Телевизиони Би-би-сӣ шоми душанбе филмеро бо номи "Сарвати пинҳонии Путин" – дар бораи даст доштани раисиҷумҳури Русия ба фасод ва робитааш бо олами ҷиноӣ – пахш кард. Дар ин филм, ки дар барномаи "Панорама" намоиш дода шуд, раисиҷумҳури Русия "яке аз сарватмандтарин афроди олам" номида шуд, ки тарзи зиндагияшро фақат бо зиндагии шоҳзодаҳои Арабистони Саудӣ метавон қиёс кард. Муҷрии барномаи “Панорама” сарвати Путинро “муҳимтарин сирри Русия” мехонад.
Дар мусоҳибаи махсус барои ин филм намоядаи ҳукумати ИМА, раҳбари бахши таҳримҳои вазорати молия Адам Шубин бори аввал дар бораи даст доштани Владимир Путин ба схемаҳои фасод сӯҳбат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, маоши солонаи раисиҷумҳури Русия, ки тақрибан 110 ҳазор доллар аст, баёнгари сарвати воқеъияш нест, зеро Путин боигарии худро хело моҳирона рӯпӯш кардааст.
Сиёсатшиноси рус Станислав Белковский бо такя ба сарчашмаҳое, ки аз ифшои ному насабашон худдорӣ мекунанд, сарвати Владимир Путинро 40 миллиард доллар ҳисоб кардааст.
Бонкдори фирории рус Сергей Пугачев дар мусоҳиба бо барномаи “Панорама”, бо ишора ба робиnаҳои қаблан наздикаш ба Путин гуфтааст, ки президенти Русия баробари соҳиби мақоми воло шудан ба ӯ гуфта буд, ки мехоҳад чун одами хело сарватманд ба истеъфо равад. Дигар аз мусоҳибони “Панорама” сармоядори рус Сергей Колесников, ки солҳои 80-уми қарни гузашта бо Путин дар шаҳрдории Санкт-Петербург кор мекард, аз робитаҳои машкук ва доду гирифти ӯ бо олами ҷиноӣ хабар додааст.
Як бахши бузурги филм ба намоиши қасру яхтаву шикоргоҳҳои, бар пояи овозаҳо, мутааллиқ ба Владимир Путин бахшида шудааст. Муаллифон аз дороиҳои афроди наздик ба сарвари Русия, ки аз ҳисоби ӯ соҳиби сарвати бузург шудаанд - Ротенберг, Тимченко, Абрамович, Сечин, Миллер ва дигарон ҳам ёдовар шудаанд. Раҳбари пешини ширкати “Судкомфлот” Дмитрий Скарга гуфтааст, ӯ шахсан шоҳиди он буд, ки чӣ гуна Абрамович ба Путин яхтаи қиматаш 35 миллион долларро эъто кард.
Дар Кремл филми "Сарвати пинҳонии Путин"-ро “бофтаи хаёл” ва “тӯҳмат” номиданд. Ба навиштаи Интерфакс, Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи 26 январ изҳор намуд, ки иттиҳоми муаллифони филм дар ҳаққи Путин ягон пояи воқеъӣ надорад. Ӯ гуфтаҳои мансабдори амрикоӣ Адам Шубинро "бидуни далел" номид ва гуфт, ки онҳо ба обрӯи вазорати молияи ИМА соя меафкананд.
Ин дуввуми филм дар бораи даст доштани Владимир Путин ба фасод ва робитаҳои собиқаш бо олами ҷиноӣ дар як моҳи ахир аст. Аз ин пеш таҳиягари русиягӣ Валерий Балаян, филми “Ҳуизмистерпутин” (Ҷаноби Путин кист?”)-ро навор гирифта буд. .
Мустанад дар бораи сари қудрат омадани Владимир Путин ва ҳамроҳ бо ӯ зимоми ҳокимиятро дар даст гирифтани гурӯҳи кормандони амниятиву гурӯҳҳои ҷиноии шарики онҳо, бори аввал рӯзи 29 декабр дар шаҳри Киев намоиш дода шуд.
Мансабдори шаҳрдории Санкт-Петербург ибтидои солҳои 90-ум нақшаи табдили захираҳои муҳими стратегӣ ба маводи озуқа барои шаҳри он замон гуруснаро таҳия кард. Филми мустанади Валерий Балаян аз ҳамин қазия шурӯъ мешавад, ки он солҳо ба тафтишаш комиссиюни Марина Салие машғул шуда буд. Бино ба нақшаи Путин, ба ивази маводи озуқа барои аз Русия бурдани металл ба маблағи 93 миллион доллар иҷоза дода шуд. Аммо баъд аз интиқоли металл маводи озуқаи аврупоӣ дар мағозаҳои Петербург пайдо нашуд.
Вале ин фақат яке аз сужаҳои филми “Ҳуизмистерпутин” аст. Мусоҳибони таҳиягар – кормандони пешини шаҳрдорӣ, ки Владимир Путинро хуб мешиносанд, муфаттише, ки ба тафтиши парвандаи фасоди густурда дар Петербург машғул буд, ва коршиносону хабарнигоронанд, ки ҳамроҳ бо ӯ талоши боз кардани гиреҳи маҳкаму чигили муносибат миёни мансабдорону олами ҷиноӣ дар ин шаҳр дар солҳои 90-умро кардаанд.
Валерий Балаян мегӯяд, ҳадафаш таҳияи филми илмиву оммавӣ буд, ки тавассути он ба мардум чизҳои хело оддиро фаҳмонад. Фаҳмонад, ки Путин роҳ ба маснади волоро аз дуздӣ дар Ленинград ва Петербург шурӯъ карда буд ва имрӯз ҳам ӯ тағйир наёфтааст. Кор то ҷое расидааст, ки Русияро корпоратсияи кормандони КГБ ва намояндагони олами ҷиноӣ соҳибӣ кардаанд, меафзояд Валерий Балаян.
Ба гуфтаи таҳиягар, чаҳор узви гурӯҳи эҷодӣ созиш карда буданд, ки дар бораи филм дар ягон ҷо, ҳатто дар мукотиба аз тариқи интернет лаб во намекунанд, зеро мефаҳмиданд, ки навори филм дар ин мавзӯъ чӣ паёмаде метавонад дошта бошад. Тайи ҳашт моҳ тавонистем, ки ҳадафи таҳияи филмро махфӣ нигаҳ дорем, меафзояд Валерий Балаян. Шояд ба ҳамин хотир, навори бахши аъзами филм бидуни мушкил сурат гирифт. Аммо вақте, ки онҳо барои наворбардорӣ ба бӯстонсарои “Озеро” омаданд, вазъ тағйир ёфт. “Моро бо дурбинҳо навор гирифтанд, рақамҳои мошини моро ҳам сабт карданд. Онҳо ба куҷое телефон мекарданд ва гузоришҳое медоданд”, мегӯяд таҳиягар.
Дар филм дар бораи кооперативи Путин ва бӯстонсарои «Озеро» подполковники адлия Андрей Зиков, корманди собиқи Кумитаи тафтишоти вазоарти умури дохилаи Русия дар Ҳавзаи федеролии шимолу ғарб сӯҳбат кардааст. Ӯ яке аз муфаттишони парвандаи 144128 маъруф ба “Парвандаи Путин” буд, ки баъди сари қудрат омадани Владимир Путин онро Додситонии кулл баст. Созишҳои муҳим маҳз дар ҳамин кооперативи “Озеро” имзо мешуданд, мегӯяд Андрей Зиков.
Владимир Смирнов, ки раҳбари СПАК ва ширкати маводи сӯхти Петербург буд, Шамалов, Якунин, ки раиси ширкати Роҳи оҳани Русия буду ҳоло истеъфо додааст, аъзои кооператив буданд. Ба ин ҷо аз афроди саршинос Татяна Дяченко, духтари раисиҷумҳур Борис Елтсин, меомад, дар ин ҷо ҷаноби Бастрикинро ҳам дида буданд, яъне ҳама афроди наздик ба Путин ба ин ҷо омада буданд. Мо ҳасд мезанем, ки ин бӯстонсаро ҳамчун ришват аз сӯи ширкати “Трести бистум” бунёд шудааст, мегӯяд Андрей Зиков.
Владимир Иванидзе, хабарнигори маҳаллӣ ҳам дар филм мегӯяд, ки он солҳо равобити аз ҳама қавии бюрократҳову олами ҷиноӣ дар Санкт-Петербург буд. Шакку шубҳа дар бораи робитаи Путин бо ҷинояткории муташаккил солҳо боз зеҳнҳоро машғул медорад ва аммо ҳафтаҳои ахир онҳо боз ҳам бештар шудаанд, мегӯянд муаллифони филм.
Зимнан, дар филми "Хуизмистерпутин" як пора аз таронаи шаҳрванди Тоҷикистон Толибҷон Қурбонхонов дар васфи Путин -- "ВВП" ҳам оварда шудааст, ки соли 2011 сару садои зиёде барангехта буд.