Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, аз моҳи сентябри соли 2025 маошу нафақаи мардумро зиёд хоҳанд кард. Баъзе аз сокинон онро мусбат арзёбӣ карданд. Иддае дигар гуфтанд, мумкин аст, то он вақт арзиши молу маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафта, таъсири онро ба зиндагияшон ночиз гардонад.
"Даҳ дарсад зиёд кардани нафақа аслан ҳамон пӯшонидани таваррум дар Тоҷикистон аст. Ё 20-30 дарсад зиёд кардани маоши муаллимону коргарони дигар," – гуфт Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, рӯзи 30-юми декабри 2024 ба Радиои Озодӣ. Ӯ афзуд, "ин ба зиндагии онҳо ҳеч таъсир расонида наметавонад. Барои он ки дар Тоҷикистон нархи коло воқеан ҳам боло рафтааст."
Мақомот мегӯянд, дар соли 2024 таваррум (болоравии нархҳо) дар Тоҷикистон 3,6 дарсадро ташкил кардааст.
Ба гузориши Барномаи озуқаи Созмони Милал, нархи гӯшт дар Тоҷикистон нисбат ба соле пеш 26 дарсад, равғани пахта зиёда аз 10 дарсад, сабзӣ 23 дарсад, карам 14 дарсад ва гази моеъ 4 дарсад боло рафт.
Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои гузашта низ маоши кормандони идораҳои давлатиро боло бурдааст, вале ҳамеша дар баробари он ташвишҳо аз гаронии нархи маҳсулот садо медод.
Пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми декабри 2024 дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар бораи афзоиши маош ва таъсири он ба зиндагияшон назари гуногун доранд. Яке аз мусоҳибон гуфт, “нафақаро даҳ фоиз зиёд мекунанд, лекин ҳама чиз боз қимат мешавад. Барои ҳамин, аз ин ба мо фоида нест”.
Назари дигарон чунин буд:
- “Каме ҳам бошад, барои камбағалу камбизоатон беҳбудӣ мешавад.”
- “Чӣ қадаре маошро боло бардоранд, ҳамон қадар хуб аст, мо миннатдор.”
- “Ман ҳам яке аз нафақахӯрон. Нафақаам нӯг ба нӯг мерасад. Даҳ фоиз зиёд мекунанд, нарх дар бозор 20 фоиз мехезад. Ба ҳаминаш ҳам раҳмат.”
- "Беҳбудӣ вақте мешвад, ки дар баробари боло бурдани маош нархҳо боло бурда нашаванд.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон маошу нафақаи аз ҳама кам мегиранд. Тибқи омори расмӣ, маоши миёна дар Тоҷикистон дар аввали соли 2024-ум 2013 сомонӣ ($184 доллар) аст. Барои намуна ҳадди маоши миёна дар Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон 376 доллар (4100 сомонӣ) аст.
Кам будани маоши кормандони идораҳои давлатӣ яке аз сабабҳои ба миён омадани фасоди молӣ гуфта мешавад. Ҳамчунин яке аз иллатҳои рӯ ба муҳоҷират овардани мутахассисон.
Дар назар аст, аз моҳи имсол маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ҳазор сомонӣ, тақрибан 100 доллар шавад. Ҳоло маоши ҳадди ақал 800 сомонист.
“Вақте андозаи ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон боло бурда шуд, дигар ҳама кордиҳандагон, чӣ бахши давлатӣ ё хусусӣ бояд маошро боло баранд. Албатта, ин чиз то ҳадде метавонад боиси некӯаҳволии мардум гардад. Вале тавре дар Тоҷикистон аз таҷрибаҳои солҳои қаблӣ медонем, ин гоҳо боиси боло рафтани нархи маводу молу маҳсулот ҳам метавонад шавад,” -- гуфт Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодӣ.