Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Навиштану гуфтани бисёр мавзуъҳо дар Тоҷикистон мушкил шудааст"


Мудирони баъзе аз расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигорӣ аз вазъи ҳозираи озодии баён ва муносибати мақомоти давлатӣ бо хабарнигорон дар Тоҷикистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, бар асари ин ва омилҳои дигар расонаҳо бо суръати бисёр баланд нуфузи худро аз даст медиҳанд.

Ин нуктаҳо дар охири моҳи сентябр ва дар нишасте бахшида ба 25-солагии таъсиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил дар Душанбе баён шуд.

Шарҳи се сабаб

Умед Бобохонов, мудири гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, гуфт, назорати шадиди матбуоти мустақил аз тарафи давлат, маҳдуд шудани озодии баён ва мушкили дастрасӣ ба иттилоъ, инчунин, омилҳои дигар сабаби аз даст додани мухотабони расонаҳо гаштааст.

“Ин дастрасии мардумро ба иттилоъ маҳдуд мекунад ва эътимоди сокинонро ба расонаҳои тоҷик коста мегардонад. Мо мухотабони худро аз даст медиҳем. Онҳо мебинанд, ки мо аз мушкилоти ҷомеа намегӯем, ба манбаъҳои берунӣ рӯ меоранд. Барои ҳукумат ин як раванди хатарзост. Ҳукумат сарчашмаҳои беруниро назорат карда наметавонад,” – афзуд Бобохонов.

“Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии озодии баён дар 12 сол пеш дар мақоми 103 қарор дошт. Ҳоло дар ин шохис ба ҷойи 155-ум ва ба қатори кишварҳои мавриди нигаронии хос афтодааст,” – илова кард ӯ.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки ҳамзамон бо рукуди озодии баён, мушкили иқтисодии расонаҳо ва рӯзноманигорон сабаби коҳиши ҷасорати онҳо шудааст. Шариф Ҳамдампур, мудири ширкати расонаии “Оила”, норасоии захираҳои молиро яке аз далелҳои рушд накардани расонаҳои Тоҷикистон донист. Ба назари ӯ, камии маош боис шудааст, ки рӯзноманигорон ба корҳои дигар бираванд ва ин сифати матолиби расонаҳоро коҳиш додааст.

Ӯ мушкилоти дигари ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистонро дар муттаҳид набудани онҳо донист: "Мо созмонҳои мустақил, созмонҳое дорем, ки вазифаашон муттаҳид кардан, баланд бардоштани имиҷи рӯзноманигорӣ бояд бошад. Дар сурате ки имиҷи рӯзноманигорон бардошта мешавад, муносибати сохторҳо нисбат ба хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ дигар мешавад."

"Мо бояд муҳтаворо дигар кунем"

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, гуфт, мушкилоти озодии баён ва муносибат ба расонаҳо ба сохтору мақомоти давлатӣ марбут аст ва “мақомот бояд рӯйи ин ҷиддӣ кор кунанд”. Аммо Исмоилзода рӯ овардан ба таблиғот ва муҳтавои пасти матолиби расонаҳоро сабаби аз даст додани мухотабон номид.

Ӯ гуфт: “Баъзе аз нашрияҳо дигаронро танқид мекунанд, ки пул мегиранд. Худашон 2-3 саҳифаро пури таблиғи шуъбаи маорифи як ноҳия мекунанд ва баъд муаллимони бечораро маҷбур мекунанд, ки онро харанд. Ин чӣ фарқ дорад? Мо бояд муҳтаворо дигар кунем. Бинанда, шунаванда, хонандаи имрӯз бинанда, шунаванда ва хонандаи 5 солу 10 соли пеш нест.”

"Худи мардум розӣ намешаванд, ки..."

Ин дар ҳолест, ки хабарнигорон нигаронанд, ки натанҳо мансабдорон дастнорас шудаанд, ҳатто коршиносони бахшҳои мухталиф дигар омода нестанд, ин ё он мавзуъро дар расонаҳо шарҳ диҳанд. Муҳаммадназар Наҷмиддинов, хабарнигори “Азия-Плюс”, мегӯяд, ду сол дар муҳоҷират буд ва ҳоло, ки баргаштааст, вазъро буҳронитар ёфтааст.

“Навиштану гуфтани бисёр мавзуъҳо мушкилтар шудааст. Он чизеро, ки мардум талаб мекунад аз рӯзноманигорон, ҳамаи онро гуфта намешавад. Бо сабабе, ки ҳам гирифтани иттилоъ мушкил шудааст ва ҳам худи мардум розӣ намешаванд, ки бо рӯзноманигорон гуфтугӯ кунанд ва назарашонро баён кунанд,” – афзуд ӯ.

Хабарнигорони тоҷик шикоят доранд, ки раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ба суолҳо, хусусан мавзуъҳои муҳим, посухи дақиқ намедиҳанд, аз суолҳои сахт мегурезанд. Аз сӯйи дигар мавридҳое ҳам ба назар мерасад, ки баъзе аз рӯзноманигорон ин нишастҳоро ба саҳнаи мадҳу санои мансабдорон табдил медиҳанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Аҳволи расонаҳои тоҷик бадтар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон солҳои охир аз сӯйи ниҳодҳои байнулмилалӣ ҳамвора танқид мешавад. Шумораи расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон ба таври чашмгир кам шуда, теъдоди расонаҳои чопӣ беш аз 50 дар сад коҳиш ёфтаву мизони маҳбубияти онҳо дар миёни мардум поин рафтааст.

Мансабдорон маҳз шумораи расонаҳои хусусиро далели ҳастии озодии баён дар Тоҷикистон меноманд, вале бино бар омори охирин, ҳоло таносуби нашрияҳои хусусӣ бо давлатӣ 63 бар 123 аст. Ҳамзамон интернети гарон ва суръати сусти он рушди расонаҳои электрониро бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

XS
SM
MD
LG