Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқи духтари яҳудӣ


Акс аз осорхонаи яҳудиёни Бухоро дар Ню-Йорк
Акс аз осорхонаи яҳудиёни Бухоро дар Ню-Йорк

Издивоҷи як ҷавони араб бо духтари яҳудӣ мавҷи эътирозҳоро дар Исроил барангехт. Дар Тоҷикистон низ то ҳол издивоҷ бо намояндагони динҳои дигарро чандон қабул надоранд.

Ҷавони арабу духтари яҳудӣ санги душмании мазҳабиро шикаста ба висоли ҳам расиданд.

...Ин сӯри арӯсӣ пурсарусадотарин дар Исроил дар чанд соли ахир буд ва ҳатто барои як муддат хабарҳо аз ҷанг дар навори Ғаззаро аз саҳифаи аввали рӯзномаҳо ба дохилтар кашид. Ҳангомаро дар Тел-Авив қавмпарастҳои яҳудӣ барангехтанд, ки алайҳи издивоҷи ҳамқавмашон Морел бо ҷавони араб Маҳмуд тазоҳурот карданд. Миллатгароҳо аз он сахт хашмгин буданд, ки Морел ба хотири никоҳ бо Маҳмуд дини исломро пазируфтааст.

Тақрибан 200 нафари сармаст аз шароби қавмпарастӣ дар канори толоре, ки маҳфили арӯсӣ баргузор мешуд, ҷамъ омада, Морелро дар хиёнат айбдор намуданд. Полис маҷбур шуд, ки дар атрофи бино “ҳалқаи зинда” ташкил кунад, то нафаре шаҳди шодии навхонадоронро талх насозад. Маҳмуд ором буд ва бо тамкини хос ба хабарнигорон мегуфт, ки ҷонибдори ҳамзистии арабҳову яҳудиҳост ва меҳмонони сӯри арӯсӣ то субҳ рақсу бозӣ хоҳанд кард. Маҳмуд Мансур ва Морел Малка ба тӯйяшон 500 нафарро даъват намуданд. Раисиҷумҳури Исроил Реувен Ривлин ба арӯсу домод бахту саодат хост ва ба навиштаи рӯзномаи The Times of Israel, муҳофизакорону нажодпарастҳо норозиро бо каламӯшҳое шабоҳат дод, ки “пояҳои демократия дар Исроилро мехоянд.”

Меир Ҷовидонфар, ҷомеъашиноси муқими Тел-Авив, мегӯяд, ки издивоҷи байни яҳудиву араб дар Исроил ҳодисаи ғайримуқарарӣ нест, ҳарчанд кам иттифоқ меуфтад. Ба гуфтаи ӯ, шояд издивоҷи Маҳмуду Морел расонаӣ намешуд, агар қавмпарастон алайҳи тӯйи ин ду ҷавон ошӯб намекард. Ӯ меафзояд, “ман чанд нафарро мешиносам, ки падару модарашон яҳудиву мусалмон ё яҳудиву масеҳанд. Дар Исроил ҳар касе, ки мехоҳад издивоҷи динӣ дошта бошад, бо ҳамдини худаш издивоҷ мекунад. Худи ман яҳудӣ ҳастам, аммо хонум католик аст. Агар мехостам маросими арӯсии динӣ дошта бошам, ин корро наметавонистам дар Исроил анҷом диҳам, аз ин рӯ, маросими никоҳи мо дар Канада сурат гирифт. Дигар ҷавонону духтароне, ки пайрави динҳои гуногунанд, барои издивоҷ ба Қибрис ва дигар кишварҳо мераванд.”

Меир Ҷовидонфар меафзояд, ки қазияи Маҳмуду Морел фарқ мекунад, “зеро Морел қабл аз издивоҷ дини исломро пиазируфт ва аз ин рӯ онҳо арӯсии комилан мусалмонӣ доштанд – дар Исроил ҷавону духтари ҳамдин, аз кадом дине, ки набошанд, метавонанд бо ҳам издивоҷ кунанд ва ҳеҷ мушкиле ҳам дар миён нест.”

Ба гуфтаи Меир Ҷовидонфар, дар маҷмӯъ мардум арӯсии Маҳмуду Морелро хуш пазируфтанд ва далели ин – “эътои ҳазорҳо шекел (пули миллии Исроил) ба навхонадорон аз сӯи ғарибаҳо (одамони бегона) буд."

Аммо Фарнӯши Ром, хабарнигори муқими шаҳри Байтулмуқаддас, мегӯяд, ки ҷомеъаи арабу яҳудӣ ин гуна издивоҷҳоро қабул надоранд ва “таассубе, ки махсусан аз сӯи арабҳои мусалмон дар мавриди издивоҷ мавҷуд аст, ҳаргиз иҷозаи наздик шудани ҷавонони арабро ба тарафи яҳудиҳо намедиҳад. Ӯ меафзояд, ки “дар Ховари Миёна урфҳои иҷтимоӣ аз арзишҳои динӣ волотаранд ва маҳз волояти урфҳои иҷтимоӣ дар ҳарду ҷониб ба никоҳи байни арабу яҳудӣ иҷоза намедиҳанд.”

Бар пояи омори расмӣ, аз ибтидои соли равон 63 яҳудии исроилӣ ба дигар динҳо – масеҳӣ, мусалмонӣ ва баҳоӣ гаравиданд. Як пажӯҳишгари донишгоҳи Байтулмуқаддас сабаби пушт сӯи дини яҳудӣ кардани ин афродро бо он рабт додааст, ки шомил шудан ба динҳои масеҳиву мусалмонӣ хело содда аст. Бархе аз ин афрод, ба гуфтаи ӯ, фақат ба хотири издивоҷ бо пайравони дигар адён мазҳаби худро тарк кардаанд.

ЧАЛАҲО БА ХОТИРИ ИЗДИВОҶ ТАРКИ ДИН КАРДААНД?

Акси яҳудиёни Бухоро
Акси яҳудиёни Бухоро

Дар Осиёи Марказӣ солҳои шӯравӣ издивоҷи яҳудиҳо бо мусалмонҳо, ба вижа, мусалмонҳои муқими шаҳр, зиёд буд, зеро ба гуфтаи коршиносон, ҷомеъаи шӯравӣ даҳрӣ ё атеистӣ буд ва ҳангоми издивоҷ ба қавму мазҳаб кам таваҷҷуҳ мекарданд.

Мансури Сурӯш, адиби тоҷик ва муаллифи қиссаи “Чала” мегӯяд, як теъдод аз мардуми чала, ё яҳудиҳое, ки дини исломро қабул карда буданд, бо мардону занҳои тоҷик оила барпо карда буданд. Ба гуфтаи адиб, ки дар бораи чалаҳо қиссаи ҳамном таълиф кардааст, “чалаҳо яҳудиҳоеанд, ки дини исломро қабул кардаанд ё онҳоро барои қабули дини ислом маҷбур сохтаанд. Онҳо дар Русия ҳам ҳастанд, яъне яҳудиҳое, ки дини насрониро пазируфтаанд. Чалаҳо мардумаенд, ки аз як соҳил канда шуда, ба соҳили дигар нарасидаанд, онҳоро яҳудиҳои худашон қабул доштанд, мусалмонҳо ба онҳо то охир эътимод намекарданд.”

Бар пояи асноди таърихӣ, меафзояд муаллифи қиссаи “Чала”, ҳарчанд яҳудиҳои Бухоро аз рӯи қавонини шариат аз мақоми зиммӣ ё “аҳл-ал- зимма” (“аҳли созиш”) бархӯрдор буда, ҳаққи риояи озоди урфу одатҳои маҳзабии худро доштанд, ин ҳаққашон бисёр вақт нақз мешуд. Чалаҳо дар қарни 19 дар Хуҷанд, Самарқанд, Каттақӯрғон ва дигар шаҳрҳои Осиёи марказӣ ба сар мебурданд. Бархе аз онҳо ихтиёрӣ, ба хотири мақом ва зиндагии осуда ва издивоҷ бо мард ё духтари мусалмон дини исломро пазируфта буданд.

Асноди таърихӣ ҳокист, ки дар миёнаҳои қарни 18 дар хонигарии Бухоро раванди оммавии иҷборан мусалмон кардани яҳудиҳо сурат гирифт ва ҳамон вақт нахустин ҷомеъаи чалаҳо – анусим пайдо шуд. Баъди забти Бухоро аз сӯи Артиши сурх дар соли 1920 чалаҳо имкони бозгашт ба дини яҳудиро пайдо намуданд ва аммо як теъдод аз онҳо ин пешниҳодро рад карданд. Гуфта мешавад, ки бештари онҳо тайи ин солҳо ҳуввияти яҳудии худро гум карда, решаи яҳудӣ доштанашро махфӣ нигаҳ медоранд.

Рафаэл Некталев, сардабири нашрияи “Bukharian Times”, чопи Ню-Йорк мегӯяд, ки замони шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ чалаҳо дар чанд шаҳр, асосан дар Бухоро, ба сар мебурданд ва гурӯҳи бузурги онҳо то ҳанӯз дар маҳаллаи “Чала” зиндагӣ мекунанд. Бархе аз онҳо солҳои 80-уму 90-ум дубора ба дини аҷдодӣ баргаштанд ва аммо як теъдод худро мусалмон мешуморанд. Ба гуфтаи Рафаэл Некталев, хонаводаи Толмасовҳо ва ҳамчунин хонаводаҳои Абдураҳмоновҳо, Иброҳимовҳо, Исмоиловҳо чала буданд, вале баъди муқими Русия шудан дубора ба дини яҳудӣ баргаштанд.

Ӯ меафзояд, аз сӯи дигар бисёр чалаҳо пинҳонӣ ба канисоҳо мерафтанд ва тоату ибодат мекарданд ва “шаббат”-ро риоя менамуданд. Бисёри онҳоро маҷбур карда буданд, ки зери таҳдиди марг дини исломро қабул кунанд, ” - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи Рафаэл Некталев, миёни яҳудиҳо ривояту қиссаҳои зиёде мавҷуд аст, ки чӣ гуна гузаштагонашон бо вуҷуди ҷазои сангин аз гаравидан ба ислом сарпечӣ мекарданд, аз ҷумла, як қисса дар бораи яҳудие бо номи Худойдод аст, ки барои нофармонӣ ба сараш хамир молиданд ва ба болои он равғани доғ рехтанд. Баъд аз ин ҳодиса авлодони Худойдод аз Шаҳрисабз ба Самарқанд кӯч бастанд ва сулолаи машҳури Калонтаровҳо – донишмандону оҳангсозҳоро ташкил карданд. Ин сулола тайи ҳаштод сол дар садри ҷомеъаи яҳудиҳои Самарқанд буд. “Замони шӯравӣ мо – тоҷикҳову ӯзбакҳову яҳудиҳо - як хонавода будем ва касе ба дини дигарӣ кор надошт, ҳамин гуна муносибатро мо то ҳол ҳифз мекунем,” - мегӯяд Рафаэл Некталев.

Аъло Аълоев, дойрадасти маъруф низ аз яҳудиёни Бухорост
Аъло Аълоев, дойрадасти маъруф низ аз яҳудиёни Бухорост

Зимнан, дар Тоҷикистон яҳудиҳои зиёде низ мезистанд, ки дар ҷомеъа фақат бо номҳои тоҷикияшон маъруф буданд – раққосаи маъруф Малика Қаландарова (Мазол Калонтарова), устодони “Шашмақом” Барно Исҳоқова (Исхакова Барно Бераховна Бахмал) ва Шоиста Муллоҷонова (Шушана Муллоҷонова)...

“ЧАЛА – МАВҚЕИ МАЪНАВӢ ВА РОҲИ ХИЁНАТ АСТ”

Темур Пӯлодов, адиби тоҷиктабори рус, дар пешгуфтор ба китоби адиби тоҷик Мансури Сурӯш “Чала” аз айёми тифлии худ дар Бухоро ва ҳамсоягияш бо чалаҳо ёд овардааст: “Дар гузари мо - Сӯфиён як бухороии чала зиндагӣ мекард бо номи аҷиб - Камин. Зиндагии ӯ маро ба ҳайрат меовард. Аз чӣ бошад, ки ба тӯю сури мардум намерафт, аммо аз ягон маросими мотам қафо намемонд. Наход, ин пирамард фақат бо ғаму дарди мардум шарик аст? Ман дар ин бора аз модарам суол кардам. «Камин чала аст, -гуфт ӯ. - Яҳудие, ки исломро қабул кардааст. Ин хел одамони аз динашон баргаштаро на худи яҳудиҳо қабул доранд ва на мусулмонҳо… Аҷаб рӯзи сахте…».

Аммо, ба навиштаи адиби маъруф, “ҳар касеро новобаста ба миллаташ чала метавон номид, ки баҳри ғаризаи нафсонӣ ва манфиати ҳаминлаҳзаина забон, дин ва халқи худро мефурӯшад. Чала- мавқеи маънавӣ, роҳи хиёнат, ҳолати рўҳиест, ки дар як лаҳза метавонӣ аз баҳри ҳама чиз бароӣ.” Ӯ афзудааст, “аз нигоҳи ман, чун як бухороӣ, ки аз гузаштагони бузурги халқи тоҷик - Исмоили Сомонӣ ва Баҳоваддини Нақшбанд ифтихор дорам, фаъолони давраи баъди инқилоб - Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев, Чинор Имомов, ки таърих барояшон дар соли 1924 имконият дод, барои халқи ҷафодидаи худ хидмат кунанд ва номашонро баъди Исмоили Сомонӣ дар таърихи тоҷикон сабт созанд, низ чалаанд. Онҳо аз паи ғояҳои пантуркистӣ, моҷароҷўӣ шуда, дар лаҳзаи тақдирсози тақсимоти миллӣ замини тоҷиконро чун гўсфанди ҳисорӣ қурбон карда, сару дилаш - Самарқанду Бухороро ба бегонаҳо доданд. Шояд ба дилашон шайтон ҷой гирифта буд?!”

ШАРИАТ БА ИЗДИВОҶ БО ЯҲУДӢ ИҶОЗА ДОДААСТ

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

Дар ҳоле, ки яҳудиҳои муқими Исроил барои издивоҷ бо мусалмон бояд дини худро тағйир диҳанд ё издивоҷ худро берун аз кишвар сабт кунанд, ба гуфтаи Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, шариати ислом ба фарди мусалмон издивоҷ бо яҳудиро иҷоза додааст. Ва барои ин яҳудӣ маҷбур нест, ки динашро тағйир диҳад. Донишманд мегӯяд, “дар дини Ислом иҷоза ҳаст, ки мусалмон бо аҳли Китоб якҷоя зиндагӣ кунад. Яъне, бо онҳое, ки имон ба як китоби осмонӣ доранд, китобҳое, ки ба Пайғомбарҳо нозил шудааст, мисли “Таврот” барои Ҳазрати Мӯсо, “Забур” барои Ҳазрати Довуд, “Инҷил” барои Ҳазрати Исо ва “Қуръон” барои Ҳазрати Муҳаммади Мустафо. Дар “Қуръон” барои мусалмонҳо никоҳ бо аҳли Китоб иҷоза дода шудааст”.

Издивоҷи байниқавмӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ҳанӯз аз замони шӯравӣ роиҷ буд. Бархе аз афроди маъруф, донишмандону адибон, аз ҷумла, нависанда Сотим Улуғзода бо хонуми яҳудӣ издивоҷ карда буд.

Никоҳ миёни мардони тоҷику духтарони русу ӯзбаку қирғиз то имрӯз як амали маъмулист, аммо ҳамзамон, ба гуфтаи ҷомеъашиносон, никоҳ бо ӯзбакҳои муқими Ӯзбакистон коҳиш меёбад ва сабаби ин – боқӣ мондани раводид миёни ду ҷумҳурии ҳамсоя аст. Тоҷикон фақат бо ҷӯгиҳои муқими кишвар оила барпо намекунанд.

Музаффар Олимов, раҳбари маркази таҳлилии “Шарқ” мегӯяд, ки солҳои ахир издивоҷи духтарони тоҷик бо ҷавонҳои мусалмони Чин ва шаҳрвандони Эрон ҳам зиёд ба мушоҳида мерасад. Аммо, аз ҳама бештар ба гуфтаи Музаффар Олимов, ҷавонони тоҷик бо духтарони руси муқими Русия издивоҷ мекунанд ва инро метавон як паёмади иҷтимоии раванди муҳоҷирати корӣ номид.

Ба гуфтаи коршиносон, як падидаи нав он аст, барои бархе ҷавонон тоҷикдухтароне, ки дили худро тақдими духтар ё ҷавони аврупоӣ мекунанд, дину мазҳаби дилдодаашон зиёд муҳим нест. Аммо, дар ҳамин ҳол, бархе аз духтарони эътиқодманди рус фақат дар ҳоле барои издивоҷ бо марди мутааллиқ дини дигар розӣ мешаванд, ки ӯ мазҳаби православиро бипазирад.

Аммо бештари ҷавонони тоҷик, чун ҷавони араб Маҳмуд, қабл аз никоҳ дар назди номзадашон шарт мегузоранд, ки бояд ҳатман дини Исломро бипазиранд. Замони шӯравӣ ҳам бештари занони русе, ки барои омӯзгорӣ ё кор дар бемористонҳо аз Русия ба деҳоти Тоҷикистон омада буданд, баъд аз издивоҷ бо мардони маҳаллӣ дини Исломро қабул кардаанд.

XS
SM
MD
LG