Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи Тоҷикистон: Муаммои ҳалношуда барои ҷомеа


Мақомоти Тоҷикистон ҳар се моҳ дар бораи буҷа иттилоъ нашр мекунанд. Кишвар дар радабандии "Шохиси шаффофияти буҷа" ба беҳбудӣ даст ёфтааст, вале мардум то ҳанӯз ба додаҳои зарурӣ, ки дар шакли печидаву норӯшан нашр мешаванд, дастрасӣ надорад.

Дар замони истиқлол аз марказ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пардохтани маоши кормандони давлатӣ 2,3 миллиард сомонӣ (234 миллион доллар) фиристода шудааст. Ин сухан аз забони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми октябр ҳангоми мулоқот бо намояндагони вилоят садо дод ва тибқи маъмул бо кафкӯбиҳои давомдор истиқбол шуд.

Воқеан, барои як вилояти фақир бо 230 ҳазор аҳолӣ ин як маблағи қобили таваҷҷуҳ аст. Аммо, агар 234 миллион долларро ба 33 соли истиқлол тақсим кунем, тақрибан 7,1 миллион доллар дар як сол аст, ки ҳатто барои минтақаи фақиртарини Тоҷикистон ҳам зиёд нест. Суҳбат сари ёронаҳо (субвентсия) аст, ки барои маош ирсол мешаванд ва дар сурати сари вақт ва ё бо ҳадафҳои муайян масраф нашудан, бояд бозгардонида шаванд. Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз вилояти Суғд, ки аз назари иқтисодӣ худфкифост, минтақаҳои дигар ниёзманди ёронаҳоянд.

Дар Тоҷикистон бозӣ бо рақамҳо шуғли дӯстдошта ва маъруф дар сиёсат аст. Махсусан агар суҳбат аз буҷа бошад, ҳатто мансабдорони дигар ҳам вориди ин бозӣ мешаванд. Дар сомонаи Вазорати молия ҳисоботи семоҳаи иҷрои буҷа ва қонунҳо дар бораи буҷаи давлатӣ нашр шудаанд, ки барои хонандаи одӣ нофаҳмоянд. Ғайр аз ин, иттилои маҳдуд дар бораи харҷи буҷа нашр мешавад. Сомонаҳои ҳукуматҳои ВМКБ, Хатлон ва Суғд низ дар мавриди буҷа иттилои пурра надоранд. Иқтисоддон Назаралӣ Назаралиев мегӯяд, ҳамаи ин ба мансабдорон иҷоза медиҳад, ки рақамҳоро дасткорӣ ва назорат бар фаъолияти буҷаро заиф кунанд.

Норӯшании рақамҳо ва беҳбудии мавқеъ

"Агар мутахассис ё коршиноси ҳавзаи молӣ нестед ва бо масъалаҳои молӣ ва иқтисодӣ сару кор надоред, дарки печидагиҳои додаҳое, ки Вазорати молия нашр мекунад, бисёр душвор аст. Ин иттилооти куллӣ бидуни ҳисоботи дақиқ дар мавриди буҷаҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ аст, ки бештар барои шарикони рушд ва ёрикуннада нашр мешавад, на барои мардум," – мегӯяд иқтисоддон Назаралӣ Назаралиев.

Ба гуфтаи ӯ, шаффофият дар ташкил ва тақсими буҷа боис ба эътимоди мардум ба ҳукумат мегардад ва ин мавзуъ бояд бо аҳолӣ дар миён гузошта шавад ва қишрҳои гуногуни ҷомеа бояд дар баҳсу баррасии буҷа ҷалб шаванд.

Дар "Шохиси шаффофияти буҷа"-и Шарикии байнулмилалии буҷа дар соли 2023 Тоҷикистон аз миёни 125 давлат бо касби 33 хол аз 100 дар ҷойи 90-ум қарор гирифтааст, ки назар ба соли гузашта мавқеашро 16 зина боло бурдааст.

Уктам Ҷумъаев, коршиноси Шарикии байнулмилалии буҷа дар Тоҷикистон, моҳи майи соли ҷорӣ дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфтааст, ки мавқеи ҷумҳурӣ барои сари вақт нашр кардани лоиҳаи қонун дар бораи буҷаи давлатӣ ва ҳисоботи аудиторӣ боло рафт.

Ба гуфтаи вай, иштироки мардум дар ҳамаи марҳилаҳои раванди ташкили буҷа аз ҷанбаҳои бисёр муҳими истифодаи муассири буҷа ва коҳиши сатҳи фасод дар бахши молии давлат мебошад.

Буҷаи соли 2024

Бинои нави порлумони Тоҷикистон
Бинои нави порлумони Тоҷикистон

Буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2024-ум 43 миллиард сомонӣ таъйин шуд, ки 6 миллиард сомонӣ бештар аз соли 2023 аст. Масрафҳои соли ҷорӣ низ бештар аз 44,1 миллирад сомонӣ пешбинӣ шудааст. Касри буҷа ба 1,1 миллиард сомонӣ ва ё 0,8 дарсад расид.

Тибқи иттилои Вазорати молия, касри буҷа аз ҳисоби молиёт (андоз), грант (қарзҳои бебозгашт) ва қарзҳои барномаҳои сармоягузориҳои давлатӣ ва ғайра такмил мешаванд.

Ба соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли ҷорӣ 19 миллиард сомонӣ ва ё 48,08%-и буҷа ва ба рушди соҳаи иқтисодӣ 15,3 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Аз ҷумла, ба сандуқи маоши кормандони давлатӣ 9,5 миллиард (18,7%) сомонӣ, соҳаи маориф 8,2 миллиард ва ба тандурустӣ 3,5 миллиард (7,94%) ҷудо шудааст.

Наздик ба 563,4 миллион сомонӣ ($51,5 миллион) аз буҷаи давлатӣ ба Фонди захиравии президенти Тоҷикистон ихтисос дода шудааст. Гуфта мешавад, ки ин маблағ барои чорабиниҳои хайрия ва масрафҳои дигар истифода хоҳад шуд.

Барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” имсол 5 миллиард сомонӣ (456 миллион сомонӣ) ҷудо шудааст. 2,2 миллиард сомонӣ аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ ва боқимонда аз буҷаи давлатӣ, дақиқтар аз Фонди устувории рушди иқтисод ҷудо шудааст.

Шикоятҳо аз ҳукумат

Ба гуфтаи як шореҳи иқтисодӣ дар Душанбе масъалаи ҷудо кардани маблағ барои “Роғун” аз буҷаи давлатӣ ва додани имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз ба баъзе аз ширкатҳо, ки пули онҳо барои пурра шудани буҷа хеле зарур аст, аз ҷумлаи танқидҳои коршиносони байнулмиллиалӣ нисбати Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Маҳалли сохтмони "Роғун"
Маҳалли сохтмони "Роғун"

"Масалан, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани маблағи зиёд ба сохтмони “Роғун” арсаҳои иҷтимоиро аз маблағгузорӣ дар канор мемонанд ва касри буҷа ба вуҷуд меояд. Ба сабаби додани имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз соли гузашта буҷаи давлаӣ беш аз 500 миллион доллар камомад дошт,” – гуфт ин ҳамсуҳбати мо. Барои пеш наомадани мушкил нахост, номаш навишта шавад.

Тибқи маъмул, ширкатҳои наздик ба чеҳраи аввали кишвар аз имтиёзҳои гумрук ва андоз бархурдоранд. Пештар Радиои Озодӣ таҳқиқотеро дар бораи додани имтиёзҳо ба шаҳрдории Душанбе, ки таҳти роҳбарии писари раисиҷумҳур аст нашр кард.

Дар ин таҳқиқот дар мавриди аз митиёзҳо бархурдор будани ширкати “Амирӣ” низ гуфта шуда буд. Ин ширкат ба Зарифбек Давлатов, ҳамсари яке аз духтарони президент, мутааллиқ аст. Ширкати “Мармарӣ”, мутааллиқ ба шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ ва корхонаи сементбарорӣ, мутааллиқ ба Акбар Ғуломов, писари муовини пешини сарвазири Тоҷикистон, низ баҳрагирандагони имтиёзҳо мебошанд.

Шарҳи мақомот

Мақомоти Тоҷикистон дар оғози имсол гуфтанд, ки ба ширкатҳо ва корхонаҳо дигар имтиёзҳои дарозмуддат намедиҳанд. Назрулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андоз, гуфт, агар чунин имтиёзҳо қаблан бе муҳлат дода мешуданд, дар Кодекси нави андоз барои 5 сол дода мешаванд.

Тибқи барномаи миёнамуҳлати даромади давлатӣ барои солҳои 2024-2029, ки аз ҷониби ҳукумат қабул шудааст, боло бурдани даромадҳои буҷаи давлатӣ аз ҳисоби рақамисозии низоми даромади давлатӣ, пайдо кардани сарчашмаҳои иловагии даромадҳо ва беҳбуди низоми идорӣ дар назар гирифта шудааст. Маҳдуд кардани додани имтиёзҳои молиётӣ ба ширкатҳои интихобӣ бахше аз ин барнома аст.

XS
SM
MD
LG