Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон саъй дорад, аз номгузории такрор ба такрори кӯча ва маҳаллаву шаҳраку деҳот ҷилавгирӣ кунад, ки ба қавли масъулони ин ниҳод боис ба сардаргумӣ шудааст. Бар асоси омори Кумитаи забон, танҳо Гулистон дар 41 ҷамоату деҳот номгузорӣ шудааст, Ваҳдат дар 31 маврид, Истиқлол дар 25 ва Навобод дар 23.
Барои иваз кардани ҳуҷҷатҳо пули зиёд сарф намешавад. Иваз кардани ҳуҷҷатҳо бар асоси нархнома сурат мегирад, масалан, барои сарфи коғаз ва ё фақат барои боҷ пул гирифта мешаваду бас.Муҳаммадии Салим
Абдураҳими Зулфониён, сардори раёсати Кумитаи забон, 28 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло рӯйхати номи шаҳраку деҳот ва кӯчаҳои кишварро таҳия доранд ва номҳои такрорӣ бозбинӣ хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, мақомоти маҳаллӣ исми таърихиро бо номҳои серистифода иваз карда, аз сӯи дигар барои сокинон дар таҳияи ҳуҷҷатҳо дардисар эҷод намудаанд.
"Аз Истаравшан нома гирифтем, ки Сандуғундак бо Истиқлол иваз шудааст. Ҳол он ки Ғунд аз калимаҳои қадимии тоҷикӣ ба шумор меояд. Ё дар ноҳияи Панҷакент деҳаи Ғарибакро ба Озодагон иваз кардаанд, дар ҳоле ки Ғарибак калимаи суғдӣ аст ва ба маънои ғарибу бечора нест", - афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Дар ҳоле таваҷҷуҳ ба номгузории Истиқлолу Ваҳдат афзоиш ёфтааст, ки қаблан номи Исмоили Сомонӣ ва Сомониён аз исмҳои серистифода барои сокинону ширкатҳо ва маҳаллаҳо буд. Мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, дар се соли охир исми бештар аз 130 кӯчаву хиёбон ва ҷамоатро иваз кардаанд, вале бештари онҳо решаҳои туркӣ доштанд.
Муҳаммадии Салим, раҳбари бахши робита бо ҷомеаи ҳукумати ноҳияи Рудакӣ, гуфт, "масалан, ба ҷои Оқбулоқ, Косабулоқ, Минботма Шурманқа, Шуртуғай ва Туркибулоқ номҳои Шаббода, Намозгаҳ, Сафедчашма, Гули Бодом ва Сайёд гузошта шудаанд".
Ӯ дар идомаи суҳбаташ хароҷоти ивази ҳуҷҷати сокинонро баъди табдили номи шаҳраку ҷамоат ночиз донист ва афзуд, "барои иваз кардани ҳуҷҷатҳо пули зиёд сарф намешавад. Иваз кардани ҳуҷҷатҳо бар асоси нархнома сурат мегирад, масалан, барои сарфи коғаз ва ё фақат барои боҷ пул гирифта мешаваду бас."
Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, ҳамагуна табдили номи маҳалли зисти онҳо бо мушкил ҳамроҳ будааст. Аз ҷумла, як ҳамсуҳбати мо гуфт, ки иваз кардани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон натанҳо пули зиёд, балки вақти зиёд мехоҳад. Гузашта аз ин, дар харитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Харитаи Гугл кӯчаву маҳалҳои Тоҷикистон бо номҳои қадимӣ сабт шуда ҷустуҷӯи онҳо аз сӯи хориҷиёнро мушкил мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пештар аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод, аз ҷумла бузургтарин вилоят, ки Ленинобод буд, номи қадимаи Суғдро гирифт. Ноҳияи Нов ба Спитамен, Пролетар ба Ҷаббор Расулов иваз шуда, Табошаҳр номи Истиқлолро гирифтааст. Ноҳияи Куйбишеви пешин ҳоло номи Абдураҳмони Ҷомиро дорад.
Тасмими тағйири номҳои деҳоту маҳаллаҳо дар Тоҷикистон, тарафдор доранд, вале мухолифони ин гуна тасмимҳо низ кам нест. Ин мухолифон мегӯянд, ки номҳое, ки аз қадим омадаанд, таърихи ба вуҷуд омадани ҳамон маҳалро дар худ доранд ва бояд бимонанд.
Гурӯҳи дигар мегӯяд, қарорҳои ҳукумат барои тағйири ном мисли он аст, ки хонаи вайронаеро берунашро тармим мекунанд ва дар дохилаш на об дорад, на барқ ва на шароите барои зиндагӣ. Ба гуфтаи мухолифон, ба ҷойи тағйири ному харҷи изофӣ барои таҳияи санадҳои наву ислоҳ кардани харитаҳо беҳтар аст, “Бунгакиён” бо ҳамон номаш монад, вале барои ҷавонони бекораш ҷойи кор муҳайё созанд.