Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои марзбонӣ аз Шаҳбол 117 ҳазор сомонӣ "қарздор" шуд


Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистонро муваззаф кард, ки барои Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи ин ниҳод 117 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт намояд.

Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро муваззаф кард, ба Шаҳбол Мирзоев -- сарбози собиқ ва маъюбшудаи ин ниҳод 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт намояд.

Зебуннисо Саидова, додраси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе, рӯзи 25 май ҳангоми қироати ҳалнома гуфт, аз ин ҳисоб 97 ҳазор сомонияш ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазори дигараш ҷуброни зарари маънавист. Ин дар ҳолест, ки хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз нерӯҳои марзбонии кишвар 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хоста буданд.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев низ аз даъвои оилаи ӯ барои рӯёндани 277 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ ҳимоят карда буд. Аммо ҷаноби Шарифзода ҳангоми суханронияш дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе гуфт, "даъвои волидони Шаҳбол ва вакилони мудофеаш омӯхта шуд. Аз додрас мехоҳем, ҳамин ҷуброни зарари моддию маънавӣ қисман пардохта шавад."

Қарори 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни нерӯҳои марзбонӣ ба Шаҳбол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Ин намояндаи додситонӣ дар идома гуфт, ки қисми зиёди табобати Шаҳбол Мирзоев дар Русия аз ҳисоби волидонаш сурат гирифтааст.

Вале сарҳанг Давлат Сафаров, намояндаи Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ гуфт, "чунин талаби ҷуброни зарари моддию маънавӣ беасос аст ва бояд қатъ гардад." Сафаров афзуд, нерӯҳои марзбонӣ дар вақташ ҳамаи кумакҳои заруриро барои табобат ва барқарор намудани саломати Шаҳбол Мирзоев кардааст ва ҳоло чунин даъво поя надорад. Баръакс, ба қавли ӯ барои расондани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Шаҳбол Мирзоев кӯҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 Гулрухсор Ширинова айбдоранд ва бояд ҷубронро онҳо пардохт намоянд.

Шаҳбол Мирзоев, сарбози собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар аризаи даъвогии худ мегӯяд, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон натавонистааст, иҷрои оинномаи ҳарбӣ дар воҳиди низомиашро таъмин кунад. Гардани Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт, баъди бадрафтории як ҳамхидматаш бо ӯ дар моҳи марти соли 2014, сахт осеб дид ва ӯ то ҳол бемори бистарист ва мустақилона роҳ рафта наметавонад.

Усмон Ғайратов, сарбозеро, ки Шаҳболро зада, маъюб кард, моҳи июн ба 9 соли зиндон маҳкум намуданд, ҳарчанд бар асоси авф 2 соли ҳукми ӯро кам карданд.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ҳомиёни ҳуқуқ бовар надоранд, ки додгоҳ муҳокимаро ба нафъи Шаҳбол ҳал кунад. Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии шинохтаи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат, ки баъди маҷрӯҳ шудани Шаҳбол натавонист, ки пули ҷарроҳии ӯро дар хориҷ бипардозад, чӣ гуна иҷоза медиҳад, ки додгоҳ, парвандаро ба нафъи сарбози маъюб ҳал кунад:

“Ҳукумат натавонист, пули муолиҷа ва ҷарроҳии ин сарбози ватанро ба ӯҳда бигирад ва ин барои ҳукумати Тоҷикистон ва худи Тоҷикистон айб аст, ки шахсони алоҳида ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пул ҷамъ карданду ӯро ба хориҷа барои ҷарроҳӣ бурданд. Дигар ин ки вобаста аст ба системаи судии мо, ки то чӣ андоза мустақил аст. Судя метавонад, амр диҳад, ки ҷуброн пардохта шавад, вале инҷо мақомоти ҳукуматӣ ҳастанд. “

Дигар чиз ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, иҷрои амри додгоҳ аст. Ба қавли ӯ парвандаҳое ҳастанд, ки додгоҳ ба нафъи қурбониёни шиканҷа ҳал карда ва амр додааст, ки ҷуброн пардохта шавад, вале амри додгоҳ рӯи коғаз мондааст ва тамом.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев, мегӯяд, ҳоло бо қарзу қаволаи зиёд фарзандашро ба Маскав бурда ҷарроҳӣ кард ва аз он хурсанд аст, ки Шаҳбол пояшро ҳаракат медиҳад ва шояд рӯзе мерасад, ки фарзанди акнун 24-солааш дигарбора мустақилона қадам мезанад ва дасти падарро мегирад.

XS
SM
MD
LG