Юрий Чайка, Додситони кулли Русия, мегӯяд, ки филм-таҳқиқоти Бунёди мубориза бо фасод дар робита ба фаъолияти ғайриқонунии пайвандон ва зердастони ӯ бо дархости сармоядори бритониёвӣ Вилям Браудер анҷом шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант", чопи Маскав, рӯзи 14 декабр, бо такя ба посухи катбии Юрий Чайка ба дархости рӯзнома иттилоъ дод.
Дар филм-пажуҳише, ки чанд рӯз қабл Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний нашр кард, дар бораи дороӣ ва тиҷорати ғайриқонунии фарзандони Юрий Чайка – Артём вап Игор сухан меравад. Гуфта мешавад, ки, аз ҷумла, Артём Чайка дар Юнон ва Швейсария моликияти гаронбаҳо дорад ва як бахш аз маблағи ин моликият аз ҳисоби тиҷорати ғайриқонунӣ ба даст омадааст.
Юрий Чайка ба «Коммерсант» гуфтааст, ӯ заррае шубҳа надорад, ки таҳияи ин филм бо дархости Браудер ва хадамоти кашфи дар пушти ӯ буда сурат гирифтааст ва ҳадаф - на фақат бадном кардани Додситони кулл, балки муаррифии Русия чун кишварест, ки набояд бо он сару кор дошт.
Вилям Браудер, раҳбари Бунёди Hermitage Capital, яке аз ташаббускорони таҳияи «Феҳристи Магнитский» аст ва раҳбарони Русияро борҳо дар фасод ва дар марги ҳуқуқшиноси маъруф Сергей Магнитский айбдор карда буд.
Мақомоти Русия Браудерро барои ҷиноёти мардум ба андоз дар ғайбаш ба 9 соли маҳбас маҳкум кардаанд.
Алексей Навалний, дар навбати худ, ба «Коммерсант» гуфт, ки аз иттиҳоми Юрий Чайка нисбати Вилям Браудер ҳайрон аст, зеро тоҷири бритониёвӣ ба ин қазия ҳеҷ дахл надорад. Мо интизор доштем, ки дар Додситонии кулл гапро дигар тараф хоҳанд кашид, аммо ҳайронем, ки чаро маҳз Браудерро интихобл кардаанд, гуфтааст Алексей Навалний. Ӯ бори дигар таъкид намуд, ки таҳқиқот аз сӯи Бунёди мубориза бо фасод бидуни дархости нафаре ё гурӯҳе анҷом шудааст.