Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари САҲА Тоҷикистонро тарк мекунад. ВИДЕО


Фаъолияти Туула Юрёля дар мақоми раиси барномавии САҲА дар Душанбе ба анҷом мерасад. Дафтари матбуоти САҲА дар Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр бо пахши баёнияе гуфт, ки рисолати сафирии Юрёля бо сабаби хотима ёфтани мӯҳлати кораш дар ин мақом ба анҷом мерасад. Намояндагии САҲА расонаҳои хабариро ба муносибати анҷоми даври кории дипломати калони САҲА дар Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр ба як нишасти матбуотӣ даъват кард. Ин нишаст дар боғи меҳмонхонаи “Серена” баргузор мешавад.

Сафир Туула Юрёля, ки дипломати финландӣ мебошад, 1 октябри соли 2016 ба мақоми раҳбари дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон таъин шуд. Пеш аз Тоҷикистон давоми солҳои 2013-2016 дар мақоми сафири Финляндия дар Миср кор кардааст. Юрёля собиқаи беш аз 30-солаи кор дар вазорати умури хориҷаи Финляндияро дорад, аз ҷумла дар мақоми сафири ин кишвар дар Тоҷикистон ҳам кор кардааст.

Феълан исми раҳбари нави ин ниҳод дар Тоҷикистон маълум нест.

Хатми рисолати раҳбарии дафтари барномавӣ кардани дипломати финляндӣ дар ҳолест, ки як сол пеш бо тақозои Тоҷикистон мақоми САҲА дар ин кишвар аз дафтари намояндагӣ то ба дафтари барномавӣ маҳдуд шуд.

Чунин тасмим баъди он гирифта шуд, ки Тоҷикистон аз роҳ ёфтани намояндагони мухолифин ба нишасти арзёбиҳои ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшаваи Полша сентябри соли 2016 эътироз кард. Тоҷикистон гуфт, ки аз даъвати намояндагони созмоне, ки дар Тоҷикистон террористӣ ва мамнӯъ эълон шудаанд, розӣ нест. Ин аъзои ҲНИТ, Гурӯҳи 24 ва дигар созмонҳои сиёсии мамнӯъшуда дар Тоҷикистон мебошанд, ки ба ҳайси намояндагони ҷамъиятӣ довталабона дар ин нишаст ширкат карданд.

Вале САҲА мегӯяд, ки конфронси арзёбиҳои вазъи ҳуқуқи башар, ки ҳар сол дар Варшава мегузарад, маҳфили озоди баҳсу баррасиҳои миёни намояндагони ҳукумат ва ҷамеаи шаҳрвандӣ буда, дар кори он ҳама метавонанд иштирок кунанд.

Дар як сӯҳбати ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ Туула Юрёля ноябри соли 2017 ба Радиои Озодӣ гуфт: "Масъалаи аслии танишҳо ҳамин ҳузури баъзе аз афрод ё гурӯҳҳои мунтақиди Тоҷикистон дар нишасти ҳуқуқи башар дар шаҳри Варшава буд. Аммо ман шахсан ҳаққи қазоват дар бораи гурӯҳ ва афродеро надорам. Шахсан бо онҳо шинос нестам. Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ин гурӯҳҳои мунтақиди давлатро террорист мешуморад, масъала ин аст, ки баъзе аз кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мутмаин нашудаанд, ин гурӯҳҳо дар воқеъ террорист ва ифротгаро ҳастанд. Барои ҳамин дар ин масъала ихтилофоти назар вуҷуд дошт. Ман зимни мулоқотам бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтам, ки метавонам назари Тоҷикистонро ба созмон ва дигар аъзои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо расонам.”

Соли ҷорӣ ҳам дар остонаи баргузории ин нишаст вебсайти оҷонсии расмии “Ховар” бо нашри матлабе гуфт, ки дар сурати дар нишасти имсолаи САҲА ширкат кардани намояндагонии мухолифини тоҷик, мавзӯи баста шудани дафтари ин созмон дар Душанбе матраҳ мешавад. Ҳанӯз САҲА ба ин таҳдид вокуниш накардааст.

Хушбинии раиси дафтари ОSCE дар Душанбе аз ояндаи ҳамкориҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:44 0:00

XS
SM
MD
LG