Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеи соли 2025 чӣ гуна хоҳад буд? ВИДЕО


Дар Душанбе тарҳе омода мешавад, ки тақдири пойтахтро то соли 2025 ҳал хоҳад кард. Тарҳи мазкур аз ҷониби тими шаҳрдори нави пойтахт Рустами Эмомалӣ таҳия мешавад, ки моҳи январ баъди 19 соли кори шаҳрдори пешин Маҳмадсаид Убайдуллоев сари кор омадааст.

Вебсайти шаҳрдори Душанбе мегӯяд, ки чунин тасмим бар пояи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5 апрели имсол гирифта шуда, дар таҳияи стратегияи рушд дар баробари сохторҳои дахлдори давлатӣ, инчунин созмонҳои ҷамъиятиву фаъолони пойтахт ширкат хоҳанд кард.

Маъмурияти нави Душанбе ният дорад барои пешрафти иҷтимоиву иқтисодии пойтахт як стратегияи тозае рӯи даст бигирад

Нашри ин даъват рӯзи 1 май сурат гирифт ва феълан маълум нест, ки оё пешниҳоде дар ин замина аллакай ба унвонии шаҳрдорӣ, ки имейлу телефони махсусро бо ин ҳадаф дар ихтиёри ҷомеа гузоштааст, ворид шудааст, ё на. Дар баробари таъсиси комиссиюн вижа, шаҳрдории Душанбе аз сокинони пойтахт дархост кардааст, ки “пешниҳодҳои созанда ва креативии“ худро ба унвонии маъмурияти пойтахт ироа кунанд.

Бинои пешини шаҳрдории Душанбе.
Бинои пешини шаҳрдории Душанбе.

Маъмурияти собиқи шаҳрдории Душанбе низ талош дошт аз наздик бо намояндагони ҷомеаи маданӣ ва журналистон дар тамос шуда, мушкилот, пешниҳод ва роҳҳалҳои масоили пойтахтро аз онҳо бишнавад. Бо ин вуҷуд, афроди начандон розӣ аз таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодии пойтахт, аз ҷумла дар чаҳорчӯби генплан тахриб шудани сохтмонҳои сохти шӯравӣ дар маркази Душанбе кам набудаанд.

Телефони боварӣ: Ба Рустами Эмомалӣ чӣ мегуфтед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Ин дар ҳолест, ки нақшаҳои тахриби бархе дигар биноҳои аз назари сокинони маҳаллӣ таърихии маъмуриву фарҳангӣ по бар ҷо будааст. Як манбаъ дар ҳукумат ба «Азия Плюс» гуфтааст, тасмими охир ин шудааст, ки сохтмони парлумони нав, ки эҳтимолан бо 200 миллион доллар пули Арабистони Саъудӣ бунёд мешавад, дар ҷои бинои вазорати кишоварзӣ, шаҳрдории пешин ва сафорати Эрон ва дар ҷои чойхонаи «Роҳат» маҷмааи нави ҳукумат бунёд хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ бо як пурсише ба таҳлилгарон ва ҳам сокинони собиқадори пойтахт муроҷиат кард, ки дар робита ба вазъи пойтахт чӣ назар доранд ва барои беҳбуди шаҳрашон чӣ пешниҳоде доранд? Георгий Кошлаков, собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистони Шӯравӣ ва ҳоло устоди донишгоҳ Душанберо шаҳри худ медонад ва мегӯяд, “бисёр чизҳо вақтҳои охир дар ин шаҳр ба ӯ писанд нест”.

Чойхонаи "Роҳат" дар маркази шаҳри Душанбе.
Чойхонаи "Роҳат" дар маркази шаҳри Душанбе.

Вай гуфт, “Душанбе шаҳри ман аст. Ман онро дӯст медорам. Агар саҳмгузорӣ дар рушди шаҳр дар дасти ман буд, ҳеҷ гоҳ маркази онро даст намекофтам. Бигзор марказ бо ҳамон биноҳои 3-4 ошиёнааш дар боқӣ мемонд”. Георгий Кошлаков, ки ихтисосаш муҳандиси кӯҳшинос аст, мегӯяд, сохтмони биноҳои баландошёна бо назардошти афзоиши аҳолӣ ҳатман зарур аст, аммо хуб мебуд ин қабил биноҳо на дар марказ, балки дар маҳаллаҳову канораҳои пойтахт қомат меафрохтанд. Кошлаков мегӯяд, муаллифони тарҳи рушди стратегии пойтахт бояд ба масъалаи сохтмони манзилҳои бисёрошёна, ба танзим даровардани системаи поккории шаҳр аз партовҳо, таъмини мунтазаму собити шаҳр бо нерӯи барқ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кунанд.

Георгий Кошлаков афзуд, ки “бунёди биноҳои баландошёна дар миёни биноҳои дигар оқибати хуб надорад. Шумо тасаввур кунед, дар як биное, ки 200 хона дорад ва дар ҳар хонавода 3 кӯдак бошад, ин дар маҷмӯъ 600 нафар зиндагӣ мекунад. Ин кӯдакон бояд дар куҷо бозӣ кунанд, футбол зананд? Дар мавриди тавоноии хатҳои барқ, қубурҳои об ва лифтҳо ҳоҷати гап ҳам нест.”

Душанбе аз пайи таҷрибаи Русия ширкатҳои мустақили хоҷагии манзили хонаҳои алоҳидаро таъсис дод, ки масъули тамизи назди хонаҳои баландошиёна ва бурдани партовҳо аст. Кошлаков ба ин андеша аст, ки дар Душанбе ин таҷриба ноком шуд ва ин бахш ба ислоҳот ниёз дорад. Пешниҳоди мансабдори собиқ ин аст, ки ин соҳаи серхарҷ бояд аз ҷониби худи давлат назорат ва маблағи мардум ҳам ба буҷаи давлат пардохт шавад.

Бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Дархост ва даъват барои ҳифзи сохтмонҳои боқимонади таърихи шӯравии Тоҷикистон дар маркази Душанберо дигар ҳамсӯҳбатони мо ҳам такрор карданд. Таърихшиноси тоҷик Ғафур Шерматов тарадори ин аст, ки симои шаҳр на дар маркази маъмурии пойтахт, балки дар маҳаллаҳои дурафтодаи аҳолинишин ва ниёзманд ба навсозӣ ислоҳ шавад. Вай гуфт: “Машварати аввалини ман, ин нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва биноҳои таърихӣ аст. Бигузор шаҳри нав дар қишлоқҳои даруни пойтахт ба мисли маҳаллаҳои Яккачинор сохта шавад”.

Айни замон, гуфт ӯ, маъмурият бояд ҷиддан ва пеш аз дигар масъалаҳо ба ислоҳоти соҳаи нақлиёт иқдом кунад. Вай гуфт, ҳаракаи нақлиёти мусофирбар «хараҷу мараҷи» зиёд дорад, сокинон аз тағйироти пайваста дар масири ҳаракати маршруткаҳо сардаргуманд ва бояд ҷадвали ҳаракати нақлиёт ҳам ҷорӣ ва амалӣ шавад. Ин таърихдон гуфт, аз ибтикори шаҳрдорӣ ҷиҳати тармими хиёбон ва нимпайкараи Мироненко дар Душанбе хеле хушнуд аст ва пешниҳод дорад, ки шаҳрдорӣ вазъи ҳамаи ҳайкалҳои пойтахтро омӯхта вобаста ба талабот онҳоро таъмир кунад.

Дар ҷои бозори маъруфи "Баракат" театр сохта мешавад.
Дар ҷои бозори маъруфи "Баракат" театр сохта мешавад.

Ба фарқ аз сокинони калонсол, насли ҷавони пойтахт ҷонибдори роҳандозии тарҳҳои модерн ва пешрафта дар Душанбе ҳастанд. Шавкат Қодиров, як ҳуқуқдони ҷавон пешниҳод дорад дар Душанбе нуқтаҳои нерӯдиҳандаи мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо бунёд шавад.

“Ҳоло ҳама ширкатҳои бузурги ҷаҳон ба истеҳсоли мошинҳое пардохтаанд ки бо нерӯи барқ ҳаракат мекуанд. «Мерседес», БМВ, «Тесла» чунин мошинҳоро ба бозор арза кардаанд. Дар кӯчаҳои пойтахт мошинҳои гаронарзиши бисёре ба чашм мехӯранд ва аз ин бармеояд, ки шаҳрвандлни мо имкони харидории чунин мошинҳоро низ доранд. Бо назардошти ин хуб мебуд, ки дар нақша рушди пойтахт бунёди чунин марказҳои нерудиҳанда ба инобат гирифта шавад ва бо назардошти ин имконият, сокинон низ мошинҳои барқиро харидорӣ кунанд”.

Даъвати шаҳрдории Душанбе барои арзи хостҳову пешниҳодҳои сокинони пойтахт баъди он карда шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласа бо иштироки фаъолони пойтахт дар моҳи феврали имсол ба шаҳрдори нав Рустами Эмомалӣ тавсия дода буд, ки дар кори ҳамарӯзааш бештар бо мардуми оддӣ дар тамос буда, аз ҳарфи дили онҳо огаҳ бошад.

Даъват ба тамоси наздик бо мардум ва шунидани интиқод аз вазъи шаҳр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам зиёд ба назар мерасад ва бархе ҳамкорони шаҳрдори собиқ аз миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, танҳо дар сурати ошкору боз будани тамосҳои Рустами Эмомалӣ бо мардум метавонад барои ислоҳи вазъ мусоидат кунад.

XS
SM
MD
LG