Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастовардҳои яҳудиёни бухороӣ дар Исроил


Дар анҷумани солонаи яҳудиёни бухороӣ, дар Тел-Авив, ҳунарпешаи саршиноси Тоҷикистон, Борис Наматиев "Чеҳраи соли 2009-и Исроил" эълон шуд ва зодаи дигари Тоҷикистон, Александр Катаев, барои ширкат дар амалиёти "Қӯрғошими тафсон" дар Навори Ғазза ва наҷоти ҳарбиёни захмии исроилӣ дар ин ҷо ба яке аз ҷоизаҳои олии Исроил, нишони "Тсалаш" сазовор гардид.

Ин даҳумин конгресси яҳудиёни бухороӣ буд, ки бо ширкати вазири умури хориҷии Исроил, вазири маориф, чандин узви порлумони Исроил ва вакилони ҷомеаҳои яҳудиёни бухороӣ аз Иёлоти Муттаҳида, Русия, Узбакистон, Австрия як давраи муҳиму ҳассоси мусоид шудани онҳоро пас аз муҳоҷират аз Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар ва оғози зиндагии нав дар Исроил ҷамъбаст кард.

Борис Наматиев, собиқ корманди Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ва аз устодони мусиқии классикии тоҷик мегӯяд, аз ширкаташ дар анҷумани ҷаҳонии яҳудиёни бухорӣ дар Тел Авив ва ҳам аз унвони фахрии Чеҳраи сол, ки ба ӯ тақдим гашт, бисёр шод аст. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон афзуд, бар замми ин, меҳмонони анҷуманро ба таҷлил аз 80-солагии худ низ даъват кардааст.

Наматиев мегӯяд, дар анҷуман наздик ба 4 ҳазор нафар ширкат карданд. Бахше аз ҳозирон зодагон ва парвардагони Тоҷикистон буданд, ки дар давраи ҷанги солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон зодгоҳ ва ватани худро тарк карда, дар ватани ниёкони худ --Исроил муқим шуданд ва аксари онҳо дар анҷуман аз фаъолияти конгрессе, ки даҳ сол пеш бо ташаббуси соҳибкор Леви Леваев таъсис ёфта, ҳадафаш кӯмак ба муҳоҷирон буд, ситоиш карданд.

Дар анҷуман тазаккур ёфт, ки Конгресси ҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ дар ин даҳ сол тавонист, ба ҳамоиши муҳоҷирони яҳудӣ бо ҷомеаи исроилӣ мусоидат кунад. Ҳоло зиёда аз 300 ҳазор нафар узви ин созмонанд ва қариб нисфи онҳо дар Исроил ба сар мебарад.

Бо ташаббуси конгресс даҳҳо рӯзномаву маҷалла, дастаҳои ҳунарӣ, ду театр, садҳо ширкату корхона таъсис ёфтааст. Ҳамчунин ин созмон дар қаламрави шӯравии собиқ зиёда аз 60 мактаби омӯзиши забони ибрӣ ва фарҳанги яҳудиро таъсис дода, онҳоро сармоягузорӣ мекунад. Даҳҳо узви конгресс дар вазифаҳои муҳими ҳукуматӣ ва порлумонии Исроил кор мекунанд.

Вакили порлумони Исроил аз ҷомеаи яҳудиёни бухолрӣ, Амнун Коэн, дар сӯҳбат бо телевизиони "Зман" мегӯяд, Конгресси ҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ дар ин даҳ сол на танҳо ёвару ғамхори муҳоҷирон буд, балки ҳамчунин ҷойгоҳи муносиби ҷомеаи яҳудиёни бухориро дар Исроил ба эътироф расонд ва тақвият дод: "Яҳудиёни бухороӣ аз аввалинҳое буданд, ки даст ба бунёди давлати Исроил заданд ва нахустин яҳудии бухороӣ дар соли 1871 ба ин ҷо омад, ҳол он ки танҳо соли 1919 Ҳертзел дар Базел гуфт, ки мехоҳад, ба Исроил ояд ва ин давлатро бисозад. Ба фикри ман, нуфузи яҳудиёни бухороӣ дар ҳамаи риштаҳо дида мешавад, ҳам дар иқтисодиёт, ҳам дар сиёсат ва дар ҳамаи риштаҳои умури давлат."

Бо вуҷуди зуҳури қавитарашон дар саҳнаи сиёсии Исроил ва ҳисси баланди шаҳрвандӣ, яҳудиёни бухороӣ, тибқи навиштаҳояшон дар расонаҳо, талош меварзанд, дар низоъи арабу Исроил мавқеи мӯътадил дошта бошанд. Бархе аз онҳо зимни ҳамзистии таърихиашон бо мусулмонон дар аморати Бухоро ва Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд, ин таҷриба омӯхта ва корбаст шавад. Вале ба сурати умум, садои яҳудиёни бухороӣ дар хитоби умумии яҳудиёни русизабон рӯшан шунида намешавад ва вазири умури хориҷии Исроил, Авгидор Либерман, ки дар ин анҷуман ширкат дошт, аз яҳудиёни русзабон аст.

Раиси Конгресси ҷаҳонии яҳудиёни бухорӣ, Леви Леваев, ба навиштаи маҷаллаи "Форбс", яке аз афроди сарватманди ҷаҳон ба шумор рафта, моликияти ӯ 4 миллиарду 100 миллион доллар ҳадс зада мешавад. Вай соҳиби наздик ба 20 ширкат ва корхонаи муваффақ аст, ки дар саросари дунё, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон фаъоланд. Ба навиштаи расонаҳо фаъолияти ӯ дар мақоми раиси конгресс ва густариши барномаҳои тиҷоратияш як роҳе бо ҳаракати дуҷониба будааст.

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Борис Наматиев ба пурсиши ин ки оё Леваев, раиси конгресс чӣ касест, чунини посух дод: "Леваев як миллионери нек аст. Нек барои он ки ба ҳама кӯмак мекунад, Ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ."

Зуҳури конгрессро Яир Борохов, сардабири рӯзномаи "Менора", ки аз тарафи конгресс ба нашр мерасад, як амри табиӣ ва намунаи муваффақи мадад ба муҳоҷирон меномад.

Вай мегӯяд, пас аз ҳиҷрати тақрибан оммавии яҳудиёни бухороӣ ба Исроил, ниҳоди фарогире даркор буд, ки онҳоро муттаҳид кунад ва ҳалли мушкилоти онҳоро бар дӯш бигирад. Леваев чанде аз соҳибкорони пулдорро ҷамъ овард ва ин конгрессро таъсис дод. Як созмоне, ки даҳ сол пеш танҳо дар Тел-Авив фаъол буд, ҳоло дар 13 шаҳри Исроил, 20 шаҳри Иёлоти Муттаҳида ва 13 шаҳри Русия намояндагӣ дошта, бо таъсиси мактабу маҳфилҳои омӯзишӣ насли наверо ба саҳна меорад, ки қарор аст, дар умури яҳудиёни ҷаҳон нақши муҳимро бозӣ кунад.

Насли оянда мавзӯъи асосии даҳумин анҷумани конгресс буд ва қарор шуд, кӯмакпулӣ ба донишҷӯёни яҳудии бухороӣ, ки дар гузашта 10 ҳазор нафарро ташкил медод ба маротиб афзоиш дода шавад. Дар ҳоле ки вакили порлумон Коэн аз минбари анҷуман хитоб кард, ки кори насли калонсоли яҳудиёни бухороӣ идомаи дурахшоне хоҳад дошт, дафъатан афзуд, бояд кӯҳансолон аз тамоми кӯмакҳои конгресс низ бархӯрдор бошанд. Ҳифзи равобит бо кишварҳои собиқ шӯравӣ яке аз самтҳои дигари фаъолияти конгресс мебошад. Барои ширкат дар ҷашни 80-солагии Борис Наматиев, конгресс аз Тоҷикистон ҳунармандон ва меҳмононро даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG