раҳбаронаш ҳамчунин аз қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қуватов дар моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия ёдовар шудаанд, ки ба бовари онҳо, бо “дахолат ё ризоияти ҳукумати Тоҷикистон” сурат гирифтааст.

Бино ба ин гузориш, мақомоти Тоҷикистон ҳамин тавр вакилони мудофеъ, журналистон ва шаҳрвандони оддиеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон мегузоранд, ҳадаф қарор додааст. Дар натиҷа, “ба ҳисоби нозирони умур, садҳо тан аз мунтақидон ва аъзои хонаводаҳои онҳо аз кишвар фирор карда, бархе дар боздошт мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.”

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд, "бӯҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳамарӯза густариш меёбад, вале вокуниши Вошингтон, Брюссел ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ нокофист."

Дар гузориш аз фаъоли сиёсӣ Мақсуд Иброҳимов ҳам ёдоварӣ шудааст, ки дар Русия ибтидо корд хӯрду баъдан иҷборан рабуда, ба Тоҷикистон оварда шуд ва 17 сол ҳукми зиндон гирифт. Муаллифон бар асоси мусоҳибаҳояшон бо фаъолони сиёсии тоҷик мегӯянд, то имрӯз дар ҷараёни саркӯбиҳои ахир дастикам 20 тан аз фаъолон ба мӯҳлати аз 3 то 29 сол маҳкум ба зиндон шуда, ҳудуди 200 узви ҳизби наҳзати исломӣ боздошт ва теъдоде ҳамроҳ бо хешовандонашон ба ҳабси хонагӣ гирифта шудаанд. Дастикам 7 тан аз боздоштшудаҳо, бино ба ин гузориш, аз шиканҷа ва бадрафторӣ шикоят карда, 5 вакили мудофеъ дар Тоҷикистон боздошт шудаанд ва чанд вакили дигар мавриди табъиз қарор гирифтаанд. Дастикам 10 тан аз фаълони тоҷик, ба ҳисоби муаллифон, дар хориҷ дастгир шуда, мунтазири баррасии парвандаи истирдодашон ба Тоҷикистон будаанд.

Гузориш меафзояд, мақомоти Душанбе талош доранд, то ки фаъолони сиёсии сулҳомезро дар Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Русия, Туркия ва ҳар куҷои дигар боздошт карда, маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонанд. Муаллифон боздошти, ба ҳисоби онҳо, садҳо узви ҳизби наҳзати исломиро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ номида, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки “ҳамаи онҳоеро, ки бо ангезаҳои сиёсӣ зиндон шудаанд, билофосила ва бидуни қайду шарт озод кунад.” Ҳукумати Тоҷикистон, ба ақидаи ин ду созмони ҳомии ҳуқуқ, “ҳамчунин бояд ба ҳизби наҳзати исломӣ, “Гурӯҳи 24” ва дигар гурӯҳҳои мухолифи сулҳомез иҷозати фаъолияти озодона дода, тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва Қонуни асосии Тоҷикистон бояд ба озодии гирдиҳамоиҳо, озодии баён ва озодиҳои мазҳабӣ роҳ кушояд.”

Талаби дигари ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон таъмини тамоми боздоштшудаҳо бо ҳаққи қонунии онҳо дар ҷараёни тафтишу муҳокимаи парвандаҳояшон, аз ҷумла ҳаққи аёдати пайвандон ва ҳам дастрасии зиндониҳо ба вакилонест, ки худи онҳо интихоб мекунанд. Дар гузориш аз ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин таҳқиқи тамоми мавридҳои эҳтимолии шиканҷа ва ғайбзаниҳои маҷбурӣ ва қатъи таъқиби вакилоне, ки мехоҳанд аз намояндагони мухолифин дифоъ кунанд, тақозо шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар ин таҳқиқоти муфассали вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон ҳамчунин аз бархӯрди бозигарони байналмилалӣ ба вазъи ин кишвари пасошӯравӣ интиқод кардаанд. Онҳо мегӯянд, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар бозигарони байналмилалӣ танҳо бо изҳори нигаронӣ аз бархе паҳлуҳои таъқиби мухолифин дар Тоҷикистон иктифо мекунанд.

Муаллифон мегӯянд, фурсате фаро расидааст, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ҳам дар маҳзари ом ва ҳам аз тариқи тамосҳои маҳрамона ба ҳукумати Тоҷикистон ба манзури қатъи таъқиби аҳзоби сиёсии мухолифаш фишор биоранд ва “дар сурати беҳтар нашудани вазъ, аз чораҳои ҳадафмандонае, бо шумули манъи раводиди сафари мақомоти Тоҷикистон кор бигиранд.” Бозигарони байналмилалӣ, ба ақидаи муаллифони ин гузориш, бояд ҳамчурнин аз арзёбии қарибулвуқӯъи вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки рӯзи 6 май доир мешавад, барои изҳори нигаронии шадид аз ин таъқибот истифода бурда, “мақомоти Тоҷикистонро дар ҷараён гузоранд, ки агар вазъ ҳамчунон бад шудан гирад, тадбирҳои бештаре рӯи даст гирифта хоҳад шуд.”

Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ низ гуфтааст, “мухолифини тоҷик ва вакилоне, ки аз онҳо намояндагӣ мекунанд, таҳти ҳамла қарор доранд. Дигар вақти изҳори нигарониҳо кайҳо гузаштааст. Ҳоло вақтест, ки шарикони байналмилалии Тоҷикистон, бо шумули Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бояд ба президент Раҳмон паёми рӯшан бифиристанд: Таъқибот дигар бидуни пардохти нархаш нахоҳад монд.”

Ҳамин тавр, дар ин гузориш аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хоста шудааст, ки бар асоси Қатъномаи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ Тоҷикистонро ба далели нақзи пайваста, давомдор ва ошкори озодиҳои мазҳабиву сиёсӣ билофосила “кишвари мавриди нигаронии вижа” эълон кунад.

XS
SM
MD
LG