Аз ҳизбҳои худ канор рафтани лидерҳои ҳизбҳои демократ ва сотсиал-демократҳои Суғд ва бархе ҳамақидаҳои фаъоли онҳо, фаъолияти ин аҳзоби сиёсиро дар минтақаи шимолии Тоҷикистон заиф ва саҳнаи сиёсиро якранг кардааст.
Қаблан ақидаву назарҳои тозаву интиқодии фаъолони ин ҳизбҳо дар мавриди ислоҳи камбудӣ ва мушкилоти ҷомеа дар маҳфилҳои мухталифи сиёсӣ садо медод ва гоҳе баёнияҳояшон дар нашрияҳо ба нашр мерасид. Ҳамчунин онҳо барои сарҷамъ ва зиёд кардани теъдоди аъзои ҳизби худ талош ба харҷ медоданд. Ҳоло ин ҳизбҳо дар вилояти Суғд сукут ихтиёр кардаанд ва мисли онҳо намояндагиҳои аҳзоби сиёсии дигари кишвар, ба ҷуз аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар минтақа барномаҳои фаъолияти густарда ва муназзаме рӯи даст надоранд.
Файзиев: “Ба ҲХДТ гузаштам, вале ақидаам дигар нашудааст.”
Файзулло Файзиев, аз нахустин фаъолони ҳизби демократи Тоҷикистон аст ва 23 сол раҳбарии созмонҳои шаҳри Хуҷанд ва вилоятии ин ҳизбро бар дӯш дошт. Вале 2 сол пеш ӯ дар пайи мухолифат бо раҳбарияти нави ҳизб аз раҳбарии ҲДТ дар Суғд ронда шуд. Сипас худи ҷаноби Файзиев ҳизбро ба нишони эътироз алайҳи “тағйири оинномаву барномаи ҳизб” тарк гуфт. Ӯ мегӯяд, “аз он ҳизби демократии пештара ҳозир фақат номаш боқӣ мондааст, бинобар ин, ман натавонистам ҳамроҳи онҳо бошам. Вале бо ин ҳама аз сиёсат тамоман канор нарафтам. Ором, бо худдорӣ фаъолият дорам, вале бо демократҳои имрӯза, ҳамҳизбиёни пештараам хоҳиши кор кардан надорам.”
Файзулло Файзиев дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли равон аз рӯйхати ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон иштирок кард. Сипас моҳи апрели соли равон ба ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ пайваст.Файзиев мегӯяд, ки ин ҳизб демократӣ аст ва мавқею ақидаи ӯ муврфиқат мекунад.
Ҷаноби Файзиев аз қабл дар вазифаи мудири мактаби миёна дар Хуҷанд кор мекард ва ҳоло низ раҳбари мактаб аст.
Равшан Аҳмадов, ки соли 2013 баъд аз ҷаноби Файзиев раҳбарии созмонии суғдии ҳизби демократро бар дӯш гирифта буд, дар интихоботи президентии соли 2013 ҳамтоҳои худро худро ба раъй додан алайҳи номзади ҳизби худ ва пуштибонӣ аз раисҷумҳурии кунунӣ даъват кард. Барои вайрон кардани қоидаи бозии интихоботӣ, раҳбарияти ҳизб ӯро маҳкум кард ва Аҳмадов аз мақомаш истеъфо дода, барои мардикорӣ ба Русия рафт. Вале Ӯ бо матлабҳои тезутунду фошгӯёна ва пешниҳоди ислоҳи мушкилоти ҷомеа, дар маҳофил ва матбуоти Хуҷанду Душанбе дар ёди ҷонибдоронаш боқӣ мондааст.
Самадова: “Кори илмӣ водорам кард аз кори ҳизб канортар равам”
Бахши ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дувумин ҳизбест, ки солҳои охир бисёре аз аъзои фаъолаш, ба шумули раҳбари бахш паиҳам саҳнаи сиёсиро тарк карданд. Дигар садои хоси ин ҳизб дар маҳофили сиёсӣ ва байни сокинон тақрибан шунида намешавад.
Дилбар Самадова, раҳбари сотсиал – демократҳои Суғд ва фаъолони дигари ин ҳизб дар интихоботи парлумонии охир аслан аз ворид шудан ба саҳнаи рақобат худдорӣ карданд. Хонум Самадова дар Донишгоҳи Хуҷанд ба кору фаъолият пардохта,
мегӯяд, ки кори таълиму таълифи рисолаи илмӣ дигар ӯро аз ҷиддан машғул шудан ба кори ҳизбӣ бозмедорад: “Барои фаъолияти сиёсӣ имконият ва шароит ҳаст, вале худам ба корҳои илмӣ машғулам, ки ҳама вақти холиамро мегирад” - мегӯяд Самадова. Ӯ раҳбари кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро аст.
Файзулло Файзиев ва Дилбар Самадова дар ҳоле аз ҳизбҳои худ канор рафтанд, ки демократҳо ва сотсиал-демократҳои Суғд ҳеҷ гоҳ дар ягон интихобот пирӯз наомадаанд.
Моҳинисо Ҳорисова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Маркази ҷомеаи шаҳвандӣ” дар Хуҷанд мегӯяд, фаъолони аҳзоби мухолиф дар шимоли Тоҷикистонро шикастҳояшон дар интихоботҳо аз фаъолияти сиёсӣ дилсард карда, аз саҳнаи сиёсӣ канор андохтааст. Шикаст дар интихоботҳое, ки ба даъвои сарони ин аҳзоб, бо тақаллубу дахолати рӯирости мақомот дар ҷараёни овоздиҳӣ ва шумориши овозҳо сурат мегирифт, вале талоши онҳо барои ислоҳи вазъ натиҷае чашмрасе ба бор намеовард.
"Инҳо диданд, ки ба манфиат ва хостаҳои сиёсии худ, масалан мақоме даст намеёбанд, ноумед шуданд ва роҳҳои дигар пеш гирифтанд. Чунки надидани натиҷаи амал инсонро рӯҳафтода мекунад. Аз ин рӯ шояд ба худ гуфтанд,аз кору зиндагии худ намонем . Шояд аз ин гуна иштирокҳои бенатиҷа дар фаъолияти сиёсӣ кори писандидаи худу таълифи рисолаи илмиро авло донистанд “- гуфт Ҳорисова.
Ба ин тартиб, ҳизбҳои мухолифи демократӣ ва сотсиал-демократ дар шимоли Тоҷикистон дучори буҳрони шадиди кадрӣ шудаанд ва аъзои фаъоли худро аз даст медиҳанд. Роҳи онҳо ба сӯи парлумон, маҷлисҳо ва мақомҳои давлатӣ баста аст ва ҳанӯз дигар роҳу равишҳои хосе барои ҷалби аъзои нав ба сафҳои худ пайдо накардаанд.
Бо ин ҳол авзои сиёсии Суғд якранг ва дар ҳоли карахтӣ ба назар мерасад. Аҳзоби сиёсӣ ба ҷуз ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ тақрибан фаъолият надоранд ва сукут ихтиёр кардаанд. Сарони аҳзобро танҳо баргузории маҳфилҳо ва “оши сиёсӣ” ҳар моҳ гирди як миз ё дастархон гирд меорад ва вуҷуди бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистонро зоҳиран нишон медиҳад.