Мақомоти тафтишотии Русия рӯзи 5 май Маҳмадалӣ Аҳмадов, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро барои анҷоми ҳаракатҳои тафтишотӣ бо конвой ба рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизрани вилояти Самара оварданд. Маҳмадалӣ Аҳмадов яке аз 4 гумонбари ҳамлаи хунини шаби 24 апрел ба як манзил дар Ивашева мебошад. Дар ин ҳамла подполковник Андрей Гошт, муовини сардори ситоди раёсати корҳои дохилаи вилояти Самара ва 5 узви хонаводаи ӯ, бо шумули падару модари солхӯрдааш кушта шуданд. Аз ин ҳамла танҳо духтарчаи ҳамагӣ ҳафтсолаи бародари ин афсари баландпояи пулис ҷон ба саломат бурд, вале то ҳол дар ҳолати мадҳушӣ дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.
Маҳмадалӣ Аҳмадов, ба гуфтаи мақомоти вазорати корҳои дохилаи Русия субҳи 4 май ҳангоми пойин шуданаш аз парвози Душанбе –Маскав дар фурудгоҳи Домодедово дар канори пойтахти Русия дастгир шуда, худи ҳамон рӯз ба вилояти Самара оварда шуд. Кумитаи тафтишоти Русия, ки ин зодаи Тоҷикистонро ташкилкунандаи ҳамла ба хонаводаи Андрей Гошт мешуморад, рӯзи 4 май айбномаи расмии ӯро эълон кард.
Аҳмадов ва ҳамин тавр, се гумонбари дигар – Ислом Бобоев, Орхан Зохрабов ва Роман Фаталиев, ки зодагони Озарбойҷон мебошанд, бар асоси қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия(куштори беш аз ду нафар ва қасди куштори ноболиғ) ва ҳамчунин қисми чоруми моддаи 162-юми ин кодекс (ғоратгарӣ) айбдор мешаванд.
Ба дунболи анҷоми ҳаракатҳои тафтишотӣ додгоҳ зоҳиран ҳукми ҳабси Маҳмадалӣ Аҳмадовро содир хоҳад кард. Се гумонбари дигар алакай рӯзи 2 май ба додгоҳ эҳзор шуда, барои думоҳӣ ба ҳабс гирифта шуданд.
Бо ин ҳол, дар атрофи дар куҷо ва чӣ шароите боздошт шудани Маҳмадалӣ Аҳмадов фарзияҳо хеле мухталифанд.
Қонунгузориии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ супурдани шаҳрвандонашро манъ мекунад. Онҳо барои ҷиноятҳое, ки дар қаламрави кишварҳои дигар содир кардаанд, бояд дар худи Тоҷикистон ва сӯи додгоҳҳои ин кишвар муҳокима шаванд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 5 май эълон кард, ки Аҳмадов худ ба ин вазорат ҳозир шуда, гуфтааст, ки дар қатли аъзои хонаводаи Гошт дар Самара даст надорад. Бино ба ин манбаъ, ин зодаи Тоҷикистон худ ихтиёран ба Русия баргашт, ки бегуноҳиашро собит кунад.
Ирина Волк, сухангӯи вазорати корҳои дохила ва Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 4 май гуфтанд, ки як рӯз қабл мақомоти вазорати корҳои дохилаи Русияро ҷониби Русияро аз қасди сафари Маскав доштани Маҳмадалӣ Аҳмадов дар ҷараён гузоштаанд ва ӯро субҳи 4 май ба муҷарради ба фурудгоҳи Домодедово расидани ҳавопаймои Душанбе -Маскав дастгир карданд.
Аммо Сергей Солодовников, сардори пулиси вилояти Самара рӯзи 4 май фарзияи комилан дигари боздошти Аҳмадовро ба хабарнигорон қисса кард. Ба гуфтаи сардори раёсати корҳои дохилаи ин вилоят, Маҳмадалӣ Аҳмадов дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳангоми қасди убури ғайриқонунии марз дастгир шудааст.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон инро рад карданд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, раҳбари маркази матбуоти сарраёсати нирӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 4 май ба Озодӣ гуфт, “чунин шаҳрванд дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сабт нашудааст ҳангоми боздошт ё убури сарҳад.” Ӯ бо истинод ба омори убуру мурури марзҳои Тоҷикистон афзуд, ки бино ба маълумоти онҳо, нафаре бо чунин но аслан вориди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нашудааст.
Андрей Гошт ва 5 тан аз хешовандони наздики ӯ шаби 24 апрел дар хонаи падариашон дар рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизрани вилояти Самара кушта шуданд. Ҳамлагарон, ба гуфтаи мақомот, подполковник Гошт ва наздикони ӯ, бо шумули падару модари солхӯрдаашро бо зарби болға ё дубинка зада-зада куштаанд.
Се гумонбари аввал дар ин ҳамла ҳанӯз рӯзи 30 апрел дар Самара дастгир шуданд. Онҳо дар додгоҳ даст доштани худ дар қатли 6 узви хонаводаи Андрей Гоштро эътироф карда, гуфтаанд, ки ҳадафашон пул буд, вале аз он хона танҳо 906 рубл ёфтаанд.
Яке аз гумонбарон - Роман Фаталиев – дар яке аз фурӯшгоҳҳои Самара бо корти бонкии Андрей Гошт харид кардааст ва мақомот изи ҳамлагаронро маҳз баъди ҳамин пайдо кардаанд.
Тафтишот мегӯяд, Маҳмадалӣ Аҳмадов ва шариконаш ду рӯз қабл аз ҳамла дар як қаҳвахонаи воқеъ дар бозори “Шанхай”-и Самара нақшаи ҳамла ба манзили Гоштро кашидаанд. Орхан Зохрабов дар додгоҳ гуфтааст, ки онҳо ибтидо қасди куштани соҳибони хонаро надоштанд, вале вақте диданд, ки онҷо на 2 нафар, балки 7 нафаранд, аз тарс ҳамаро куштаанд.
Қазияи қатли 6 узви хонаводаи як афсари баландпояи пулиси Русия дар ҷомиа ва маҳофили сиёсии он кишвар сарусадои зиёде ба по кард. Франтс Клинтсевич, муовини аввали раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федеросиюн, ки дар ин маҷлиси болоии парлумони Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия”-и президент Владимир Путин намояндагӣ мекунад, гуфт, ки ӯ мехоҳад пешниҳоди ҷорӣ кардани виза бо бархе кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ ва ташвиқ кунад.
Франтс Клинтсевич бо ишора ба “қатли ваҳшиёнаи раҳбари собиқи пулиси Сизран ва аъзои хонаводаи ӯ бо дасти зодагони Осиёи Марказӣ” ва “марги мудҳиши кӯдак дар Маскав аз дасти дояи ақлгумкардааш аз Узбакистон” гуфт, “ҳама чиз ҳадди худро дорад” ва “бояд дар сатҳи давлатӣ хулосаҳои мушаххас бароварда шаванд ва моро зарур аст маълум кунем, ки барои Русия чӣ муҳимтар аст: равобити хуб бо ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ, ки мо, бидуни шак, ба онҳо арҷ мегузорем, ваё амнияти шаҳрвандони мо?” Франтс Клинтсевич гуфт, ки дар чунин шароит “ман қотеона аз ҷорӣ кардани режими виза тарафдорӣ мекунам ва бо тамоми васоили бароям дастрас ин пешниҳодро ташвиқ мекунам.”