Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Абдусамадов хост, худро дар назди САҲА оташ занад. ВИДЕО


Гулчеҳра Шодмонова, модари нафари гумонбар дар ташкили ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, хост, ки худро дар назди дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе оташ бизанад. Ӯ субҳи 7-уми сентябр бо зарфи якунимлитрии бензин дар назди бинои САҲА ҳозир шуд, аммо маъмурони пулис баъди сараш рехтани сӯзишворӣ ӯро аз дасташ гирифта бурданд.

Шодмонова далели чунин тасмимашро мухолифат ба ҳузури Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава номид. Ин нишаст аз 10 то 21-уми сентябр дар пойтахти Лаҳистон баргузор хоҳад шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Модари ҳамлагари сайёҳони хориҷӣ мехост худро дар назди САҲА оташ занад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:24 0:00

Шоми 7-уми сентябр дар як тамоси телефонӣ Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусамадов ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ҳодисаи назди САҲА дигар ҳолаш хуб нест ва намехоҳад дар бораи он чики гузашт, бо хабарнигорон сӯҳбат кунад.

Таҷаммӯъ дар назди САҲА

Соати нуҳи субҳи 7-уми сентябр дар назди дафтари барномавии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе даҳҳо нафар бо навиштаҷот ҷамъ омада, зидди нишасти ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшава ва ширкати мухолифони тоҷик дар ин ҳамоиш шиор доданд. Шумори ин нафарон эҳтимол ба 100 нафар мерасид ва дар миёни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам занони миёнасол буданд.

Модар мехост, худро дар назди САҲА оташ занад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Як ходими САҲА ба Радиои Озодӣ гуфт, ки касе аз миёни онҳо ба назди таҷаммӯъгарон набаромад ва аз дохили бино шунида мешуд, ки издиҳом "Нест бод терроризм" мегуфт.

Хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки лаҳзаҳои таҷаммӯъ ва шиорпароканӣ ду мошини полис расида омад ва талош кард издиҳомро пароканда кунад. Бархе ба сӯи кӯчаҳои наздик фирор карда бархе аз ҷониби полис бурда шуданд. Дар ҳамин асно буд, ки модари Абдусамадов бо таҳдиди оташ задани худ баромад.

"Рӯҳияаш хуб набуд, бисёр асабонӣ буд ва ҳизби наҳзатро "террорист" мегуфт ва онҳоро муттаҳам мекард, ки писарашро аз роҳ баровардаанд", - гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ. Полис баъди ба сараш рехтани моеъ полис дигар дасти ӯро гирифту ба ҷои дигар бурд.

Маконе, ки Шодмонова бензин рехт
Маконе, ки Шодмонова бензин рехт

Писари Гулчеҳра Шодмонова феълан танҳо нафари гумонбари боздоштшуда ва ширкатдори ҳамлаи террористӣ ба туристони хориҷӣ аст, ки рӯзи 29 июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод. Дар ин ҳодиса чор нафар - шаҳрвандони ИМА, Ҳолланд ва Швейсария кушта шуда, се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Тоҷикистон масъулияти ин ҳамларо ба дӯши ҲНИТ вогузор кард, вале дар як навори видеоии интернетӣ дида мешавад, ки гумонбарони анҷоми ҳамла дар баландиҳои Норак қаблан ба унвони раҳбари гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" савганд ёд карданд. Худи ҲНИТ иттиҳоми ташкили ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷиро қотеона рад мекунад ва ин иттиҳомро як тӯҳмат ба хотири бадном кардани ҳизби сиёсӣ меномад.​

Шодмонова ва 25 нафар баъди боздошт раҳо шуданд

Як намояндаи САҲА дар Душанбе гуфт, ки гирдиҳамомадаҳо ҷавонон буда, садо баланд мекунанд. Ҳеҷ нафаре аз намояндагони ин созмон ба назди гирдиҳамомадагон берун нашуданд.

Бархе шоҳидон мегӯянд, ки гирдиҳамомадагон ҷавонони узви созмони рӯ ба ҳукумати “Авангард” мебошанд, ки дар гузаштаҳо низ дар назди САҲА, сафоратҳои ИМА, Олмон ва дигар намояндагиҳои дипломатӣ таҷаммӯъ кардаанд.

Ходимони полиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъди ин ҳодиса 25 нафар ва ҳам Шодмоноваро ба идораи полис бурда, "баъди як сӯҳбат" ҷавоб доданд.

Таҷаммӯъгарон кистанд?

Дар ҳоле, ки иштирокчиёни таҷаммӯи назди дафтари САҲА дар Душанбе то ҳол ба расонаҳо суҳбат накардаанд, бархе аз иштирокчиёни тазоҳурони қаблии назди намояндагиҳои дипломатӣ мегӯянд, “ҷавонони фаъол” мехоҳанд бо ин роҳ норозигии худро баён кунанд.

Мардихудо Давлатов, роҳбари гуруҳи рӯ ба ҳукумати “Авангард”, ки дар гузашта дар чандин тазоҳуроти назди сохторҳои дипломатӣ дар Душанбе иштирок кардааст, мегӯяд, тазоҳуроти назди САҲА "эътирози ҷавонони фаъол ба сиёсатҳои ин созмон аст". Давлатов гуфт, мухолифати аслии ҷавонон бештар ба иштироки мухолифин дар конференсияи Варшава аст. Нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава ҳар сол дар даҳаи дуюми моҳи сентябр баргузор мешавад ва дар кори он солҳои охир мухолифони тоҷики муқими хориҷа ҳам иштирок мекунанд. Мардихудо Давлатов гуфт:

“Мухолифоне, ки ки дар конференсияи Варшава иштирок мекунанд, нисбати Тоҷикистон суханҳои бардурӯғ мегӯянд ва аз ин хотир ҷавонони фаъоли кишвар ба ин чиз бетараф нестанд. Чунин созмонҳои бонуфуз дар доираи ҳуқуқҳои ҳамаи сайёра сухан меронанд, аммо барои ҳадафу манфиатҳои худ ҳар хел гуруҳҳои террористиву экстримистиро дастгирӣ мекунанд”, - афзуд Давлатов.

Манзури онҳо ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 аст, ки солҳои 20015 ва 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шудаанд, вале раҳбарону фаъолони онҳо маъмулан дар нишасти САҲА барои интиқод аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон истифода мекунанд. Соли 2016 фаъолони ин созмон дар як толор бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон вориди баҳс шуда, вазъи ҳуқуқи башар ва зиндониҳои сиёсиро дар ин кишвар ба чолиш кашиданд.

Мухолифон ва ба вижа раҳбарияти ҲНИТ иттиҳомоти ҳукумат дар бораи ташкили ҳамла ба туристони хориҷиро рад мекунад.

Душанбе дар пай бо пахши изҳорот гуфт, ки пазиронии террористонро дар САҲА қабул надорад. Соли 2017 мақоми дафтари намояндагии ин созмон дар Душанбе то дафтари барномавӣ маҳдуд карда шуд. Ду ҳафта пеш оҷонсии давлатии "Ховар" бо пахши матлабе дар вебсайти расмии ин хабаргузорӣ гуфт, ки агар соли 2018 ҳам дар нишасти САҲА дар Варшава аъзои ҲНИТ роҳ дода шаванд, ин созмон дар Тоҷикистон баста мешавад.

19 сентябри соли 2016 фаъолони мухолифин дар як толори САҲА бо аъзои ҳукумати Тоҷикистон иштирок карданд
19 сентябри соли 2016 фаъолони мухолифин дар як толори САҲА бо аъзои ҳукумати Тоҷикистон иштирок карданд

САҲА дар гузашта гуфтааст, ки ҳамоиши даҳрӯзаи ҳуқуқи башари Варшава минбари озоди муколамаҳои сиёсии ҳам намояндагони давлат ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ва дар кори ин нишаст афроду созмонҳои хоҳишманд иштирок мекунанд. ҲНИТ гуфт, ки соли ҷорӣ ҳам дар кори ин ҳамоиш иштирок хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон баргузории гирдиҳамоиву эътирозҳои бидуни иҷозат манъ аст, вале дар давоми чанд соли охир чандин эътирози пуршӯр ва танзимшуда бо навиштаҷоти муназзам ва нашршуда дар чопхонаҳои касбӣ бештар дар назди созмону намояндагиҳои дипломатӣ мушоҳида шудааст. Апрели соли 2013 ҳамингуна гурӯҳи ҷавонон дар як вақт назди дафтари СММ ва ҳам сафорати ИМА дар Душанбе ҳозир шуда зидди собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов ва озод шудани ӯ аз боздоштгоҳи Украина эътироз карданд. Баъди ин чунин эътирозҳо бештар дар робита бо фаъолияти мухолифони тоҷик дар хориҷа ва бо талаби террорист эътироф шудани ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баргузор шудааст.

Тоҷикистон ҲНИТро соли 2015 созмони террористӣ эълон кард, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам САҲА даъватҳои мақомоти тоҷик барои пуштибонӣ аз ин мавқеъро дастгирӣ накардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Вобаста

XS
SM
MD
LG