Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тоҷикистон дар дилу дидаи ман аст!»


Маҳмудҷон Иброҳимов
Маҳмудҷон Иброҳимов

Мулоқоте бо Левӣ Исҳоқови хуҷандӣ, ки миёни хуҷандиён бо номи «Лёваи суратгир» машҳур буду имрӯз бо амри тақдир ҳазорҳо километр дур аз мо зиндагӣ дорад.

Бо Лёва-ако тасодуфан дар даромадгоҳи бинои ҳукумати вилоят вохӯрдам. Ҳамдигарро гарм ба оғӯш гирифтем. Чанд рӯз пеш барои дидор аз дӯстон ва зиёрати оромгоҳи волидайнаш омада будааст. Ӯро ба идораи рӯзнома, ки он вақт дар он ҷо адои вазифа мекардам, даъват намудам.

-- Албатта меравам, -- бо қаноатмандӣ арзи ризоият кард. – Охир «Ҳақиқати Ленинобод» барои ман даргоҳи муқаддас аст, -- Шумо даъват кунеду ман наравам, гуноҳи азим мешавад.

Сабаби барояш "даргоҳи муқаддас" будани идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод»-ро (алҳол «Ҳақиқати Суғд») дуруст нафаҳмидам. Гумон кардам, муқаррар аз 12-солагиаш, ки суратгирӣ кардааст, бо рӯзномаи вилоятӣ ҳамкорӣ доштагист ва аз ин хотир ин даргоҳро чун даҳҳову садҳо собиқ кормандону мухбирони ҷамоатӣ ва ҳазорон муштариёну ҳаводорони ин ҷаридаи куҳантарини шимоли Тоҷикистон муқаддас мешуморидагист.

Рӯзи дигар аз рӯи ваъдагӣ ба идора омад. Ва сӯҳбатамон аз хусуси муқаддасоти ин даргоҳ оғоз ёфт.

-- Раҳматӣ модарам дар ҳамин ҷо кор кардаанд. Мусаҳҳеҳ буданд. Он вақтҳо Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Аюбҷон Умаров, Муҳиддин Аминзода, боз киҳо буданд…?
-- Ҳоҷӣ Содиқ…
-- Ҳа, ҳа… о…о…о… худо раҳмат кунад, Ҳоҷӣ Содиқ аҷоиб марде буданд, инсони ҳақиқӣ, сонӣ аз ин ҷо ба Душанбе рафтанд. Модарама "Фаридахон" мегуфтанд, ҳарчанд номашон Некқадам буд, Некқадам Аронова. Туфайли худораҳматӣ модарам, ман ҳар гоҳ - ҳар гоҳ ба редаксия меомадам ва худро хушбахту сарбаланд медонам, ки бо ин қадар одамони бузург шинос шудам. Рости гап, дар давраи ба ин ҷо меомадагӣ шуданам Мирзо Турсунзода аллакай дар редаксия кор намекарданд, ба Сталинобод рафта буданд. Модарам дар бораашон нақлҳои аҷоиб мекарданд. Устод ҳар бор ба Ленинобод оянд, албатта ба «Ҳақиқати Ленинобод» ба қавли худашон сар мехалонданд, як пиёла чой менӯшиданд, сӯҳбатҳои гарме мекарданд.

Левӣ Исҳоқов. Ин ном барои хуҷандиён ва аксари мардуми шаҳру навоҳии гирду атрофи маркази вилояти Суғд ошност. Аниқтараш ӯро хурду калон аз рӯи самимият Лёва-ако мегуфтанд: барои бачаҳои мактабхон ҳам «Лёва-ако» буду барои ҳамсинну солони худаш ҳам. Суратгирхонааш дар маҳаллаи «Пахтакор», рӯ ба рӯи истгоҳи охирини тролейбусҳо воқеъ буд.

Ҳар бор ба Хуҷанд ояд, албатта ба «Пахтакор» меравад, аз дур бошад ҳам ҳамон бинои суратгирхонаашро тамошо мекунад, ҳоло ҳам ҳамон хонача дар шафати бинои дуошёнаи истиқоматӣ истодааст, лекин суратгирхона буданашро имрӯз танҳо насли калону миёнасол медонад. Ба гуфти худаш устухонаш дар ҳамин ҷо бо нони ҳалоли суратгирӣ шах шудааст, ҳамин касб аҳли оилаашро хӯрондаасту пӯшондааст, рӯзгораш аз пушти суратгирӣ обод шудааст.

… 18 августи соли 1973 дар саҳни Қасри фарҳанги Арбоби колхози ба номи Ӯрунхоҷаев барои иштирокдорони семинари умумититтифоқии кооператорон зиёфати калон оростанд. Мухбирони суратгири рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ ҳам суратгирӣ мекарданду намояндагони васоити ахбори умуми марказӣ ҳам. Левӣ низ бидуни ягон супориш сурат мегирифт, ҳамин тавр барои худаш, барои таърих.

Котиби якуми кумитаи партиявии вилоят Рифъат Ҳоҷиев Левиро диду назди худ хонд.
- Саҳар то соати ҳашт 5 – 6 сурат тайёр карда метавонӣ? - Ҳарчанд, пурсиши котиби якум оҳанги хоҳишро дошт, лекин ин супориш буд.
- Тайёр мекунам.- Ҷавоб дод Левӣ.
- Лёва, пагоҳ баъди ношто меҳмонон мераванд, -таъкид карда монд Ҳоҷиев, - мошин ҳаст?
- Ягон ҳисобаш мебарояд, Рифъат Ҳоҷиевич!
- Андаке ист, - котиби обком раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Хуҷанд Раҳимҷон Фозиловро наздаш даъват кард. - Муллораҳимҷон, дидед, ҳамин қадар суратгир ҳасту ягон нафараш як шаб бедорхобӣ кашидан ва то саҳар буд кардани корро ба гардан намегирад. Боз аз ҳамин Лёва намонем, - ва супориш дод, - мошинатонро ба ихтиёри Лёва медиҳед ва худи пагоҳ масъалаи ҷудо кардани мошин ба Лёва ҳал шавад. Ман ба Раҳбар Қосимович мефаҳмонам, дилхоҳашро ёфта диҳед.

Раҳбар Қосимов он вақт ба сифати котиби якуми кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон роҳбарии ноҳияи Хуҷандро (алҳол ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба ӯҳда дошт.
Леви ҳамон шаб мижа таҳ накарда суратҳои гирифтаашро тайёр кард, аз баъзееашон то даҳтогӣ бардошт. Соати 7-и субҳ суратҳо ба дасти Ҳоҷиев расиданд.

Нисфирӯзӣ телефон шуд. Левиро ба ҷамъияти матлуботи Унҷӣ даъват карданд.
- Ана, ин мошин аз они шумо, гирифта равед, - гуфт раиси селпо.
- Ман пул наовардаам, дар хона ҳам ин қадар пул нест, якбора ёфта наметавонам, - Левӣ ҳайрон шуда монд.
-Гирифта баред, ҳозир набаред, гап мешунавем, кай пул пайдо кунед, оварда ба касса месупоред, фақат барвақттар, - раиси селпо ҳуҷҷатҳои «Жигули»-ро ба дасташ дод.

Лёва-акоро касбаш мошиндор кард. Ҳамон солҳо аз давлат мошин гирифтан ниҳоят мушкил буд, солҳо навбат поидан рост меомад. Аз бозор нимдошташро харидан ҳам амри муҳол буд, нархаш дандоншикан, аз будаш қариб ду баробар изофа мефурӯхтанд.

Лёва Ягудаевич соли 1993 дар пайравӣ бо ҳаммиллатонаш - яҳудиҳои бухороии маскуни Хуҷанд ба ватани аҷдодӣ рафт. Дар пойтахти Исроил – Тел-Авив маскан пайдо кард. Не, ӯ аз нотинҷиҳои ба сари Тоҷикистон омада, аз ҷанги бемаънии бародаркуш наҳаросид, аз тарси ҷон нагурехт, ба рӯзҳои нек, ба бузургии миллати тоҷик, ба сарбаландию таҳаммулаш бовар мекард, медонист, ки рӯзе ақли солим ғалаба мекунад, ба Тоҷикистон сулҳ меояд ва он пойдору устувор мегардад.

Чаро рафт? Чаро Тоҷикистон, Хуҷанд – сарзаминеро, ки андаке қариб 70 сол муқаддам рӯи хокаш хуни нофаш рехта буд ва онро бо дили пур Ватан мегӯяд, тарк гуфт?

Бобою модаркалон, модараш аз Қӯканд ҳанӯз солҳои сиюми асри гузашта аз босмачиён гурехта, ба Хуҷанд омаданд ва дар ҳамин ҷо Некқадам ба шавҳар баромад, Левиро ба дунё овард. Левӣ аввал дар мактаби рақами 5 хонд, пас ба синфи русии мактаби рақами 1-и ба номи Пушкин гузашт ва аз синфи ҳафтум дар мактаби шабонаи коргарҷавонон таҳсилашро идома дода, ҳамзамон шогирди суратгир шуд. Устодаш Лиза Довудова меҳри ростини шогирдашро ба ин касб пайдо кард ва сахт ба тарбияташ пардохт. Баъдтар аз Русия мусаввири моҳири чеҳрасоз Константин Васильевич Трубачев ба Ленинобод кӯчида омад. Лиза Довудова суратҳои гирифтаашро ҳаҷман калон ва портретӣ карданӣ шавад, негативро ба назди Константин Васильевич мебурд. Трубачев аз зеҳни тозаи Левии 14-сола огаҳӣ ёфт ва пешниҳод кард, ки портретсозиро ёд гирад. Баъди ин Константин Васильевич устоди дуюми Левӣ гардид. Ва ҳамин тариқ Левӣ соҳиби касби ҳамон солҳо басо нодири чеҳранигорӣ шуд.

Танҳо нияти зиндагӣ дар сарзамини аҷдодӣ ва ҳидояти хешовандони аллакай кӯчбастааш ӯро ба Исроил бурд.

- Тоҷикистон дар дилу дидаи ман аст, - ашки чашмонашро номаълум бо сарангушташ пок мекунад Лёва-ако. Рафтан аз ин ҷо, аз ин замини биҳиштӣ маънои дасту дил шустан аз Тоҷикистон, аз зодгоҳамро надорад. Чун имкон пайдо кардам, чун роҳкиро ёфтам, ҳатман озими Хуҷанд мешавам. Ҳар сол як бор, нашавад, дар ду сол маротибае омада, аввал хоки Хуҷандро мебӯсам, ба сари қабри падару модарам, пайвандонам меравам, мазорашонро зиёрат мекунам, рӯбучин менамоям, зарур шуда монад, таъмиру тармим мекунам. Тоҷикистонро фаромӯш карда наметавонам. Дар ҳамин ҷо мактаб хондам, дар ҳамин ҷо камол ёфтам, касбу кор ёд гирифтам, соҳиби обрӯю эътибор шудам, ёру ҷӯраҳоям – тоҷикону русҳо, ӯзбекон дар ҳамин ҷо. Ҳарчанд дар Исроил аз рӯзгорам наменолам, як пораи дилам дар ҳамин ҷост, меҳри мардуми тоҷик, муҳаббати хуҷандиён дар дилам. Ба қадри ин сарзамин нарасидан, халқи одамдӯсташро дӯст надоштан ҳаргиз мумкин нест.

Дар Тел-Авив зиндагии Лёва-ако бад нест, ҳисоби корро ёфт, боз ҳамон касби суратгириро идома дод. Лекин вазъи саломатиаш пас аз се соли ба Исроил кӯч бастанаш андаке коҳид. Дилашро ҷарроҳӣ карданд. Воқеан, арзиши чунин ҷарроҳӣ дар Исроил баробари 30 ҳазор доллари амрикоӣ аст. Ҳаққи амалиёти ҷарроҳиро пурра ширкати суғурта партохт, чунки Левӣ баробари ба Исроил омаданаш худро суғурта карда буд.

Пас аз ҷарроҳии қалб ба нафақа баромад. Сонитар пояш дард мекардагӣ шуд. Ҳоло ӯ дукарата - ҳам барои бемории дил ва ҳам дарди пой алоҳида - алоҳида нафақа мегирад. Ба замми ин барои маъюбиаш давлат ройгон мошин дод, ҳар моҳ барои нигоҳубини мошин давлат пул xудо мекунад, ки аз он харҷи якмоҳаи бензин қариб мебарояд. Аслан дар Исроил нафақахӯр ҳуқуқ надорад, ки мошин харад, дар акси ҳол дороиаш басанда гуфта, додани нафақапулиро қатъ мекунанд.

Ҳамсари Левӣ Ягудаевич – Нира Давидовна Юсуфова низ нафақахӯр аст, фарзандонаш – Пинхас соҳиби мағоза, Ларисаю Гуля ҳамшираҳои шафқатанд, Иля, ки омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷандро ба итмом расондааст, дар Тел-Авив духтури дандон шуда кор мекунад. Авнер барномасози компьютерӣ аст. Хулоса, ёфтагиашон ба зиндагӣ мерасад, шикоят надоранд.

Яҳудиҳои бухороӣ дар Исроил чойхонаи тоҷикӣ сохтаанд, ки он ҷо сари пиёлаи чою палави лазизи тоҷикӣ рӯзҳои фориғ аз кор сӯҳбат меороянд, дам мегиранд. Нонвойхона, ошхона, тарабхона кушодаанд. Ҳамаи ин нуқтаҳои хизматрасон ва маишӣ бо ташаббус ва дастгирии Аврон Пинхасови хуҷандию Михаил Кимёгарови душанбегӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд ва бо сарпарастии ин олиҳимматон оилаҳои камбизоат, ашхоси яккаву танҳо ва ҳамаи эҳтиёҷмандон аз ошхона бепул хӯрок мехӯранд. онҳо рӯзномаи худро бо номи «Бухарская газета» таъсис додаанд, ки бо забонҳои тоҷикию русӣ чоп мешавад. Театр ташкил кардаанд ва онро ба ифтихори Михаил Толмасов – Артисти Хизматнишондодаи Ӯзбекистон номгузорӣ намудаанд. Алҳол дар Самарқанд низ кӯчае бо номи ин ҳунарманди варзида ҳаст.

Сарварии театри яҳудиёни бухороиро сарояндаи басо хушсалиқа, Ҳунарпешаи Мардумии Тоҷикистон Борис Наматиев ба ӯҳда дошт. Беҳтарин санъаткорон, аз қабили София Бадалбоева, Рафаэл Бадалбоев ( якумӣ –духтар ва дувумӣ набераи шодравон Барно Исҳоқова), Аврон Толмасов, Артисти Халқии Ӯзбекистон Омнун Давидов, раққоса ва актрисаи театр Артисти Хизматнишондодаи Ӯзбекистон Вилоят Оқилова ва бисёр дигарон дар саҳнаи он ҳунарнамоӣ мекунанд ва соф сурудҳои тоҷикӣ ва бахосса дурдонаҳоро аз "Шашмақом"-и безавол мехонанд.

Сарпарастии театри ба номи Михаил Толмасовро Конгресси яҳудиёни бухороӣ ва сармоядор Лев Ливаев ба зимма гирифтаанд. Худи Лев Ливаев аслан аз Бухоро буда, падараш ҳанӯз дар давраи шӯравӣ – соли 1967 аз Самарқанд ба Исроил кӯчида омадааст. Лев Ливаев ба мактабҳо кӯмак мекунад, муҳассилинро бо хӯроки бепул таъмин менамояд. Ба мактабҳои таълими забони яҳудии Тошканду Бухоро, ба каниса - ибодатгоҳи яҳудиён ҳамеша дасти мадад дароз мекунад.

Дар масъалаи кӯмак ба яҳудиёни бухороӣ саҳми депутати парлумони Исроил Амнун Куен, ки то охири солои 60-ум дар Бухоро мезист, низ беназир аст.

-Марги Рафаэл Толмасов ва Барно Исҳоқова барин бо маънои пуррааш ситораҳои саҳнаи ҳам тоҷик ва ҳам театри яҳудиёни бухороии муқими Исроил барои мо хеле гарон буд. Ҳар дуяшон ҳам асосгузорони ҳамин театр буданд, дар ҳамин ҷо кору эҷод мекарданд. Андӯҳи тоҷикистониёнро нисбати вафоти Барно-апа газетаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Ленинабадская правда» чоп карда буданд. Ин ду газетаро гирифтем. Чун нишона гирифта мондаем. Раҳмат ба Шумо, ки ин бузургонро баробари мо азиз медоред. – Боз дар чашмони Лёва-ако ашк ҳалқа зад.

Пай бурдан мушкил буд, ки ин ашки ғам аз талафоти саҳнаи тоҷик аст, ё ашки шодӣ аз қадршиносии миллати тоҷик. – Медонед, аз фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҳёи "Шашмақом" мо чӣ қадар хурсанд шудем? Мешудааст-ку ба мероси гузаштагон бо диди нав рӯ овардан. Шунидем, ки Ҷӯрабек Муродов бо дастгирии Қосимҷон Қосимов (раиси ҳамонвақтаи вилояти Суғд) ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд»-ро ташкил кардааст. Насиб бошад, ҳунари ин ансамблро дар саҳнаи театри ба номи Михаил Толмасови шаҳр Тел-Авив тамошо мекунем.

Кас ҳайрон мемонад, ки Лёва-акои суратгир ин қадар санъату санъаткорро қадр карда метавонад, ин қадар ба суруду навои классикии тоҷик ихлос дорад.
- Ман ба Шумо кассетаи сурудҳои Аврон Толмасовро, ки аз Исроил овардаам, ҳадя мекунам,- Лёва-ако фитаро ба ман дароз кард, вақт ёфта гӯш кунед.

Гӯш кардам, гаштаю баргашта гӯш кардам. Нохун ба танбӯр мезанад, бодард, басо форам бо сабки классикӣ мехонад. Дар хонишаш дурӣ аз Ватан, аз Тоҷикистон эҳсос мешавад.

- Эҳтироми сидқидилонаро ба ҳамватанон вақти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Америка аз телевизион дида ба ваҷд омадем. Боварӣ дорам, ки президенти Тоҷикистон албатта ба Исроил меояд ва моро низ ҳамин хел ҳиссиёти гуворо фаро мегирад. Фақат мо мехостем ва орзуи деринаамон ин аст, ки дар Тел – Авив Сафорати Тоҷикистон кушода шавад.

Хулоса, ҳама чиз барояшон мерасад, аз ҳама имтиёзҳо бархӯрдоранд, фарзандонашон дар мактабҳои миёнаю донишкадаҳои олӣ мехонанд, ҳуқуқи хизмати ҳарбиро ҳам сазовор гаштаанд, шаҳрванди комилҳуқуқи Исроиланд, ғариб, бекасукӯй, бечораю дармонда нестанд.

Танҳо дур аз Тоҷикистон – аз зодгоҳ будан рӯҳан азияташон медиҳад. Ҳамеша, хоҳ танҳову хоҳ сарҷамъ аз ватан, ёру дӯстони тоҷикистонӣ, аз зебоиҳои табиати кишвари афсонавӣ – аз Варзобу соҳили Сир, Зарафшону Хатлону Ҳисор, аз Бадахшон ёд мекунанд. Чун наврасию бачагӣ, ҷавониашонро, ки дар Тоҷикистони барояшон азиз гузаштааст, ёд меоваранд, эҳсосоти ширину гуворои гумкарда фарогири вуҷудашон мешавад.

Санади таърихӣ ҳаст: кишвареро, ки яҳудиён тарк мекунанд, нооромӣ интизораш аст. Гӯё пешомадро медонанд. Аввалҳои солҳои навадум яҳудиён Тоҷикистонро тарк карданд. Қисме ба Исроил рафт, қисме ба Амрико. Баъди ноҷӯрию нооромиҳо ва ниҳоят ҷанги дохилӣ вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад, тарафҳои даргир ба ҳам пайвастанд, сулҳу амонӣ дар кишвар пойдор шуд. Муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргаштанд. Чандин оилаҳои яҳудиён, ки бар асари даргириҳо Тоҷикистонро тарк карда буданд, ба Душанбе боз гашта омаданд. Ин фоли нек аст.

… Ва гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи ноябри соли 1992 аз минбари Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон садо доданд: --То охирин гуреза ба Ватан барнагардад, ман худро ором ҳис намекунам,-- ба амал пайваст ва Тоҷикистон фарзандони худро боз ба огӯш мекашад.

Маҳмудҷон Иброҳимов,
шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG