Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қазияи Шаҳбол метавонист намунаи волоияти қонун шавад". ВИДЕО


Ҳукми додгоҳи ҳарбии Душанбе дар робита бо қазияи Шаҳбол Мирзоев ҳарду ҷонибро қонеъ накард ва масъулини нерӯҳои марзбонӣ ва ҳам наздикони сарбози маъюб аз болои ин ҳукм ба зинаи баъдии додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Додгоҳ рӯзи 22 ноябр муваззаф кард, ки Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ 41 ҳазор сомонӣ маблағро ба фоидаи Шаҳбол Мирзоеви маъюбшуда дар артиш пардохт кунад, вале наздикони сарбоз мегӯянд, ин маблағ “ҳатто

Дар сурати пардохти ҷубронпулӣ аз сӯйи марзбонӣ, сарбозони дигаре ҳам, ки дар артиш зарар дидаанд, боумед метавонанд муқобили чунин ниҳодҳо ба додгоҳ шикоят баранд

чаҳоряки ҳиссаи хароҷоти муолиҷаи ӯро ҷуброн намекунад”. Мирзоевҳо ният доранд муборизаи додгоҳии худро идома диҳанд. Аз ҳисоби 41 ҳазор сомонӣ - 4 ҳазор зарари маънавӣ ва 37 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз нерӯҳои марзбонии кишвар 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хоста буданд. Онҳо мегӯянд, ҳамин пул то имрӯз барои муолиҷаи беш аз якунимсолаи писари рӯиҷогаҳашон сарф шуда натиҷаи кам додааст.

Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, барои муолиҷаи Шаҳбол дар Максав тамоми дороии худ - як хона, ду мошин, як боғ ва як миқдор заминро фурӯхтанд, аммо ҳанӯз ҳам ба натиҷаи дилхоҳ нарасидаанд. Ин падар мегӯяд, аз болои ҳукми ахири додгоҳи ҳарбӣ ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд, ҳарчанд мегӯяд, дигар умеди зиёде надоранд. “Ду сол боз баҳсҳои додгоҳӣ идома доранд. Ягон натиҷа нест. Ду сол нафақа 130 сомонӣ нафақа мегирифт, ба наздикиҳо аз нафақа ҳам маҳрум шуд. Ӯро ду кас нигоҳубин мекунад, як кас наметавонад. Тамоми доруву давояш аз ҳисоби худамон аст”, гуфт падар.

Қарори 41 ҳазор сомонӣ ҷуброни нерӯҳои марзбонӣ ба Шаҳбол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Дар навбати худ Сарраёсати ҳарбии гарнизони Душанбе, ки ин бор ҳам аз пардохти ҷуброни зарар саркашӣ мекунад, мегӯяд, қарори додгоҳ қобили қабули онҳо нест. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, масъули матбуоти ин ниҳод рӯзи 22 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бидуни ҷузъиёти бештар танҳо гуфт, “қушунҳои сарҳатӣ ба қарори додгоҳ розӣ нест ва баъди дастрас кардани ҳалнома ба зинаи касатсионӣ шикоят бурда мешавад.”

Ин бори дуввум аст, ки Нерӯҳои қушунҳои сарҳадӣ аз қарори додгоҳ барои пардохти ҷуброн ба сарбози маҷрӯҳшуда Шаҳбол Мирзоев сарпечӣ мекунад. Моҳи майи соли гузашта ҳам додгоҳи ҳарбии Душанбе қарор карда буд, ки Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба

Усмоналӣ Ғайратов дар додгоҳ
Усмоналӣ Ғайратов дар додгоҳ

Шаҳбол 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт намояд. Вале баъдан, дар моҳи август Додгоҳи олӣ дар паи шикояти додситонии ҳарбии Душанбе ин қарорро бекор кард. Ҳам дар мурофиаи қаблӣ ва ҳам ахирӣ, намояндаи ин ниҳод дар додгоҳ талаби ҷубронро беасос хонда хостаанд, парванда қатъ шавад. Пештар онҳо ҳамчунин иддао карда буданд, ки бояд пули ҷуброни зарар аз Усмоналӣ Ғайратов сарбозе, ки барои латукӯб ва ба ин ҳол расонидани Шаҳбол гунаҳкор аст, талаб шавад.

Вале таҳлилгарон мегуянд, иҷрои ҳалнома ва пардохти ҷуброни зарар аз ҷониби ҷавобгар ба ин маънӣ хоҳад буд, ки онҳо гунаҳкор будани худро дар қазияи Шаҳбол эътироф мекунанд. Бинобар ин, ба гуфтаи Рустам Гулов, як фаъоли шаҳрвандӣ ва блогнависи тоҷик, Сарраёсати нерӯҳои марзбони намехоҳад, бо пардохти ҷуброни зарар нуфузи худро поин барад:

«Аз сӯйи дигар, бо пардохти ҷубронпулӣ аз сӯйи марзбонӣ, сарбозони дигаре ҳам, ки дар артиш зарар дидаанд, боумед метавонанд муқобили чунин ниҳодҳо ба додгоҳ шикоят баранд. Ҳодисаи Шаҳбол як намунае мешавад, ки дар Тоҷикистон волоияти қонун мавҷуд аст ва ниҳоде, ки дар ҷабр дидани ҷавоне гунаҳкор аст, ҷазо мебинад. Ин албатта аз нигоҳи молиявӣ ба зарари ин гуна ниҳодҳо ва обрӯву эътибори онҳо хоҳад буд.”

Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди ҳамхизмати худ маъюб шуд.Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад.

Қазияи Шаҳбол Мирзоевро гурӯҳҳои ҳуқуқи башар намунаи барҷастаи вуҷуди меҳтарсолорӣ ё дедовшина дар артиш меноманд. Дар соли 2014 созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони мудофеи ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон - 8 парвандаи марг ё осеби ҷисмонии сарбозонро ҳангоми хизмат ба қайд гирифтааст. Бархе аз мақомдорон дар ин маврид худи ҷавононро барои омода набудан ба хизмати ҳарбӣ ва тоб наовардан ба оддитарин мушкилот дар хизмат, интиқод мекунанд.

Вале фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, гуноҳи афсарони қисматҳои ҳарбӣ ҳам кам нест, ки ба вуҷуди бадрафториву хушунати миёни сарбозони собиқадору ҷавон чашм мепӯшанд ва дар додгоҳҳо ҳам, агар ин қазияҳо баррасӣ шавад, маъмулан танҳо сарбозон гунаҳгору афсарон бо ҷазои сабук аз масъулият озод мешаванд.

Дар қазияи Шаҳбол Мирзоев ҳам гунаҳгори асосӣ Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии нерӯҳои марзбонӣ дониста шуд, ки бо ҳукми додгоҳ ба 9 соли зиндон маҳкум гардид. Вале масъулини дармонгоҳи ин қисми низомӣ, ки баъди латукӯби шадиди Мирзоев аз расонидани кӯмаки изтирорӣ ва ё сари вақт хабар додан ба беморхона истиҳола карданд, бо ҷазои сабук озод шуданд.

XS
SM
MD
LG