Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Путин аз паси парда берун мешавад


Катерина Тихонова ва Кирилл Шамалов
Катерина Тихонова ва Кирилл Шамалов

Хабаргузории Reuters ба истинод ба Андрей Акимов, бонкдори Русия ба хешу табории Катерина Тихонова ва Владимир Путин ишора кардааст.

Хабаргузории Reutersба истинод ба Андрей Акимов, бонкдори Русия ба хешу табории Катерина Тихонова ва Владимир Путин ишора кардааст. Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки омода аст барои тасдиқи ин иддао навори садоӣ ё аудиоиро пешниҳод кунад.

Бар асоси таҳқиқоти Reuters, дар пайи ба қудрат расидани Владимир Путин дар Русия бештари дӯстони ӯ соҳиби сармояи ҳангуфте шудаанд. Аммо Путин дар ин миён истисно будааст.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Владимир Путин даромади солонаи худро 7,65 миллион рубл арзёбӣ кард. Ӯ соҳиби ду манзили на чандон калон дар бинои бисёрошёна ва гараж аст.

Вале сармояи духтараш Катерина ба маротиб бештар буда, тибқи таҳқиқоти Reuters ӯ бо мусоидати дӯстони раиси ҷумҳури Русия ба чунин сармоя даст ёфтааст.

Андрей Акимов, сардори раёсати Газпромбанк ба Reuters гуфтааст, Катеринаро, ки ҳоло 29 сол дорад, дар кӯдакӣ дида ва ҳоло ӯ таҳти исми хонаводагии Тихонова зиндагӣ мекунад. Катерина Кирилл Шамалов, писари Николай Шамалов, дӯсти Путинро шавҳар мехонад. Николай Шамалов саҳмдори бонки “Россия” маҳсуб мешавад. Ҳукуматдорони Амрико ин бонкро бонки мақомоти Русия медонанд.

Дмитрий Песков, сухангӯйи раиси ҷумҳури Русия, иттилои хабаргузории Reuters-ро рад кардааст. Ба дунболи Песков дафтари матбуоти Газпромбанк низ ин иттилоро такзиб карда ва гуфтааст, ҷаноби Акимов, ки дар сафари хидматӣ дар Чин қарор дорад, хабари Reuters-ро “бо тааҷҷуб ва хашм” қироат кардааст.

Қасри Кирилл Шамалов дар Фаронса
Қасри Кирилл Шамалов дар Фаронса

Дар посух намояндагони Reuters ба хабаргузории РБК гуфтаанд, ки “сӯҳбати Акимовро сабт карда” ва онро бидуни таҳрир истифода кардааст.

Ба эътиқоди таҳлилгарони молӣ, сармояи Кирилл ва Катерина ҳудуди 2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Бахши ин сармояро саҳмияи ширкати бузурги нефту кимиё ташкил медиҳад, ки Кирилл Шамалов аз Геннадий Тимченко, дӯсти дерини Путин харидорӣ кардааст. Ҳамчунин, қасре бо арзиши 3,5 миллион доллар дар шаҳри фароғатии Биартиси Фаронса ба ин ду ҷавон тааллуқ мегирад. Ин манзилро низ Кирилл Шамалов аз Геннадий Тимченко харидорӣ кардааст.

Катерина Тихонова раёсати тарҳи “Иннопрактика”-ро дар Донишгоҳи Маскав ба ӯҳда дорад. Дар чорчӯби ин тарҳ Катерина бо чандин ташкилотҳои давлатӣ қарордодҳоеро бо маболиғи миллионҳо доллар имзо кардааст. Ҳамчунин, ӯ иҷрои тарҳи бозсозии Донишгоҳи Маскавро ба зимма дорад, ки арзишаш 1,7 миллион доллар аст.

Мария, духтари калони Путин низ бо Донишгоҳи Маскав робита дорад. Ӯ факултети тибби асосии ин донишгоҳро бо ихтисоси эндикринолог хатм кардааст. Ҳар ду духтари Путин, Кирилл Шамалов ва Геннадий Тимченко аз ибрози назар дар мавриди масоили марбута худдорӣ карданд.

Алексей Навалний, аз раҳбарони гурӯҳи мухолифони Путин дар мусоҳиба бо Reuters вазъи мавҷударо “системаи навини феодалӣ” хондааст. Навалний мегӯяд: “Дар Русия роиҷ аст, ки бонкҳои кишварро фарзандони мақомоти баландпояи амниятӣ раҳбарӣ мекунанд. Бештари онҳо ба ҳангоми таъйин ба ин мақомҳо синнашон зери 50 сол аст. Ин мақомҳо ба онҳо ба мерос расидааст. Таҳдиди аслӣ он аст, ки дар оянда захоири аслии Русия ба дасти 5-7 оила хоҳад гузашт”.

Дмитрий Песков, сухангӯйи Владимир Путин ба суоли Reuters, ки “Катерина Тихонова духтари Путин ва ҳамсари Кирилл Шамалов аст ё на?”, гуфт: “Ман дар бораи зиндагии хусусӣ, вазъияти оилавӣ, равобити хешу таборӣ, фаъолияти илмию омӯзишӣ ё тарҳҳои мушаххаси хонуми Тихонова ва афроди дигаре, ки дар номаи шумо зикр шудааст, иттило надорам. Ахиран дар атрофи хонаводаи Путин овозаҳо зиёд аст. Аммо дар онҳо мизони ҳақиқат ночиз аст”.

Пас аз он, ки дар соли 2000 Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия интихоб шуд, Катерина муддати тӯлонӣ пушти парда қарор дошт. Соли 2011 Путин дар мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, ки Катерина дар Донишгоҳи Санкт-Петербург дар ришта ховаршиносӣ таҳсил карда, тахассусаш донандаи забон ва таърихи Ҷопон аст.То замоне, ки хабарнигор ва блоггер Олег Кашин дар бораи корманди Донишгоҳи Маскав будан ва исми хонаводагии Тихоноваро доштани Катерина матлабе интишор накард, дар мавриди зиндагии хусусии ӯ маълумот кам буд. Гӯё ин исми бибии модариаш Екатерина Тихонова будааст.

Тибқи иттилои расмии торнамои Донишгоҳи Маскав, Катерина Тихонова дар факултети механикаю математикаи Донишгоҳи Маскав фаъолият карда, дар таҳияи китоби дарсии математика ширкат доштааст ва муаллифи ҳадди ақал 6 мақолаи илмӣ будааст. Мақолаҳои илмиаш ба бахши тибби кайҳонӣ ва вокуниши организми инсон ба ҳолати бевазнӣ марбут аст. Бештари корҳои илмии Катерина дар ҳаммуаллифӣ бо Виктор Садовничий, раиси Донишгоҳи Маскав чоп шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Донишгоҳи Маскав аз Катерина ба унвони “муҳаққиқи бомаҳорат” ном мебарад.

Дар моҳи майи соли 2013 Катерина Тихонова раиси бунёди ғайритиҷоратии “Рушди ақлонии миллӣ”, ки ба Донишгоҳи Маскав марбут аст, таъйин шуд. Ин ниҳод иҷрои тарҳи “Иннопрактика”-ро ба ӯҳда дорад.Сергей Чемезев ва Николай Токаров, афсарони пешини Кумитаи амнияти миллӣ (КГБ) ва ҳамкорони собиқи Путин дар Олмони Шарқӣ аз ҷумлаи кормандон ва мушовирони тарҳ маҳсуб мешаванд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ Катерина Тихонова муовини проректори Донишгоҳи Маскав таъйин шуд. Рӯшан нест, ки дар ин мақом маош мегирад ё на. Дар торнамои донишгоҳ номи ӯ дар миёни кормандон дида намешавад.

Маълумот дар бораи равобити эҳтимолии Катерина Тихонова ва Кирилл Шамалов дар моҳи марти соли ҷорӣ дар хабарҳои шабакаи РБК ТВ ва блоги Олег Кашин пайдо шуд.Бар асоси таҳқиқи Reuters, ин ду ҷавон ба Швейсария сафар карда ва Катерина дар ин сафар худро “ҳамсар”-и Шамалов муаррифӣ кардааст.

Дар муқоиса бо насли ҷавони элитаи Русия Владимир Путин тибқи маълумотномаи даромадаш шахси миёнаҳол маҳсуб мешавад. Ӯ дар Маскав ва Петербург манзил дорад. Дар маълумотномаи ӯ амволе дар хориҷи кишвар вуҷуд надорад.Сухангӯйи раиси ҷумҳури Русия борҳо хабари доштани қаср ё виллаи бузург дар соҳили Баҳри Сиёҳро, ки расонаҳо ба он “Қасри Путин” ном гузоштаанд, рад кардааст. Соли гузашта Reuters хабар дода буд, ки бахше аз маболиғи сохтмони ин қасрро Николай Шамалов, падари Кирилл, домоди тахминии Путин пардохт кардааст.

Мария, духтари калони Путин дар пушти парда қарор дошта, бино ба иттилои Reuters ӯ 30 сол дошта бо Йоритт Йоост Фассен, соҳибкори ҳолландӣ издивоҷ кардааст. Иттилои бештаре дар ин замина вуҷуд надорад.

Шавҳари Мария аввал дар Газпромбанк фаъолият карда ва аз моҳи августи соли ҷорӣ дар гурӯҳи консалтингии ё машваратии “МЭФ Аудит” ба ҳайси муовини раис кор мекунад.

XS
SM
MD
LG