Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путинро барои 1,75 миллиард $ кӯмак ба домодаш ба додгоҳ додаанд


Кирилл Шамалов ва Владимир Путин
Кирилл Шамалов ва Владимир Путин

Раҳбари Сандуқи мубориза бо фасод ва яке аз сарони мухолифини Русия Алексей Навалний раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро ба фасод айбдор карда, алайҳи ӯ ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Раҳбари Сандуқи мубориза бо фасод ва яке аз сарони мухолифини Русия Алексей Навалний алайҳи раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин ба додгоҳи минтақаи Тверскойи шаҳри Маскав шикоят бурдааст. Навалний дар аризаи даъвоияш навиштааст, ки Путин бо ироаи 1 миллиарду 750 миллион доллар ба домодаш Кирилл Шамалов қонун “Дар бораи муқобила бо фасод”-ро поймол кардааст.

Алексей Навалний рӯзи 11 феврал дар ин бора дар сомонааш хабар дода, навиштааст, ки “Путинро ба додгоҳ додам ва бовар дорам, ки мурофиаро мебарам.”

Дар аризаи даъвоияш Навалний раисиҷумҳур Путинро ҷониби ҷаводгар нишон додааст. Ба гуфтаи раҳбари Сандуқи мубориза бо фасод, домоди Путин – Кирилл Шамалов – бо кӯмаки падарарӯсаш барои барномаҳои ширкати “Сибур”, ки ӯ яке аз моликонаш ба шумор меравад, ба маблағи 1 миллиарду 750 миллион доллар сармоягузории давлатиро бо фоизҳои боимтиёз ба даст овардааст.

Навалний менависад, “баъди онки Кирилл Шамалов, яъне домодаш саҳомдори “Сибур” шуд, Владимир Путин, яъне падарарӯс, хеле “Сибур”-ро дӯст дошт. Ба андозае дӯст дошт, ки шахсан дар бораи ба ин ширкат додани 1,75 миллиард доллар аз Сандуқи некӯаҳволии миллӣ қарор баровард.”

Ба ақидаи ин сиёсатмадори мухолиф, Владимир Путин бо ин “кӯмак” дар амал “як қисми некӯаҳволии мардуми Русияро шахсан ба домодаш супурд. Ӯ ба ин ҳақ дошт? Аз нигоҳи қонун, бале. Ӯ чунин ҳуқуқ дошт, вале мебоист дар бораи бархӯрди манфиатҳо хабар медод.”

Навалний мӯътақид аст, ки раисиҷумҳур Путин, ки ӯ ҳамчун “ҷавобгар” номаш мебарад, бо ироаи чунин маблағи бузург ба домодаш қонуни федеролӣ “Дар бораи муқобила бо фасод”-ро поймол кардааст: “Ва гуфтанист, ки ӯ ин қонунро на аз нигоҳи сиёсӣ, на комилан, балки хеле мушаххас ва шахсан поймол ардааст. Ба ҳамин далел ман аз додгоҳ мехоҳам, ки ӯро ба ислоҳи ин қонуншиканиаш маҷбур кунад.”

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, ки Путин дар бораи алайҳаш ба додгоҳ муроҷиат кардани Навалний ҳанӯз хабар надорад.

Бори аввал дар бораи издивоҷи Кирилл Шамалов бо духтари хурдии Путин – Катерина Тихонова – хабаргузориии Ройтерс дар моҳи ноябри соли 2015 хабар дода буд. Ин хабаргузорӣ ҷамъи сарватҳои ин зану шавҳарро 2 миллиард доллар баровард кардааст. Бахши аъзами сарватҳои ин оила 21 дарсад саҳмияҳои ширкати “Сибур” аст, ки ба Шамалов тааллуқ доранд. Бино ба иттилои Ройтерс, Шамалови хурдӣ ин саҳмияҳоро аз Геннадий Тимченко, дӯсти қадимаи раисиҷумҳури Русия, ба даст овардааст.

Катерина Тихонова - духтари Путин
Катерина Тихонова - духтари Путин

Кирилл Шамалов ва ҳамсараш ба ҷуз аз саҳмияҳои “Сибур” ҳамчунин дар Биаритси Фаронса як виллаи чорқабата доштаанд. Ин қасри бузурги сохти солҳои 50-умро низ Шамалов аз ҳамон Тимченко, ки “хазинадор”-и Путин ҳам номаш мебаранд, харидааст.

Кирилл Шамалов, писари Николай Шамалов, дӯсти дигари Путин аст, ки яке аз саҳмдорони умдаи бонки “Россия” маҳсуб мешавад. Ҳукуматдорони Амрико ин бонкро бонки марбут ба раҳбарони аввали Русия медонанд.

Алексей Навалний 40 сол дошта, аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Путин ба шумор меравад. Дар соли 2013 додгоҳе дар вилояти Киров Навалнийро бо ҷурми дуздии моликияти ширкати давлатии “Кировлес” ба 5 соли зиндон маҳкум кард, вале баъди як рӯзи боздошт ӯро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздошт раҳо карданд. Навалний ва тарафдоронаш ин ҳукми додгоҳро сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, ки ҳукумати Путин ба ин васила аз Навалний барои муборизаҳои сиёсиаш ва матлабҳое, ки дар бораи фасоди густарда дар сутуҳи баландтарини ҳукумати Русия нашр мекунад, интиқом мегиранд.

Сандуқи мубориза бо фасоди Навалний аз ҷумла дар моҳи декабр дар бораи империяи тиҷоратии писарон ва ҳамсари додситони кулли Русия Юрий Чайка гузориши муфассале нашр кард. Ин гузориш хашми мақомоти Русияро барангехт.

XS
SM
MD
LG