Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи латту кӯби Шаҳбол аз сари нав баррасӣ мешавад


Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе дубора ба баррасии парвандаи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев дар қисми низомии 2620-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шуруъ кардааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе аз сари нав ба баррасии қазияи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев -- сарбози собиқ ва маъюбшудаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз кардааст, ки дар пайи он сутунмуҳрааш шикаста, то ҳол таҳти табобати пизишкон қарор дорад. Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, 3 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳокимаи дубораи парвандаи марбут ба латту кӯби Шаҳбол баъд аз он шурӯъ шуд, ки онҳо алайҳи бекор шудани пардохти ҷубронпулӣ ба ин сарбози нерӯҳои марзбонӣ эътироз кардаанд.

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе рӯзи 25 майи соли ҷорӣ қарор карда буд, ки Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев 97 ҳазору 265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ бидиҳад. Вале, баъдан, дар моҳи август Додгоҳи олӣ дар пайи шикояти намояндаи додситонии ҳарбии Душанбе ин қарорро бекор кард.

Ба қавли Холматова, дар рӯзи аввали баррасии дубораи қазияи Шаҳбол Мирзоев падари ӯ Нӯъмон Мирзоев баромад кардааст. Ӯ гуфтааст, аз баҳори соли гузашта то кунун писараш таҳти табобати пизишкон қарор дорад ва тамоми харҷи онро худашон пардохт мекунанд. Нӯъмон Мирзоев бори дигар аз додгоҳ талаб кардааст, ки ҷуброни зарари молӣ ва маънавии Шаҳбол аз ҷониби Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯёнда шавад.

Аммо намояндаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин мурофиаи дар навбати худ даъвои падари Шаҳболро рад карда, гуфтааст, онҳо дар вақташ барои табобати ин сарбози собиқашон ёрӣ карда буданд. Аммо, ба қавли Гулчеҳра Холматова, намояндаи сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ бештар аз бурда шудани Шаҳбол ба Русия ва ҷарроҳӣ шуданаш дар он кишвар норизоӣ карда ва гуфтааст, аз ҷарроҳии Шаҳбол дар Русия вазъаш беҳбуд наёфтааст ва намехоҳанд пардохти хароҷоти аз назари ҷониби ҷавобгар беҳудаи табобати ин сарбозро бидиҳанд.

Дар пайи ин баҳси ҷонибҳо Додгоҳи низомии Душанбе бори дигар ба бозпурсии Усмоналӣ Ғайратов - фелдшери қисми низомии 2620-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Гулрафтор Ширинова - сардори дорухонаи ин қисми низомӣ тасмим гирифта ва идомаи мурофиаро ба ҳафтаи оянда гузоштааст.

Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди як ҳамхизматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад. Барои латту кӯби Шаҳбол Мирзоев, додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани оинномаи хидматӣ ба 1,5 соли кори иҷборӣ маҳкум кард. Вале ин ҳарду баъди содир шудани ҳукм афв шуда, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол рӯзи 3 – юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Шаҳбол баъди беш аз яку ним соли осеб дидани миён ва гарданаш дар хидмати ҳарбӣ ҳанӯзам бистарист ва дар дармонгоҳи физиологии Хуҷанд табобат мегирад. Ба гуфтаи вай, ҳоло Шаҳбол дар ҷои худ нишаста, телефон ба даст гирифта ҳарф задаву дасту по ҷунбонида метавонад. Табибон гуфтаанд, табобати вай тӯлонӣ хоҳад буд ва ҳолаш беҳтар хоҳад шуд, вале барои ин маблағи зиёд зарур аст.

XS
SM
MD
LG