Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки то ба ҳол барои иштирок дар ҷаласаи имсолаи арзёбиҳои ҳуқуқи башар дар Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (дар Варшава) даъватнома нагирифтаанд ва бо эҳтимоли зиёд ба онҷо нахоҳанд рафт.
Дар нишасте, ки қарор аст, рӯзҳои 9-11-уми сентябр баргузор шавад, намояндаҳои 57 кишвар иштирок мекунанд.
- Ду сол боз қабл аз баргузории ҷаласаи САҲА дар Варшава масъалаи рафтан ё нарафтани намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон баҳс мешавад. Ҳамасола дар аввали моҳи сентябр дар Варшава дар мавзӯи “Чораҳои татбиқшуда дар самти ченаки инсонӣ” бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндаҳои ҳукумат ҷаласа баргузор мешавад.
Ҳушдор ба САҲА
Соли 2016 Тоҷикистон аз роҳ ёфтани мухолифинаш ба нишасти САҲА дар Варшава, ки бо намояндаи давлат вориди баҳс шуданд, ба хашм омад. Қаҳри мақомоти Тоҷикистон аз он аст, ки САҲА ба афроди таҳти ҷустуҷӯ ва муттаҳам ба терроризму ифротгароӣ минбар додааст.
“Ховар” – хабаргузории расмии Тоҷикистон – мисли соли 2017, имсол низ аз роҳи нашри матлабе ҳушдор додааст, ки дар сурати роҳ ёфтани мухолифини тоҷик ба нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава, фаъолияти созмон дар кишвар қатъ хоҳад шуд. Имсол низ ин расонаи давлатӣ дар як матлаб САҲА-ро “шаҳри бедарвоза” номид.
Бо вуҷуди ҳушдорҳои Тоҷикистон, соли гузашта мухолифин дар ин нишаст иштирок карданд. Ба дунбол, панҷ дафтари саҳроии САҲА дар минтақаҳои кишвар баста шуда, фаъолияти он то мақоми "дафтари барномавӣ" маҳдуд гардид. Ҳамакнун, ҳар як барномаи ин созмон бояд аз қабл бо мақомоти тоҷик ҳамоҳанг карда шавад.
Мақомот майли рафтан ба Варшаваро надоранд
Зоҳиран намояндаҳои ҳукумат имсол низ майли чандоне барои ширкат дар ин ҳамоишро надоранд. Сайёд Раҳимов, сухангӯи идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз тарафи созмон даъвате нагирифтаанд. Бархе дигар мақомот гуфтанд, ки бо назардошти моҷаробарангез будани ин ҷаласа барои ширкат дар он дилгарм нестанд.
Дар нишастҳои ҳарсолаи САҲА дар Варшава дар гузашта ғолибан намояндагони дафтари Омбудсмен ширкат мекарданд. Дар Вазорати адлия ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ гуфтанд, ки иштироки намояндаҳояшон дар ин нишаст дар назар нест.
Томас Роймер, сухангӯи ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи муқаррароти кори ин созмон, ба касе даъватнома фиристода намешавад. Аз рӯи талаботи онҳо, танҳо нафароне, ки бояд суханронӣ кунанд, даъватнома мегиранд. Қоида ин аст, ки ҳар давлат, созмон, гурӯҳ, фаъоли ҷамъиятӣ ва нафари хоҳишманди ширкат дар ҷаласа бояд аризаи иштирок дар онро пешакӣ ба номи созмон фиристад ва баъдан ба номи ӯ таклифнома фиристода хоҳад шуд.
Киҳо мераванд?
Бархе намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, ки аз САҲА таклифнома гирифтаанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, эҳтимол дар нишасти Варшава ширкат кунанд.
Дилрабо Самадова, раиси созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ тасмими сафар ба Варшаваро дорад. Ӯ гуфт, дар мавзӯи пешрафти институти адвокатураи тоҷик ва шиканҷа суханронӣ хоҳад кард.
Бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомоти Тоҷикистон, мухолифин, аз ҷумлаи аъзои ҳизби мамнӯи наҳзат ва “Гурӯҳи 24” мегӯянд, барои иштирок дар ин ҷаласа номнавис шудаанд. Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гуфт, бо барномаҳои нав дар нишасти Варшава ҳузур пайдо хоҳанд кард.
Дар ду соли гузашта, баъди даъвати мухолифин ба ин нишаст пушти дари дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор мешавад. Мардихудо Давлатов, раҳбари созмони “Авангард”, ки дар гузашта ҷонибдоронаш дар ин гирдиҳамоиҳо ширкат кардаанд, рӯзи 3-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вақте террористон ба ҷаласа роҳ дода мешаванд ва намояндаи давлат таҳқир мешавад, ин қобили қабул нест”.
“Онҳо роҳ доданд, ки Зариф Ализода дар ин нишаст таҳқиру таҳдид шунавад. Ин намунаи демократия ҳаст? Ба ҳамин хотир фикр мекунам, ки намояндаҳои давлат ширкат накунанд, хубтар аст. Он вақт ҷавонони огоҳи кишвар инро дида, эътироз карданд”, - гуфт ӯ.
Ҳоло дар доираи коршиносон ин мавзӯъ матраҳ аст, ки дар сурати даъват ва ҳузури мухолифони ҳукумат дар нишасти Варшава вокуниши Душанбе чӣ хоҳад буд? Оё намояндагии САҲА, ҳамон тавре, ки хабаргузории расмии «Ховар» бо нашри матлабе ҳушдор додааст, баста хоҳад шуд?
САҲА зери зарба мемонад?
Амният Абдулназаров, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон, рӯзи 3-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "САҲА дар кишвар фаъолияти таъсирбахш надорад ва аз ин рӯ агар баста ҳам шавад, набуданаш бисёр эҳсос нахоҳад шуд."
Ӯ гуфт, “ин ташкилот ҳеҷ гоҳ миссияашро дар Тоҷикистон иҷро накардааст. Вазъаш на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ чунин аст. Ҳамчун нозири аслии интихоботҳо дар кишварҳои ҷаҳон баъди интихобот танҳо бо як изҳорот иктифо мекунад ва аз механизми таъсиргузор бархӯрдор нест. Тавсияҳояшро ҳам ҳеҷ кишвар риоя намекунад, чун давлатҳо медонанд, ки он таъсиргузор нест. 10-15 сол пеш як андоза таъсир дошт, ҳоло – дигар не. Ҳоло вуҷуд доштану надоштанашон эҳсос намешавад. Дафтарҳояшонро бастанд, чизе дигар нашуд.”
Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик, гуфт, бо вуҷуди таҳдидҳо, баста шудани дафтари САҲА дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур аст. “Чун ин созмон барномаҳоеро дар кишвар маблағгузорӣ мекунад, ки бештар ба фоидаи давлат аст. Шояд фаъолияти ин созмон боз ҳам маҳдудтар шавад, вале бо эҳтимоли зиёд баста нахоҳад шуд”, - афзуд ӯ.
Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, шартгузории ҷониби Тоҷикистон, ки дар ин нишаст мухолифин иштирок надошта бошанд, хилофи стратегия ва арзиши САҲА аст.
“Ин ниҳод наметавонад, мухолифинро роҳ надиҳад. Агар ба таҷрибаи кори ин ниҳод, ки табиаташ демократӣ ҳаст, назар кунем, пас, онҳо метавонанд, ҳуқуқи ақаллияти сиёсиро низ ҷонибдорӣ кунанд. Ҳеҷ давлат наметавонад, ин гуна масъаларо танзим кунад, ки ин созмон бо кӣ ҳамкорӣ кунад ва бо кӣ не”, - гуфт ӯ.
Аз сӯи дигар, ба қавли Ҳакимов, намояндаҳои Тоҷикистон низ набояд аз иштирок дар ин ҷаласса даст кашанд: “Хубтар аст, ки бираванд ва дар баробари онҳо гапашонро бигӯянд. Шояд ҷониби Тоҷикистон ин минбарро дар оянда тавонад барои ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои норозӣ истифода кунад.”
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки аз соли 1994 дар Тоҷикистон боз кор мекунад, соли 2008 фаъолиятҳояшро тавсеа дод ва марказро ба дафтар табдил дод. Буҷети дафтар дар соли 2016-ум 7 миллиону 756 ҳазор евроро ташкил медод ва дар он 28 корманди хориҷӣ ва 193 корманд аз дохили Тоҷикистон кор мекарданд.
Аммо Шӯрои доимии созмон моҳи июни соли гузашта қарор кард, ки мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тағйир ёфта, минбаъд ба ҳайси “Дафтари барномаҳои OSCE дар Душанбе” фаъолиятҳояшро идома бидиҳад.
Тағйири мақоми намояндагӣ ба маънои маҳдуд шудани фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон аст, ки то кунун барои рушди демократия, мурооти ҳуқуқи инсон, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ба кишвар кумак мекард. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин яке аз созмонҳои байналмилалии аслӣ ва нозири интихоботҳои Тоҷикистон аст. Нозирони ин созмон гуфтаанд, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон одилонаву демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст.