Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозонро кӣ шиканҷа мекунад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки моҳи феврал як ҷавони зодаи Хатлон бар асари шиканҷа дар қисми низомӣ ҷон дода, таҳқиқи парвандаи маргаш то ҳол ҷараён дорад.

"Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", созмони ҳомии ҳуқуқи ҷавонони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ, мегӯяд, ки аз аввали соли ҷорӣ ҳалокати як сарбози тоҷик бар асари шиканҷа дар қисмҳои низомиро сабт кардааст.

Дилрабо Самадова, масъули ин созмон, рӯзи 14 апрел дар ҳамоише дар Қӯрғонтеппа гуфт, ҳалокати ин сарбоз моҳи феврали соли ҷорӣ иттифоқ афтода, ба иттилои дарёфтии онҳо, ҷасадаш тақрибан ду рӯз дар қисми низомӣ пинҳон дошта шудааст.

Аз ин сарбоз ва қисми низомие, ки ӯ хидмат мекард, ном бурда намешавад. Дилрабо Самадова гуфт, ин ҷавон зодаи вилояти Хатлон буда, азбаски ҳоло тафтишот ҷараён дорад, ба онҳо иҷоза нашудааст, то ному насаби ӯро ифшо кунанд. "Баъд аз анҷоми таҳқиқот ҷузъиёти қазияро ба расонаҳо хоҳем гуфт. Ин ҳодиса ҳаст. Мақомот ваъдаи таҳқиқи одилонаашро додаанд ва мо интизор мемонем," – афзуд масъули "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ".

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Самадова мегӯяд, дар се моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ аз сӯи сокинон 7 муроҷиати расмӣ дар бораи шиканҷа шуданашон дарёфт кардаанд, ки аз ин ҳисоб чор ҳолати он дар қисмҳои низомӣ рух додааст.

Ҳамоиш дар бораи шиканҷаи сарбозон рӯзи 14 апрел дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд ва дар кори он намояндагони мақомоти вилояти Хатлон, созмонҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқдонҳо ҳам иштирок доштанд. Вале мақомот ҳаргуна шиканҷа дар қисмҳои ҳарбиро рад карда гуфтанд, ҳамагуна иддао дар бораи шиканҷа бояд расман таҳқиқ ва ба онҳо баҳо дода бишавад.

Онҳо гуфтанд, давлати Тоҷикистон бо шиканҷа мубориза мебарад ва дар асоси арзу шикоятҳое, ки дар бораи шиканҷа мерасанд, алайҳи омилонаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Дилрабо Самадова низ мегӯяд, дар асоси чунин парвандаҳои марбут ба шиканҷа, ки то додгоҳ расидаанд, то ин дам 21 корманди ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомот ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар ин ҳамоиш аксу суҳбатҳои сарбозон - Шаҳбол Мирзоев ва Меҳровар Мақсудов, ки ба қавли наздиконашон бар асари латту кӯб дар қисмҳои низомӣ маъюб шудаанд, намоиш дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз иштирокдорони ҳамоиш гуфтанд, баъзан қурбониёни шиканҷа таҳдид шуда, аз ифшои қазияи ба сарашон омада худдорӣ мекунанд ва сари кафидаро зери тоқӣ пинҳон медоранд.

Худойдод Ёрматов, як масъули созмони Эътилофи зидди шиканҷа дар Хатлон, гуфт дар таҷрубаи кори худ дидааст, ки чигуна қурбониёни шиканҷа аз пайгирии қазияашон худдорӣ кардаанд. "Дар ҳолати шиканҷа шудан ба мо муроҷиат мекунанд, вале мушкиле ҳаст, ки баъд аз суҳбат карданамон худдорӣ менамоянд. Фикр мекунем, эҳтимол болои сарашон фишор меоранд ва дар инҷо чизи дигар ҳаст,” гуфт ӯ.

Тибқи иттилои расмӣ соли гузашта дар вилояти Хатлон 7 ҳолати муроҷиати шаҳрвандон дар мавриди шиканҷа ва "муносибатҳои ғайриинсонӣ" сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG