Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осорхонаи Гурминҷ ҳам ба "Генплан" афтод


Бинои шаҳрдории Душанбе
Бинои шаҳрдории Душанбе

Ҳукумати шаҳри Душанбе бо як қарор “Генплан” ё нақшаи умумии бозсозии пойтахти кишварро тасдиқ кард, вале гуфта мешавад, ки ин нақша барои огоҳ кардани соҳибмулкон аст ва шикастани биноҳо ҳанӯз шурӯъ намешавад.

Дар феҳристе, ки ба ин қарор замима шудааст, 34 бино, аз ҷумла вазорати кишоварзӣ, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, додситонии шаҳри Душанбе, «Тоҷиктелеком», сафорати Эрон, осорхонаи Гурминҷ Завқибеков ва теъдоди зиёди биноҳои истиқоматӣ зикр шудаанд. Тавре масъулони тарҳ мегӯянд, дар меҳвари ин нақша сохтмони бинои нави Маҷлиси Олӣ қарор дорад, ки дар шафати кӯчаи Рӯдакӣ бунёд хоҳад шуд.


"Генплан"-и нави Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00
Линки мустақим


Файзулло Искандаров, мудири шӯъбаи меъмории ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки мехоҳанд ин биноҳоро аз нав созанд ё харидуфурӯш кунанд, бояд мутобиқи ин қарори ҳукумати шаҳр амал кунанд. Вале дар ин қарор истисноҳо ҳам ҷой доштаанд: «Танҳо сохтмони ду-се бино манъ мешавад, ки он ҳам ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор дорад. Ва ин ҳам вобаста аз он аст, ки он чӣ гуна бино мешавад ва аз чандошёна иборат хоҳад буд?»


Ҷӯра Латифов
Ҷӯра Латифов
Аммо соҳибназарон бар инанд, ки ҳифзи биноҳои таърихӣ барои наслҳои баъдӣ хеле муҳим аст. Ҷӯра Латифов, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ки замони шӯравӣ ба ҳайси раиси яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ёвари раҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов фаъолият кардааст, мегӯяд, «албатта, ин сохтмонҳо барои ба вуҷуд овардани як ансамл дар майдони «Дӯстӣ» сохта мешаванд. Аммо дар кишварҳои дигар вақте мехоҳанд маркази нави шаҳрро бунёд кунанд, онро дар ҷои дигар месозанд. Масалан, Алмаато буд, аммо Остонаро сохтанд, Деҳлӣ буд, Деҳлии нав сохтанд. Дар кишварҳои Аврупо низ чунин аст.»

Ин дар ҳолест, ки “Генплан”-и Душанбе чанд сол боз дар пойтахт сарусадоҳои мухталиферо ба вуҷуд оварда, мардумро аз харидани ҳавливу манзил дар шаҳр манъ мекунад. Бисёриҳо метарсанд, ки мабодо ҳавлие ки бо пули ҳангуфт мехаранд, баъди чанде ба “Генплан” биафтад ва пули онҳо бисӯзад.

Аммо бисёре аз сокинони кӯҳансол тахриби биноҳои пешинро хуш надоранд, зеро ин кор, ба ақидаи онҳо, аз рӯйи қонун ва инсоф амалӣ намешавад. Сабоҳат Мӯъминова, як сокини пойтахт мегӯяд, «дар як ҳавлӣ ду-се келин зиндагӣ мекунанд. Онҳоро ба як хонаи чандҳуҷрадор кӯчонда намешавад. Байнашон ҷангу ҷанҷол мешавад. Ё барои ҳар кадомашон хонаи алоҳида диҳанд, ё маблағе диҳанд, ки ба он барои ҳар кадоме хона харида шавад."

Аммо ба гуфтаи Файзуло Искандаров, ҳанӯз лоиҳа тасдиқ нашудааст ва ҷузъиёти ин қабил масъалаҳо баъди тасдиқ шудани тарҳ рӯшан ва ба шаҳрвандон хабар дода хоҳад шуд. Ҳамчунин куммиссиюне таъсис дода мешавад ва он муайян мекунад, ки шаҳрвандон мехоҳанд хонаро фурӯшанд ё бар ивазаш манзил гиранд. Масъулон итминон медиҳанд, ки баробар ба арзиши манзилашон ба шаҳрвандон манзил дода ва ё маблағи хона пардохта мешавад.
Тавре мақомот мегӯянд, нақшаи куллии пойтахт ҳанӯз соли 1984 ва шакли таҳриршудааш дар соли 2006 тасдиқ шудааст. “Генплан”-им нави Душанбе дар пажӯҳишгоҳи “Гипрогор”-и Маскав таҳия мешавад.


Рӯйхати хонаҳое ки тахриб хоҳанд шуд


Замима ба
Қарори Раиси шаҳри Душанбе
№440-2 аз 23.07. 2013

Руйхати бинову иншоотҳои кам ва миёнаошёнаи бартарафшаванда дар ҳудуди қисмати шарқии хиёбони Рӯдакӣ аз бурриш ба кӯчаи Теҳрон то бурриш ба кӯчаи Шотемур, қисмати ҷанубии кӯчаи Шотемур аз бурриш ба хиёбони Рӯдакӣ то буриш ба кӯчаи Пушкин, қисмати ғарбии кӯчаи Пушкин аз буриш ба кӯчаи Шотемур то буриш ба кӯчаи Теҳрон ва қисмати шимолии кӯчаи Теҳрон аз буриш ба кӯчаи Пушкин то буриш ба хиёбони Рӯдакӣ

№р/т Суроға
(номгӯи хиёбон, кӯча ва рақами бино)
Таъиноти бинову иншоотҳои мавҷуда ошёна
1 2 3 4
1 Рӯдакӣ, 64
Бинои истиқоматии бисёрквартирадор 3 ошёнаи дорои мағоза дар ошёнаи 1
2 Бохтар, 8/3
Бинои «Точиктелеком», 2 ошёна
3 Бохтар, 46 Бинои истиқоматии бисёрквартирадор (соҳибмулк Мамедов Ф.) Тибқи лоиҳа сохтмони 14 ошёна пешбинӣ карда шудааст
4 Рӯдакӣ, 62
Бинои истиқоматии бисёрквартирадор 4 ошёнаи дорои мағоза дар ошёнаи 1
5 Бохтар, 48
Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
6 Рӯдакӣ, 60/2 Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
7 Рӯдакӣ, 60 Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
8 Рӯдакӣ, 60/6 Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
9 Бохтар, 44 Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
10 Бохтар, 38/1 Бинои раёсати муҳофизати ғайриидоравӣ 2 ошёна
11 Бохтар, 42 «а» Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
12 Бохтар, 40 Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
13 Бохтар, 40 Бинои истикоматӣ 1 ошёна
14 Рӯдакӣ, 58/1 Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
15 Рӯдакӣ, 38/1
Бинои истикоматии 3 ошёнаи дорои мағоза дар ошёнаи 1
16 Пушкин, 39 Бинои истикоматӣ 1 ошёна
17 Пушкин 36 «а» Бинои истикоматӣ 1 ошёна
18 Пушкин, 14
Бинои маъмурӣ ва дафтарҳои корӣ 1 ва 2 ошёна
19 Бохтар, 23
Бинои маркази фалак (осорхонаи
Г. Завқибеков)
1 ошёна
20 Бохтар, 25,
Бинои суди Исмоили Сомонӣ 2 ошёна
21 Бохтар, 14/1
Бинои маркази варзишии «Таеквандо», 1 ошёна
22 Бохтар,14/2 Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
23 Бохтар, 21
Бинои маркази варзишии «Таеквандо» 1 ошёна
24 Бохтар Биноиистикоматӣ 1 ошёна
25 Пушкин, 12
Бинои истикоматӣ 2 ошёна
26 Бохтар
Бинои мағоза 1 ошёна
27 Бохтар Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
28 Бохтар Бинои истиқоматии 1 ошёна
29 Ш. Руставели, 27 Бинои каҳвахона
30 Ш. Руставели, 16 Бинои истикоматӣ 2 ошёна
31 Теҳрон, 34
Бинои прократураи шаҳри Душанбе 2 ошёна
32 Бохтар, 18
Бинои сафоратхонаи Эрон 2 ошёна
33 Ш. Руставели, 5 Бинои истиқоматӣ 1 ошёна
34 Рӯдакӣ, 44 ва 46 Бинои вазорати кишоварзӣ Ч.Т. 2 ва 4 ошёна
XS
SM
MD
LG