Баъди пофишории зиёди ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо қарор кард, мақоми намояндагиаш дар Душанберо, ки яке аз бузургтарин намояндагиҳои минтақавии созмон буд, дигар кунад.
Шӯрои доимии созмон рӯзи 1-уми июн қарор қабул кард, ки сар аз моҳи июл мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тағйир дода шавад ва минбаъд ба ҳайси “Дафтари барномаҳои OSCE дар Душанбе” фаъолиятҳояшро идома бидиҳад.
Тағйири мақоми намояндагӣ ба маънии маҳдуд шудани фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон аст, ки то кунун барои рушди демократия, мурооти ҳуқуқи инсон, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ба кишвар кӯмак мекард.
Рӯзи 4-уми июн дар дафтари матбуоти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ миқёси фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик маҳдуд мешавад.
Дар ин посух омадааст, “Маъмурияти Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе, ки аз 1-уми июли соли 2017 қувваи иҷро мегирад, ки дар воқеъ миқёси вазифаҳояш дар Тоҷикистон хурдтар аст. “
Пас аз якуми июл дигар панҷ дафтари минтақавии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки дар Ғарму Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Шаҳритус кор мекарданд, баста мешаванд, ҳарчанд созмон ҳақ дорад, ба иҷрои барномаҳои гуногун дар манотиқи Тоҷикистон идома бидиҳад.
Дар дафтари матбуоти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи сабабҳои тағйири мақоми намояндагиашон худдорӣ карданд, вале як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пофишории Тоҷикистон ба маҳдуд кардани фаъолияти дафтар сабаб шуд, ки Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо чунин қароре қабул кунад.
Ба гуфтаи ӯ, пеш аз тағйири мандат ва ё маъмурияти дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, мақомоти Тоҷикистон ҳатто масъалаи “тамдид накардани фаъолияти дафтар дар Душанберо ҳам баррасӣ мекарданд ва сар аз соли 2017 ин нигаронӣ вуҷуд дошт, ки мумкин аст, фаъолияти созмон дар Душанбе қатъ карда шавад.”
Мусоҳиби Радиои Озодӣ моҷарои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳ додани тарафдорони ин ҳизб ба як ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро як сабаби хашмгин шудани мақомоти Тоҷикистон аз созмон ва бознигарии ҳамкориҳо номид. Ба Радиои Озодӣ имрӯз муяссар нашуд, назари тарафи Душанберо дар бораи тағйири мандати созмон бигирад.
Соли гузашта гурӯҳе аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 19 сентябр ба ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ворид шуданд ва нисбат ба боздошту зиндонӣ кардани аъзои ин ҳизб дар Тоҷикистон эътироз карданд.
Пас аз ин ҳайати Тоҷикистон бо ин гуфта, ки созмон “ифротгароёну террористонро ба ҷаласа роҳдодааст”, ҳамоишро тарк кард. Дар Тоҷикистон ҳам гурӯҳе аз ҷавонон дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷамъ омада ва ба дару девори он санг андохтанд.
“Маъмурияти Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе, ки аз 1-уми июли соли 2017 қувваи иҷро мегирад, ки дар воқеъ миқёси вазифаҳояш дар Тоҷикистон хурдтар аст. “
Қабл аз қабули қарори Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи тағйири мақоми намояндагиаш дар созмон, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико, дар рӯзи 25-умт май ҳукумати Тоҷикистонро интиқод карданд, ки кори намояндагиро халалдор кардааст.
Намояндаи Амрико бо як баёнияи расмӣ гуфтааст, он “нигарон аст, ки кори дафтар дар Душанбе халалдор шудааст” ва умедвор аст, ки маъмурияти нав, бо нерӯи тамом корашро дар Тоҷикистон идома медиҳад.
Иттиҳодияи Аврупо ҳам гуфтааст, ки аз қатъи фаъолияти панҷ дафтари минтақавӣ дар Тоҷикистон мутаасиф аст. Ҳам Амрико ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, ки аз “коҳиши гуногунандешӣ, маҳдуд шудани озодии баён ва ҳуқуқи инсон нигарон ҳастанд”.
Бисту панҷ кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки аҳдҳои байналмилалиаш ва аз ҷумла тааҳудоташ дар ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро иҷро кунад.
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки аз соли 2002 дар Тоҷикистон кор мекард, соли 2008 фаъолиятҳояшро тавсиа дод ва марказро ба дафтари табдил дод. Буҷаи дафтар дар соли 2016-ум 7 миллиону 756 ҳазор евроро ташкил медод ва дар он 28 корманди хориҷӣ ва 193 корманд аз дохили Тоҷикистон кор мекарданд.