Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардҳои Путин - мояи баҳси Кремл бо Кохи Сафед


Кремл изҳори назари намояндаи Кохи Сафед дар бораи фасодзада будани Владимир Путинро “таҳқир” номид ва гуфт, аз маъмурияти Барак Обама шарҳ мехоҳад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз изҳори назари намояндаи Кохи Сафед хабар дорад ва чунин лаҳни сӯҳбатро барои як намояндаи расмии давлати Амрико ғайриқобилиқабул мешуморад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин рӯзи 29 январ гуфт, “чунин таҳқирҳо ба унвони як раҳбари давлат беасосанд ва ин чунон яқин аст, ки ростӣ, ҳатто ба таҳлил кашиданаш як кори мушкил аст. Барои мо ҳатто мутлақо ғайри қобили тасаввур аст, ва росташро гӯям, агар, барои мисол, ман чунин таҳқирро дар ҳаққи раисиҷумҳури Амрико раво бубинам, маро барканор мекунанд.”

Рӯзи 28 январ Ҷош Эрнст, сухангӯи маъмурияти Барак Обама аз арзёбии вазорати молияи Амрико, ки Владимир Путинро фасодзада номид, ҷонибдорӣ кард. Эрнст гуфт, ҳукумати Амрико “чандин сол боз” инро медонад. Ӯ гуфт, изҳори назари вазорати молия дар бораи фасодзадагии Владимир Путин мутобиқ бо дидгоҳи маъмурияти Барак Обама мебошад.

Дмитрий Песков дар посух гуфт, дар Кремл умедворанд, ки маъмурияти Барак Обама дар мавриди ин изҳорот “шарҳ” хоҳад дод.

Дар ибтидои ҳафтаи ҷорӣ шабакаи телевизионии ББС филми мустанадеро бо номи "Putin's Secret Riches" (“Сарватҳои пинҳонии Путин”) дар бораи дар фасод нақши мустақим доштани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин нашр кард. “Сарватҳои пинҳонии Путин” раҳбари Русияро яке аз сарватмандтарин афрод дар дунё ва тарзи зиндагии ӯро ҳамсони зиндагии пургукӯҳи шоҳзодаҳои Саудӣ тасвир мекунад.

Дар ин филм аз қавли Адам Шубин, намояндаи вазорати молияи Амрико дар бораи моликияти шахсие, ки Путин дорад, низ сухан мерафт. Адам Шубин аз ҷумла гуфт: “Мо назорра мекардем, ки ӯ чигуна бо истифода аз қарордодҳои давлатӣ, барои сарватманд шудани дӯстону муттаҳидонаш ва бастани роҳи онҳое, ки мавриди эътимодаш набуданд, мусоидат мекард. Ба назари ман, инҷо ба таври ошкоро фасод дида мешавад.”

Сиёсатшиноси рус Станислав Белковский дар филми ББС бо истинод ба манобеи худ ҷамъи сарватҳои дар 15 соли раҳбарияш ғундоштаи Путинро 40 миллиард доллар баршумурд.

Дар филми “Сарватҳои пинҳонии Путин” ҳамчунин як силсила қасрҳо, яхтаҳо ва заминҳое намоиш дода шуданд, ки бино ба овозаҳо, ба Путин тааллуқ доранд. Ҳамчунин аз дӯстони Путин, ки дар даврони раёсаташ соҳиби миллиардҳо доллар шуданд, ёдоварӣ шудааст. Дар ин хайли мардуме, ки бо “шарофат” ё “лутф”-и Путин миллиардер шудаанд, аз ҷумла бародарон Ротенбергҳо, Роман Абрамович, Геннадий Тимченко, Игор Сечин (раҳбари ширкати “Роснефт”), Алексей Миллер (раҳбари “Газпром”) номбар мешаванд.

Роман Абрамович
Роман Абрамович

Бонкдори собиқ Сергей Пугачёв, ки ҳоло аз Русия фирор кардааст, як сӯҳбаташ бо Путинро ёдоварӣ мекунад, ки дар он президенти Русия иқрор кардааст, ки мехоҳад танҳо баъди ҷамъ овардани сарвати хеле зиёд тарки мақом кунад. Раҳбари собиқи ширкати “Совкомфлот” Дмитрий Скарга ба таҳиягарони филми “Сарватҳои пинҳонии Путин” қисса кардааст, ки ӯ шоҳид буд, ки чигуна Роман Абрамович ба Путин як яхтаи 35-миллиондолларӣ тӯҳфа кард.

Кремл билофосила баъди нашри филми “Сарватҳои пинҳонии Путин” онро “бебунёд” ва “сафсата” номид. Тарафдорони Путин иддао доранд, ки дар филми ББС ягон далели шайъие, ки соҳиби миллиардҳо шудани ӯро собит кунад, оварда нашуд.

Худи Путин дар гузашта чандин дафъа иддаоҳо дар бораи ба 40 миллиард доллар расидани сарватҳояшонро бо асабоният рад карда буд.

Владимир Путини 63-сола дар охирин рӯзи соли 1999, дар пайи истеъфои пеш аз мӯҳлати раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ба қудрат расид. Баъди ду давраи чорсолаи раёсат Дмитрий Медведев, яке аз ёрони наздики Путин барои 4 сол ба мақоми президентӣ нишаст ва худи ӯ дар ин муддат сарвазири Русия шуд. Дар соли 2012 Владимир Путин бо пирӯзӣ дар интихобот барои 6 сол ба курсии президентӣ баргашт ва Медведев ҳоло сарвазири ӯст.

Аммо мунтақидон мегӯянд, Путин ва атрофиёнаш мухолифини сиёсии худро ба ҳошия ронда, дар Русия як низоми худкомаи ғарқи фасоди идорӣ эҷод кардаанд. Ба бовари онҳо, ин низом ба Путину атрофиёнаш имкон медиҳад, ки бо ғасби дороиҳои кишвар, бахусус дар солҳое, ки нархи нафт ба осмон дакка хӯрда буд, сарватҳои ҳангуфте ба даст биоранд.

Вале тарафдорони Путин мӯътақиданд, ки ӯ дар 15 соли раҳбариаш Русияи дар солҳои 90 заиф ва суханаш дар арсаи ҷаҳонӣ беқурбшударо дубора ба по бихезонад.

40 миллиард доллар дороии президенти Русия дурӯғ аст ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

XS
SM
MD
LG