Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо орзуи даст расондан ба тобути шайх як муриди ӯ ҷон дод


Қабри шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф
Қабри шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф

Дар маросими дафни олими саршиноси ислом Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф яке аз мухлисони ӯ аз сактаи қалб даргузашт.

Дар маросими пуриздиҳоми дафни шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар рӯзи 11-уми март, ки саршор аз сӯгворӣ ва эҳсосоти баланд будааст, яке аз муридони ин олими саршиноси ислом даргузаштааст.

Ба гуфтаи раҳбари ширкати "Авалон" дар Тошканд, Мурод Назаров, ин шахс дар дохили масҷиди ҷомеи Шайх Зайниддин дар миёни издиҳом афтода, ҷон додааст. Ба гуфтаи ӯ талоши ин марди солманд барои боре ҳам доштани пояи тобути Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф ба марги ӯ расонд.

Мурод Назаров, ки шахси 65-70-сола дар пеши чашми ӯ фавтидааст, мегӯяд, мард чанде фиғон кашид ва даступойи ӯ ба гунаи ҳайратовар такон хӯрд ва сипас ӯ афтод ва аз даҳонаш кафк равон гашт. Пизишкон ба кумак расиданд, вале мард аллакай фавтида буд ва онҳо мегӯянд, дилаш аз кор мондааст.

Дар ин ҳол яке аз рӯҳониён бо номи Қорӣ Анвар аз мардум даъват кардааст, тартибу низомро нигоҳ доранд ва ёдрас шудааст, ки шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дӯстдори оромию осудагии мардум буд.

Се рӯз аст, ки аксари мардуми Узбакистон аз фавти олими саршиноси ислом Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф сӯҳбат мекунанд, вале расонаҳои расмии ин кишвар то ҳол дар ин бора хабаре надодаанд. Шаҳрвандон ин хабар ва ҷузъиёти дафни шайхро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд. Бино бар ин маълумот дар маросими дафн зиёда аз 200 ҳазор нафар ширкат кардаанд.

Журналисти тошкандӣ Абдураҳмон Ташанов мегӯяд, сабаби дар нашрияҳо ва радиову телевизион пахш нашудани хабари даргузашти Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф ин аст, ки аз ҳукумат ба ин ниҳодҳо дастур дода шудааст, ки хабарро нодида гиранд.

Аммо Кумитаи умури дини Узбакистон ҳам бо нашри як таъзиянома дар торнамои расмияш аз даргузашти Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф изҳори андӯҳ ва ба наздиконаш ҳамдардӣ баён кардааст. Дар ин таъзиянома “аз зиндагӣ ва осору хидматҳои ӯ дар назди халқ ва динии мубини ислом” низ сухан меравад.

Маросими дафни Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф соли 1952 дар Андиҷон ба дунё омада, соли 1975 донишкадаи исломии Тошканд ба номи Имом Бухорӣ, аз ангуштшумор мактабҳои олии мазҳабӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардааст. Баъди хатми донишкада ӯ дар маҷаллаи “Мусульмане советского Востока“ (“Мусалмонони Шарқи шӯравӣ)“ кор мекард.

Соли 1980 донишгоҳи “Даъва-л-Исломия”-и Троблус, пойтахти Либияро бо баҳои аъло тамом кард. Баъди бозгашт дар бахши равобити хориҷии Идораи мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон кор мекард ва дар Донишкадаи исломии Тошканд дарс медод. Соли 1986 ректори ин донишкада таъин шуд.

Дар соли 1989, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ насими бозсозӣ мевазид ва мардум барои дифоъ аз ҳуқуқи худ имкони ба майдонҳо рехтанро пайдо карданд, Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф таҳти пуштибонии издиҳоми бузурги тарафдоронаш раҳбари Идораи мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон интихоб шуд. Гуфта мешавад, ки дар интихоби ӯ ба ин баландтарин мақоми мазҳабӣ дар минтақа садҳо нафаре, ки қозии вақти мусалмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва рӯҳониёни дигари тарафдори вай аз Душанбеву Хуҷанду Исфара ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба Тошканд фиристоданд, нақши умда доштанд.

Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар поёни солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90 раҳбарии Идораи мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистонро бар ӯҳда дошт ва кушодани садҳо масҷиду мадраса баъди беш аз 70 соли султаи атеизм (бехудоӣ) дар аҳди Шӯравӣ ва ҳам боз шудани роҳи сафари Ҳаҷ барои миллионҳо мусалмонҳои сокини ҷумҳуриҳои ин минтақа ба номи ӯ марбут мешавад. Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф як рӯҳонии мӯътадил ва тарафдори ислоҳоти демократӣ эътироф мешуд ва равияҳои тундрави исломӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои ифротие, чун “Ҷиҳоди исломӣ” ва Ҳаракати исломии Узбакистонро маҳкум мекард.

XS
SM
MD
LG