Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На барқ, на обу роҳ. "Тақдири шӯр"-и Иттиҳоди Данғара. ВИДЕО


Деҳаи Иттиҳоди ноҳияи Данғара
Деҳаи Иттиҳоди ноҳияи Данғара

Зиндагии 200 хонавода дар як деҳаи дурдасти ҷануби Тоҷикистон зиндагӣ дар солҳоеро мемонад, ки дар кишвар аслан нирӯгоҳи барқӣ вуҷуд надошт ва мардум фақат бо хару ароба мегаштанд. Сокинони ин деҳа байни ду кӯҳро дар соли 1956 барои иқомат интихоб карданд ва то ҳол онҷо мондаанд. Ҳоло дар ин деҳа на нирӯи барқ аст, на роҳи ҳамвор. Аммо сокинон мегӯянд, бо ин ҳама мушкил намехоҳанд байни ду кӯҳи баландро раҳо кунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

На барқу на обу на роҳ... Иттиҳоди Данғара ва тақдири шӯр.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:20 0:00

Душан Мисиров, сокини деҳаи Иттиҳод дар ноҳияи Данғара, рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки соли 1956 ба ин макони беодам кӯч бастааст. Ба рустое, ки дар байни Сиёҳкӯҳ ва Кабудкӯҳ ҷойгир аст. Сабабаш ҳам барномаи давлати Шӯравии собиқ барои рушди чорвопарварӣ дар Тоҷикистон буд.

Аксари мардум он солҳо ба нигоҳубини гӯсфандони совхоз ва зироаткорӣ машғул будаанд. Баъд аз пош хӯрдани Шӯравӣ ҳам барқ аз байн рафт, ҳам об ва ҳам роҳ. Фақат чорвопарварӣ монд. Номи деҳаашон қаблан Ҷетрган буд, баъдан ба Иттиҳод табдил доданд.

"Мо дар совхоз кор мекардем ва моро кӯчонда, ба Ҷетрган оварданд. Он вақт одам бисёр буд. Бо қубур аз дарёи Панҷ об кашониданд ва ду муҳаррики дизелӣ оварда, насб карданд. Барқ ҳам доштем. Аммо баъд аз пароканда шудани Шӯравӣ дигар на барқ монду на обу роҳ, ҳама валангор шуд ва зиндагиямон даҳсолаҳо боз ҳамингуна ҷараён дорад. Мо дар инҷо худро пир кардем", - гуфт мусоҳиби мо.

Сокинони деҳаи Иттиҳод дар ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара ба ҷуз аз гӯшт, тамоми маводи ғизоӣ ва ҳатто оби ошомиданиро аз ноҳияи Панҷ мехаранд. Барои ҳамин, ба ғайр аз чорвопарварӣ дигар коре карда наметавонанд.

Комютер ҳаст, барқ нест
Комютер ҳаст, барқ нест

Маҳмадқул Ҳалимов, сокини дигари деҳа, ки вазифаи обкаширо барои сокинон бар дӯш дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як рӯз ба деҳа 9 тонна оби ошомиданӣ меорад. Аз манбаи об то деҳаашон 25 километр роҳ аст ва арзиши як тонна об ҳам аз 80 то ба 100 сомонӣ мерасад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин деҳа ҳашт мошин ба обкашӣ машғул аст, "роҳи хуб нест ва бо як заҳмат об меорем. Рӯзе то се дафъа об меорем. Дар баробари набудани об аз қувваи барқ низ маҳрумем. Агар имкон ҳаст, кумак кунанд, ки мо ҳам соҳиби обу нирӯи барқу роҳ шавем", - гуфт мусоҳиби мо.

Дар деҳа ҳудуди 200 чоҳи об дида мешавад ва болои ҳар яке аз ин чоҳҳо пӯшонда шудааст. Сокинон мегӯянд, ҳар кадоме аз он соҳиб дорад ва дар онҳо дар як рӯз то 2 тонна оби шӯр ҷамъ мешавад. Оби онро танҳо барои гову молашон истифода мебаранд.

Сокинони деҳа то ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон нома навишта, хостаанд, ки барои ҳалли мушкили бебарқиашон мусоидат кунанд. Набуди роҳи дуруст мушкили умдаи дигари сокинон аст. Барои ҳамин, дар ҳар хона як мототсикли замони Шӯравӣ хидмат мерасонад ва молу колояшонро бо мототсикл ба ноҳияи Панҷ мебаранду мефурӯшанд. Сокинони деҳа телефони мобил кам доранд, чун мавҷи телефон ба деҳаашон намерасад.

Бобохон Қурбонов, сокини деҳа дар як баландӣ зиндагӣ мекунад ва ҳар рӯз мардум дар пеши хонаи ӯ ҷамъ мешаванд, чун мавҷи телефони ҳамроҳ дар онҷост. Ӯ мегӯяд, ҷавонони деҳа дар назди хонааш ҷамъ мешаванд ва бо пайвандону дӯстонашон дар берун аз ноҳия сӯҳбат мекунанд.

Мавҷи телефонҳои мобил на дар ҳамаи ҷои Иттиҳод ёфт мешавад
Мавҷи телефонҳои мобил на дар ҳамаи ҷои Иттиҳод ёфт мешавад

Ба гуфтаи Бобохон Қурбонов, сокинони деҳа, аз ширкати «Бабилон» дархост кардаанд, то антенна ё мавҷгиреро дар деҳа насб кунад, аммо то кунун ин кор амалӣ нашудааст. Бахти сокинони деҳа аз як ҷиҳат баландӣ кардааст. Барои фарзандони онҳо, ки дар вагон таҳсил мекарданд, 6 сол пеш мактаби нав сохтанд ва 250 нафар ҳоло ҷойи муносиби таҳсил доранд.

Дар ҳудуди деҳоти Иттиҳод 200 хонавода ба сар мебаранд. Деҳа аз маркази ноҳияи Данғара, зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 100 километр дуртар аст.

XS
SM
MD
LG