Абдувалӣ Комилов, раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон рӯзи чоршанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "то ҳол Генплан ё Нақшаи кулли нав қабул нашудаааст ва сохтмону меъморӣ бар асосии Генплани тасдиқшуда дар соли 1983 анҷом мешавад".
Вай дар мавриди бунёди иншооти нав дар маҳалли Почтами қаблӣ гуфт, ин тарҳ ҳанӯз қабул нашудааст ва дар бораи мувофиқати он ба Генплан, сухан гуфтан ҳанӯз зуд аст.
Ҳамзамон ҷаноби Комилов хабар дод, ки порлумон дар оянда аз бинои феълии он, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, ба ҷойи дигар тарки макон хоҳад кард ва дар ин биноҳо вазорату идораҳои дигари давлатӣ мустақар хоҳанд шуд. Аммо бо ин ҳам раиси Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ дар бораи маҳали нави бинои порлумон изҳори назар накард.
Ин дар ҳолест, ки вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ аз бинои шафати порлумон ба бинои наве, ки дар рӯ ба рӯи Кохи Миллат сохта шуд, кӯч баст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави вазорати корҳои хориҷӣ аз ҳудуди се соли пеш ҷараён дошт ва маросими расмии ифтитоҳи бинои нав ба таърихи 15 марти соли ҷорӣ баргузор шуд. Бинои нави вазорати корҳои хориҷӣ аз 8 табақа ва бо меъмории замонавӣ сохта шудааст, ки бар иловаи утоқҳои корӣ, аз толору нишастҳои бошукӯҳ барои қабули меҳмонон ва баргузории нишастҳои хабариву, ҳамоишҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иборат аст.
Матраҳ шудани ин мавзӯъ аз ҷониби раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар ҳолест, ки тахриби шудани биноҳои қадима дар пойтахт, ки аҳамияти таърихӣ доранд, миёни сокинон сару садоҳоеро ба миён овардааст.
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД