Ҳарлем Дешир, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бахши озодии матбуот, аз Сироҷиддин Аслов – вазири умури хориҷии Тоҷикистон – хостааст, ки номи 14 журналистро аз листи “сиёҳ”-и Бонки Миллӣ ваё аз рӯйхати “афроди алоқаманд бо терроризм” берун кунанд. Мақомоти САҲА дар Вена мегӯянд, ки нома рӯзи 28-уми март фиристода шудааст.
Феҳристи созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул дастрас хоҳад буд.
Бонки Миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта рӯйхати 1372 шаҳрванди кишварро нашр кард, ки аз онҳо афроди “алоқаманд бо терроризм” ном бурда шудааст. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мегӯяд, дар миёни ин афрод номи 14 журналист ва блогери тоҷик ҳам ҳаст.
Ҳарлем Дешир гуфтааст, аз он нигарон аст, ки “новобаста аз исботи фаъолияти ҷиноии журналистон” номи онҳо ба ин рӯйхат ворид шуд. “Нашри номи онҳо дар ин феҳрист амнияташонро зери хатар мегузорад. Ва, инчунин, ҳаққи эҳтимоли бегуноҳии онҳоро нақз мекунад”, - афзудааст Ҳарлем Дешир.
Исмҳо фош намешавад
Ҷузъиёти дигари нома ва рӯйхати 14 журналисту блогери тоҷик дар ҳоли ҳозир дастрас нест. Дар дафтари САҲА дар Вена ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки исми ҳамаи 14 нафарро дар замимаи нома ба унвонии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ворид кардаанд, вале барои матбуот ҷузъиёти ин феҳрастро фош намекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон низ то ба ҳол ба ин масъала вокуниш накардаанд.
Аммо дар феҳристи Бонки Миллии Тоҷикистон, ки нусхааш рӯзи 15-уми марти имсол дастраси Радиои Озодӣ шуд, дар қатори садҳо нафар, аз ҷумла аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24”, исми журналист Додоҷон Атовуллоев, муассиси нашрияи "Чароғи рӯз", низ дарҷ ёфта буд. Атовуллоев яке аз мунтақидони қадимии мақомоти Тоҷикистон аст, ки то чанде пеш аз сиёсатҳои ҳукумат шадидан интиқод мекард.
"Барои фаъолиятҳои сиёсиашон ба ин феҳраст ворид шудаанд"
Нуриддин Қаршибоев – раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон – низ рӯзи 28-уми март гуфт, дар рӯйхати Бонки Миллӣ номи чанд нафаре зикр шудааст, ки дар гузашта фаъолияти журналистӣ доштанд ё ҳоло низ аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоианд. Аммо, ба қавли ӯ, “ворид шудани исми онҳо ба ин рӯйхат бештар ба фаъолияти сиёсиашон рабт дорад.”
Бо ин вуҷуд, Қаршибоев гуфт, “онҳо аз ҳуқуқи худ ба озодии баёну иттилоот бархӯрдор ҳастанд ва ҳақ ҳам доранд, ки аз тариқи расонаҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намоянд. Барои ин амалашон набояд мавриди таъқиб қарор бигиранд.”
Як масъули САҲА дар Вена дар ин шарҳи ин масъала ба Радиои Озодӣ рӯзи 28 март гуфт, мавқеи созмон ин аст, ки зери мафҳуми "журналист" бояд ҳамаи онҳое фаҳмида шаванд, ки дар амри нашру пахши хабару иттило, назар ва таҳлил кор мекунанд.
САҲА ва мафҳуми журналист
Дуня Миятович, собиқ сухангӯи САҲА дар Вена дар як изҳороташ ба унвонии кишварҳои узви ин созмон соли 2014 навишта шуд, ки бо назардошти тағйироти фавқулодда дар шеваи кори иттилоърасонӣ, ҳоло танҳо калимаи журналист наметавонад ба унвони намояндаи матбуот ва афроди паҳнкунандаи иттило ва хабар арзёбӣ шаванд. Блогнависҳо, фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳар нафаре, ки дар заминаи таҳаввулоти ҷомеа назари интиқодӣ менависаду ҳадафаш ҳам кӯмак дар ҳалли мушкилот ҷомеа аст, ҳамчун намояндаи матбуот метавонад арзёбӣ шавад, мегӯяд САҲА.
Қаблан баъзе аз созмонҳои сиёсии мухолифи ҳукумат дар хориҷа аз ин феҳрист интиқод карда буданд. Онҳо гуфтанд, ин рӯйхат, ки ба FATF (Financial Action Task Force) – Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул пешниҳод шудааст, ба унвони далел зидди онҳо истифода мешавад. Аъзои “Гурӯҳи 24” низ гуфтанд, ки ду фаъоли онҳо дар Туркия бар асоси ҳамин рӯйхат дастгир шудаанд.
Феҳристи созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул дастрас хоҳад буд.
Нисбат ба бархе аз шахсоне, ки шомили феҳристи тартибдодаи Бонки Миллӣ шудаанд, мақомоти интизоми айб эълон кардаву додгоҳ онҳоро ба ҷурмҳои гуногун муҷрим шинохтааст. Тибқи тағйироти охирини воридшуда ба Кодекси ҷиноӣ додгоҳҳои Тоҷикистон шахсони гумонбарро метавонанд дар ғиёбашон муҳокима карда, онҳоро муҷрим эътироф кунанд.
Барои мисол, Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзатро дар ғайбаш муҳокима дорад. Аммо ҷурм ва ҳукми даҳҳо нафари дигар дар ин феҳрист, ки исмашон барои матбуот ноошност, маълум нест.
Тафсилоти бештар дар бораи рӯйхати Бонки Миллӣ инҷост: