Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

"8 кас худкушӣ кард." Марги 40 сарбоз дар як сол дар артиши Тоҷикистон

Ҷасади Абубакр Ҳусейнзода, сарбози Нерӯҳои марзбониро моҳи августи соли 2023 ба наздиконаш доданд
Ҷасади Абубакр Ҳусейнзода, сарбози Нерӯҳои марзбониро моҳи августи соли 2023 ба наздиконаш доданд

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гузориш дод, ки дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шудааст.

Аз ин шумора, ба иттилои Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, “6 нафар аз беморӣ фавтиданд”.

"Дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои муносибат 109 сарбоз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ду нафари онҳо ба ҳалокат расиданд,” – гуфта шудааст дар гузориши солонаи Омбудсмен.

Ин гузориш вазъро дар соли 2023 дар бар мегирад ва чанде пеш нашру дастрас шуд.

Радиои Озодӣ дар соли 2023 дар бораи марги камаш 5 сарбоз хабар дода буд. Наздикони ҳамаи онҳо мегуфтанд, ки ба табиӣ будани марги фарзандони худ бовар надоранд ва хоҳони таҳқиқ ҳастанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар пайванд ба марги сарбозон 12 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 9 қазия барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шуд. Натиҷаи онҳо маълум нест.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Хонаи мусиқии Эрон" ҳукуматро барои фишор ба ҳунармандон танқид кард

Дар Эрон Парасту Аҳмадиро барои сурудхонии беҳиҷоб ҷазо доданд
Дар Эрон Парасту Аҳмадиро барои сурудхонии беҳиҷоб ҷазо доданд

“Хонаи мусиқии Эрон” ба боздошти ҳунармандону бекор кардани консертҳо эътироз намуд.

Ин созмони ҷамъиятӣ бо ишора ба ҳодисаи боздошти Парасту Аҳмадӣ ва ду узви гурӯҳаш - Суҳайл Фақеҳ Носирӣ ва Эҳсон Байрақдор аз кори мақомот интиқод кард.

Парасту Аҳмадӣ рӯзи 11 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Youtube як консерташро бо иштироки дастаи ҳунарии мусиқинавозон нашр кард, ки дар он дар як корвонсарои қадимаи Эрон дар як даште бе ҳиҷоби маҷбурӣ ним соат сурудхонӣ кард.

Ҳунармандон бо дастури низоми додгоҳӣ як рӯз дар боздошт буданд ва субҳи якшанбе озод шуданд.

“Хонаи мусиқии Эрон” дар изҳороташ инчунин аз манъи консерти гурӯҳи “Нақш” дар Исфаҳон ва ҳабси яксолаи ҳунарманди ин гурӯҳ Хашоёр Сафедӣ барои ҳимояти ӯ аз ҳамкасбони танқидгари ҳукумат эътироз кардааст. Ин созмон аз президент Масъуди Пизишкиён хостааст, ки пеши роҳи фишору таъқибҳои ҳунармандону мусиқинавозонро бигирад.

Украина аз кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ дар Курск хабар дод

Акси ҷасадҳое, ки гуфта мешавад, дар миёнашон сарбозони Кореяи Шимолӣ низ ҳастанд.
Акси ҷасадҳое, ки гуфта мешавад, дар миёнашон сарбозони Кореяи Шимолӣ низ ҳастанд.

Идораи иктишофии Украина мегӯяд, ҳудуди 30 тан аз сарбозони Кореяи Шимолӣ, ки дар Курск ҳамроҳ бо русҳо зидди низомиёни украинӣ меҷангиданд, кушта ё маҷрӯҳ шудаанд.

Бори аввал аст, ки мақомоти Украина аз талафоти низомиёни Кореяи Шимолӣ дар Курск хабар медиҳад.

Идораи асосии иктишофии Украина дар хабарномае рӯзи 16-уми декабр гуфтааст, ки воҳиди низомии Кореяи Шимолӣ дар деҳаи Мартиновка, Плехово ва Ворожбаи Курски Русия “талафоти ҷиддӣ” дидаанд.

Тарҳи таҳқиқотии “Схема” аз бахши украинии Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми декабр аз мақомоти Украина аксҳоеро дарёфт кард, ки гуфта мешавад, ҷасади низомиёни Кореяи Шимолӣ дар Курск ҳастанд.

Радиои Озодӣ дурустии ин иддаоро мустақилона тасдиқ карда наметавонад. Мақомоти Русия ҳанӯз дар ин бора шарҳе надодаанд.

Украина моҳи августи имсол бахше аз вилояти Курски Русияро таҳти назорат даровард. Русия моҳи октябр барои ҷанг ба ин минтақа низомиёни Кореяи Шимолиро сафарбар кард. Теъдоди онҳо аз 10 ҳазор бештар гуфта мешавад.

Дар як шаҳри сайёҳии Гурҷистон 12 нафар ҳалок шудааст

Роҳи танобӣ дар шаҳри Гудаурии Гурҷистон
Роҳи танобӣ дар шаҳри Гудаурии Гурҷистон

Дар тарабхонае дар шаҳри Гудаурии Гурҷистон 12 тани беҷон пайдо кардаанд.

Ин шаҳр бо осоишгоҳояш маъруф аст.

Пулиси Гурҷистон ҳодисаро ҳамчун “марг аз беэҳтиётӣ” таҳқиқ мекунад.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон гуфтааст, ки дар бадани фавтидагон нишонаҳои марги маҷбурӣ дида намешавад. Ба гуфтаи ин вазорат, 11 тан аз онҳо хориҷӣ ва коргари ин макон будаанд.

Ҷасадҳоро дар хобгоҳи канори тарабхона пайдо кардаанд, ки ин афрод онҷо хоб рафта будаанд. Он шаб қувваи барқ дар ин макон хомуш шуда будааст.

Гудаурӣ дар 120 километрии Тифлис ҷойгир аст.

Соли 2018 дар ин шаҳр дар роҳи танобӣ дар садамае 11 нафар фавтида буд.

Даргузашти таърихдони шинохта Саидмурод Бобомуллоев

Саидмурод Бобомуллоев
Саидмурод Бобомуллоев

Таърихдони шинохтаи тоҷик Саидмурод Бобомуллоев рӯзи 16-уми декабр бар асари сактаи мағзӣ дар 64-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ чанд вақти охир аз фишорбаландӣ ранҷ мебурд.

Пайвандони ин хонавода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маросими видоъ ва дафни ӯ рӯзи 17-уми декабр дар Масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе доир мешавад.

Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар Фейсбук даргузашти ин донишмандро таслият гуфт.

Бобомуллоев то замони марг дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон кор мекард.

Саидмурод Бобомуллоев аз шогирдони академик ва таърихшиноси номвар Раҳим Масов буд.

Аз Саидмурод Бобомуллоев садҳо мақолаи илмӣ монд. Даҳҳо навиштаи ӯ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Исроил сафорати худро дар Ирландия баст

Исроил сафорати худро дар шаҳри Дублин, пойтахти Ирландия баст.

Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, сафорати ин кишвар бо сабаби "иқдомҳои зиддияҳуди"-и Ирландия баста мешавад. Саар гуфт, Ирландия дар равобит бо Исроил “ҳама хатҳои сурхро гузашт.”

Моҳи майи имсол Ирландия ҳамроҳ бо Испания ва Норвегия истиқлолияти Фаластинро расман эътироф кард. Ин тасмими се кишвари аврупоӣ норозигии Исроилро дар пай дошт.

Инчунин ҳафтаи гузашта Ирландия ба давъо дар бораи наслкушии Исроил дар Навори Ғазза ҳамроҳ шуд.

Африқои Ҷанубӣ аз болои Исроил ба Додгоҳи байнулмилалии Созмони Милал даъво карда, Тел-Авивро ба наслкушии фаластиниҳо дар Ғазза муттаҳам кард. Исроил ин даъворо рад кард. Додгоҳи Гаага ин даъворо барои муҳокима қабул кард, аммо баррасии он метавонад солҳо тӯл кашад.

Вазорати энергетика: аҳолӣ бояд 10 соат барқ гиранд

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон гуфтааст, сокинони деҳаҳо дар шабонарӯз бояд 10 соат барқ дошта бошанд.

Намояндагони ин Вазорат ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтаанд, мувофиқи реҷа ба аҳолӣ субҳ аз соати 5 то 8 ва бегоҳ аз соати 16 то 23 бояд барқ дода мешавад.

Аммо дар ин рӯзҳои сард, шикоятҳо аз иҷро нашудани ҳамин реҷаи таинкардаи мақомот зиёд аст. Баъзе сокинони шаҳри Душанбе, ки бояд шабонарӯз бо барқ таъмин бошанд, мегӯянд, барқи манзили онҳоро тақрибан ҳар рӯз қатъ мекунанд.

Ширкати "Барқи Тоҷик" моҳи сентябр эълон карда буд, ки зимистони имсол "бисёр сарду тӯлонӣ" хоҳад буд ва бинобар ин аз 22-юми сентябр ба мардум бо маҳдудият нерӯи барқ медиҳад. Пештар мавсими "лимит" моҳи октябр оғоз шуда, дар моҳи апрел ба поён мерасид.

Таъмини аҳолӣ бо барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир аст, ки бо вуҷуди бунёди баъзе аз нерӯгоҳҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Дар шаҳри Конибодом боз чор касро куштаанд

Даромадгоҳи деҳаи Ҳисорак (Акс аз бойгонӣ)
Даромадгоҳи деҳаи Ҳисорак (Акс аз бойгонӣ)

Шаби 15-уми декабр дар шаҳри Конибодом чор каси дигар кушта шудаанд. Инҳо аъзои ду оила ҳастанд. Ҳодиса дар деҳаи Ҳисорак (собиқ Қурғонча) рух додааст.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомот ва ҳам сокинон гуфтанд, ду нафар аз кушташудаҳо зану шавҳар ва ду каси дигар модару писар буданд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва ҳамсараш Зарнигори 28-сола будаанд. “Аз инҳо се фарзанд ятим монд, шаби ҳодиса онҳоро накуштаанд,”-афзуд манбаи Озодӣ.

Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, афроди номаълум шаби гузашта Ойиша Шокирова 70-сола ва писари 44-солааш Ҷавлон Шокировро ҳам ба қатл расониданд.

Мақомот то ин лаҳза дар бораи ин ҳодиса ҳеч шарҳе намедиҳанд. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмии ҳодиса ба шаҳрдории Конибодом ва Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кард. Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом баъди шунидани суоли мо, бо зикри инки "маҷлис дорам" гӯширо гузошт. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба зангҳои батакрори мо посух надод.

Деҳаи Ҳисорак ё собиқ Қурғонча, як деҳаи хурде дар наздикии маркази шаҳри Конибодом аст.

Баъд аз моҳи марти имсол, дар бораи кушта шудани аъзои дастикам ҳашт оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ангезаи кушторҳо норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.

Додгоҳҳои Тоҷикистон то ин дам ду касро барои даст доштан дар қатлҳои мармузи Конибодом ба ҳабс маҳкум кард. Марат Сатторов ба ҳабси абад ва Шарифҷон Ашӯров ба 20 сол зиндон маҳкум шуд. Наздикони Шарифҷон Ашӯров ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ доранд. Пайвандони бархе аз кушташудаҳо ҳам мегӯянд, агар инҳо қотилони асосӣ бошанд, пас чаро куштори оилаҳо дар Конибодом то ҳол давом дорад?

Ҷасади як сокини Ишкошимро баъди ним сол ёфтанд

Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.
Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки ҷасади як сокини 67-солаи ноҳияи Ишкошимро баъди ним сол аз об пайдо карданд.

Дар хабарномаи Кумита омадааст, Барақбоев М. корманди шифохона буд ва 4-уми июн имсол лаб-лаби ҷар ба хона бармегашт, вале бедарак шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, бенишон шудани ин мард "ҳамаро ба ташвиш оварда буд" ва одамон мепурсиданд, ки сабаби ғарқ шудани ин мард чист.

Мақомот мегӯянд, ҷасади ин мардро дар ниҳоят 14-уми декабр пайдо карда, ба наздиконаш супориданд. Ин сокини Ишкошим соҳиби 6 фарзанд будааст.

Ҳамасола дар обҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд ва ҷасади на ҳамаи онҳо пайдо мешавад.

Аз ҷумла, рӯзи 30-юми ноябр як марди 54-сола аз деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон ба ҷарӣ сарозер шуда, ба дарёи Панҷ афтод.

Наздиконаш шикоят доранд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои ёфтани ҷасади ин мард талош намекунад. Мақомот гуфтанд, мошини ин сокини Шуғнонро аз дарё бароварда, вале худашро наёфтанд.

Олмон гуфт, ҷонибдорони Башор Асадро роҳ намедиҳад

Акси зани сурӣ дар як эътироз дар Олмон
Акси зани сурӣ дар як эътироз дар Олмон

Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҳушдор додааст, ки ҷонибдорони Башор Асад талоши паноҳанда шудан дар ин кишварро накунанд.

Ин вазорат гуфтааст, онҳое, ки дар шиканҷа ва саркӯби фаъолон дар ҳукумати Башор Асад даст доштанд, агар ба Олмон биоянд, боздошт шуда, ҷазо мегиранд.

Башор Асад рӯзи 8-уми декабр ба Русия гурехт ва мухолифонаш ҳукуматро гирифтанд.

Дар давраи ҳукумати ӯ садҳо ҳазор сурӣ (суриягӣ) аз тарси боздошту шиканҷа ва ҷанг ба Олмон фирор карда буданд.

Мақомоти Олмон гуфтанд, ки назорат ба марзҳоро сахттар мекунанд.

Ҳукумати Олмон ҳамчунин эълон кард, ки суриҳое, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва пешрафт кардаанд, метавонанд кору зиндагиашонро идома диҳанд.

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон гуфтааст, ба суриҳое, ки мехоҳанд ба ватанашон баргарданд, кумак мекунад, вале ҳушдор додааст, ки ҳанӯз ояндаи ин кишвар маълум нест.

Дар як шаб Русия ба Укарина бо беш аз 100 бесарнишин ҳуҷум кард

Украина дар оташи ҷанг
Украина дар оташи ҷанг

Шаби 15-уми декабр Русия бо беш аз 100 ҳавопаймои бесарнишин ба минтақаҳои гуногуни Украина ҳамла кард.

Нерӯҳои дифоъ аз осмони Украина гуфтанд, ки 56 бесарнишинро заданд ва 49- тои он ба ҳадаф нарасид ва се бесарнишинро ба самти Русия пас гардонданд.

Чанд бесарнишин ба биноҳои истиқоматӣ ва маҳаллаҳои аҳолнишин бархӯрда харобӣ ба ҷой гузоштааст.

Дар Николаев ду нафар маҷрӯҳ шудааст.

Русия бо шиддати бештар ба сохторҳои барқрасонии Украина ҳамла мекунад. Аксари шаҳру навоҳии ин кишвар дар зимистони сард бебарқу бегармӣ мондаанд.

Русия се сол пеш бе далел ба Украина ҳамла кард ва ин кишварро ба харобазор табдил додааст.

Сарояндае, ки дар Эрон бе ҳиҷоб суруд хонд, аз боздошт раҳо шудааст

Парасту Аҳмадӣ
Парасту Аҳмадӣ

Пулиси Эрон Парасту Аҳмадӣ, сарояндае, ки бидуни ҳиҷоб суруд хонда буд, аз боздошт раҳо кардааст.

Ин сароянда рӯзи 11-уми декабр дар саҳифааш дар Ютуб сурудхониашро бидуни ҳиҷоб нашр кард. Дар Эрон ин амал ҷиноят ҳисоб мешавад.

Пулиси Эрон хабар додааст, ки Парасту Аҳмадӣ пас аз “корҳои фаҳмондадиҳӣ” раҳо шуд.

Дар саҳифаи Ютуби ӯ навори сурудхониашро, ки рӯзи 11-уми декабр нашр шуд, беш аз 1,6 миллион бор дидаанд.

Навор аз Радиои Фардо:

Ӯ бидуни ҳиҷоб ва бо либоси бе остин дар саҳни ҳавлие бо чанд навозанда, вале бе ҳузури тамошобин суруд мехонад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин кори ӯро “қаҳрамонӣ ва ҷасорат” номидаанд.

Парасту Аҳмадӣ дар сурудхонии ҷанҷолиаш оҳанги тоҷикии "Камарборики ман"-ро низ мехонад, вале дар он "Ёри тоҷикӣ ман" ҳазф шудааст. Ин сурудро Аблуқосим Лоҳутӣ, шоири эронӣ, ки дар Тоҷикистон мезист, навиштааст ва онро сарояндаҳои зиёд тоҷик оҳанг баста, суруд хондаанд.

Парасту Аҳмадӣ соли 2022 низ барои тарафдорӣ аз эътирози “Зан, зиндагӣ, озодӣ” боздошт шуда буд.

Эрон, ки беш аз 40 сол боз ҷумҳурии исломӣ эълон шудааст, беҳиҷобиро ҷиноят медонад.

Чанд соли ахир, занони Эрон бо эътироз ба ҳукумат аз пушидани ҳиҷоб худдорӣ мекунанд.

Ҳузури бозигарони хориҷӣ дар бозиҳои футболи соли 2025 дар Тоҷикистон маҳдуд шуд

Акси бозигарони дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода
Акси бозигарони дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) нақшаи мусобиқаҳои соли 2025-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мавсими нави қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 7-уми март оғоз меёбад.

Мисли имсол қаҳрамонии Тоҷикистон бо ширкати 12 даста дар ду давра баргузор мешавад. Дастае, ки дар соли 2025 ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меафтад ва дастае, ки дар мусобиқот ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

Шакли нави маҳдудияти шумораи бозигарони хориҷӣ тасдиқ гардид. Дар соли 2025 ҳар як дастаи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба дархости худ ворид кунад, аммо танҳо панҷ легионер дар як вақт имкон дорад дар майдон бошад.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни қаҳрамони кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мегардад. Бозӣ 25-уми май, дар Рӯзи ҷаҳонии футбол, баргузор мешавад.

Дар соли 2025 ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат буда, бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ фаъолияти доварон мавриди танқиди шадид қарор гирифта, ба Департаменти доварон ва нозирони ФФТ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи доварӣ чораҳои қатъӣ андешад.

Тасмим гирифта шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сифати доварӣ музди маоши доварон, нозирон ва комиссарони бозиҳо дар мавсими нав 30 дарсад боло бурда шавад. Сар аз соли 2025 довароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, барои холҳои пасти гирифтаашон муҷозот хоҳанд шуд.

Кумитаи иҷроияи ФФТ, ҳамчунин, нақшаҳои фаъолияти дастаҳои мунтахабро барои соли 2025 тасдиқ кард. Макони баргузории бозии нахустини тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили мунтахаби Тимори Шарқӣ муайян шуд. Ин бозӣ 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз меёбад.

Ҳамчунин, кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯйхати беҳтарин бозигарон ва мураббиёни соли 2024-ро тасдиқ кард, ки дар маросими ҷоизасупорӣ ба барандагони номинатсияҳо тақдим хоҳад шуд.

Додгоҳ аз бастани TikTok дар Амрико ҷонибдорӣ кард

Рамзи ТикТок бо парчами Чину Амрико
Рамзи ТикТок бо парчами Чину Амрико

Додгоҳи таҷдиди назари ИМА дархости соҳиби TikTok-ро дар бораи набастани ин шабака рад кард.

Ҷо Байден, президенти Амрико, дар охири моҳи апрели имсол тарҳи қонунеро имзо кард, ки агар TikTok соҳибашро давоми нӯҳ моҳ дигар накунад, баста мешавад.

Додгоҳ даъвои ширкати ByteDance, молики ТикТок-ро дар бораи набастани ин шабака дар ИМА беасос донист.

Ҷонибдорони маҳдуд кардани TikTok мегӯянд, ин шабака ба амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида хатар дорад. Ба бовари онҳо, ҳукумати Чин метавонад аз ширкати ByteDance, ки молики ТикТок аст, маълумоти шахсии корбарон аз Амрикоро талаб кунад. Ин шабака иддаоро рад мекунад.

TikTok қонунро нақзи ҳуқуқи 170 миллион корбари ин шабака дар ИМА медонад.

Бар асоси қонун ин шабака бояд 19 январи соли оянда баста шавад. Дар сурати баста нашудан онро 850 миллиард доллар ҷарима интизор аст.

Доналд Трамп, президенти ИМА ваъда дода буд, ки ин шабакаро "наҷот" медиҳад. Ӯ 20-уми январ ба кор оғоз хоҳад кард. Дар ин сурат эҳтимол TikTok як рӯз дар Амрико баста шавад.

Аксҳои моҳвораӣ аз Ҳмеймим: Русия таҷҳизоташро мебарад

Ин тасвирро ширкати “Maxar” рӯзи 13-уми декабр нашр кард
Ин тасвирро ширкати “Maxar” рӯзи 13-уми декабр нашр кард

Бино ба аксҳои нави моҳвораӣ, ба назар мерасад, Русия бахше аз таҷҳизоти низомии худро аз пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймим дар Сурия берун мебарад.

Тасвирҳоро ширкати “Maxar” рӯзи 13-уми декабр нашр кард.

Тибқи он, дастикам ду ҳавопаймои борбар дар пойгоҳи Ҳмеймим дида мешаванд.

Ба гузориши “Рейтерс”, ин ду ҳавопаймо навъи “АН-124” ҳастанд, ки асосан барои интиқоли борҳои вазнин истифода мешаванд.

“Maxar” навиштааст, дар тасвирҳои нави моҳвораӣ чархболи Ка-52 ва бахшҳои низоми дифоии S-400 низ ба чашм мехӯранд.

Русия дар солҳои охир барои пуштибонӣ аз ҳукумати Башор Асад дар Сурия ҳузури низомӣ дошт. Ҳукумати Башор Асад рӯзи 8-уми декабри 2024 суқут кард.

Ҳафтуним ҳазор сарбозу афсари Русия дар ду пойгоҳ – Тартус ва Ҳмеймими Сурия – ҷойгир буданд. Чанд рӯз пеш дар тасвирҳои моҳвораӣ дида шудааст, ки киштиҳои низомии Русия пойгоҳи Тартусро тарк мекунанд.

Додгоҳи Эрон хабарнигори пешини Радиои Фардоро ба 10 сол ҳабс маҳкум кард

Ризо Вализода
Ризо Вализода

Додгоҳи инқилоб дар Теҳрон Ризо Вализода, хабарнигори эронӣ-амрикоӣ ва корманди пешини Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодиро ба 10 сол зиндон маҳкум кард.

Додрас Имон Афшорӣ рӯзноманигорро ба "ҳамкорӣ бо ҳукумати Амрико", ки Ҷумҳурии Исломӣ "душман" мехонад, гунаҳкор донист.

Ризо Вализода пас аз даҳ сол кор дар Радиои Фардо, моҳи ноябри соли 2022, аз ин расона рафт. Пас аз муддате будубош дар хориҷ ба дидори наздиконаш ба Эрон баргашт ва моҳи октябри соли 2024 боздошт шуд.

Ба иттилои Радиои Фардо, Вализода дар ду ҷаласаи додгоҳӣ дар моҳи ноябр тавонистааст, "ним соат аз худ дифоъ кунад".

Наздиконаш гуфтаанд, Ризо Вализода ба як “доми амниятӣ” уфтод.

Худаш дар паёми охирин дар шабакаи “Х” навишта буд, ки бо Созмони иттилооти Сипоҳи посдорон музокироти нотамом дошт, аммо дар ниҳоят бе ягон замонатнома, на хаттӣ ва на шифоҳӣ, ба Эрон баргашт. Маълум нашуд, ӯ дар чӣ шароит ин навиштаро нашр карда буд.

Нерӯҳои Русия ба шаҳри Покровск наздик шудаанд

Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Русия ба шаҳри стратегии Покровск дар шарқи Украина наздик шудаанд.

Нашрияи "The New York Times" хабар дод, ки нерӯҳои Русия рӯзи панҷшанбе, 12-уми декабр, ҳамагӣ се километр дуртар аз канораҳои ҷанубии Покровск қарор доштанд.

Генерал Олександр Сирский, мақоми баландпояи артиши Украина, хоҳони таҳкими мудофеони Украина дар майдони набард алайҳи нерӯҳои таҷовузгари Русия шуд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, низ хост, ба минтақа нерӯҳои иловагӣ фиристанд. Вай рӯзи панҷшанбе барои мулоқот бо сарбозон ба хати ҷабҳа рафта буд.

Русия ҳамлаҳоро ба Украина дар ҳоле афзоиш додааст, ки талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанг бештар шудааст.

"Нофармонӣ". Ҳукми нави хабарнигори пешини Радиои Озодӣ дар Беларус

Иҳар (Игор) Карней. Акс аз соли 2018
Иҳар (Игор) Карней. Акс аз соли 2018

Мақомоти Беларус ҳукми зиндони Иҳар (Игор) Карней, хабарнигори собиқи Радиои Озодиро 8 моҳ дароз карданд.

Ин дафъа ӯ ба “нофармонӣ” дар дохили зиндон гунаҳкор шудааст.

Ҳукм рӯзи 13-уми декабр содир шуд. Тафсилоташ маълум нест.

Иҳар (Игор) Карнейи 56-соларо дар моҳи март бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи “ифротгаро” се сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Манзури мақомот иртиботи ӯ бо Анҷумани рӯзноманигорони Беларус аст.

Ин созмон соли 2023 гурӯҳи “ифротгаро” эълон шуда, ҳоло дар хориҷ аз Беларус кор мекунад.

Ҳукумати худкомаи Александр Лукашенко пас аз интихоботи ҷанҷолии соли 2020 ба саркӯби шадиди мухолифон, фаъолон ва хабарнигорон идома медиҳад.

Рустами Эмомалӣ бори чорум президенти ФФТ интихоб шуд

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, бори чорум президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) интихоб шудааст.

Вай аз соли 2012 раёсати Федератсияро ба дӯш дорад. Ҳамзамон шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ аст, ки амалан шахси дувум дар ҳукумат ба шумор меравад.

Интихоби дигарбораи Рустами Эмомалӣ ба мақоми президенти ФФТ рӯзи 14-уми декабр дар конгресси ҳисоботӣ ва интихоботӣ бе иштироки ӯ ва бидуни рақиб сурат гирифтааст. Вай то соли 2028 дар ин мақом хоҳад буд.

Хуршед Мирзо муовини аввал, Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов муовинони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд.

Дар конгресси ҳисоботию интихоботӣ фаъолияти ФФТ дар солҳои 2020-2024 низ баррасӣ шуд.

Дастоварди бузургтарини футболи тоҷик дар ин давра ба қисми ниҳоии Ҷоми футболи Осиё роҳ ёфтани тими миллии футболи кишвар мебошад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ имсол дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Қатар ширкат карда, то ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Аммо баъзе аз коршиносони соҳа бе зикри номи худ гуфтанд, рақобат барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон он қадар пуршиддату шавқангез сурат намегирад. Барои мисол, дар Лигаи олии Тоҷикистон 11 соли охир танҳо як даста, “Истиқлол”-и Душанбе, ғолиб мешавад.

Масъалаи дигар, ба гуфтаи онҳо, чигунагии вазъи майдонҳост. Солҳои охир дар кишвар варзишгоҳҳои зиёд сохта шуданд, вале чамани ин майдонҳо аслан сунъист. Ҳоло майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ чамани сунъӣ дорад ва дастаҳое, ки ба Тоҷикистон барои бозӣ меоянд, аз ин чиз ҳамеша шикоят мекунанд. Зеро онҳо барои бозӣ кардан дар чунин шароит одат накардаанд.

Бори аввал нест, ки наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон раёсати ниҳодҳои варзиширо соҳиб мешаванд. Худи ӯ президенти Кумитаи миллии олимпист. Наберааш Исмоили Маҳмадзоҳир раиси Федератсияи ҷудо, домодаш Шамсулло Соҳибов раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш ва хешовандаш Зайнулло Шарифзода раиси Федератсияи таэквандои Тоҷикистон ҳастанд.

Ризо Хандон, шавҳари Насрин Сутударо дастгир кардаанд

Ризо Хандон
Ризо Хандон

Ризо Хандон, шавҳари Насрин Сутуда, фаъоли ҳуқуқи башар дар Эрон, рӯзи 13-уми декабр аз cӯйи нерӯҳои амниятӣ дар хонааш дастгир шудааст.

Айбномаи зидди ӯ маълум нест.

Насрин Сутуда, ҳуқуқдон ва вакили саршинос, дар суҳбат бо Радиои Фардо амали мақомотро "ғайриқонунӣ" номид.

Ӯ гуфт, шавҳараш дар соли 2018 дар иртибот бо як парванда боздошт, вале баъдан афв шуда буд.

Додгоҳи инқилоби Теҳрон моҳи феврали соли 2019 Ризо Хандонро ба "ҳамдастӣ алайҳи амнияти миллӣ" ва "таблиғи зидди давлату ҳиҷоб" муттаҳам кард.

Насрин Сутуда аз соли 2010 то кунун борҳо боздошт шудааст.

Шуҷоати Парасту. Консерти бидуни ҳиҷоб дар Эрон ва парвандаи ҷиноӣ

Парасту Аҳмадӣ, овозхони эронӣ
Парасту Аҳмадӣ, овозхони эронӣ

Барномаи ҳунарии овозхон Парасту Аҳмадӣ бидуни ҳиҷоби маҷбурӣ дар Эрон дар сархати хабарҳо ҷой гирифт.

"Консерти корвонсаро" шаби 11-уми декабр ба таври зинда дар Интернет пахш шуд. Ҳазорон кас онро тамошо карданд.

Аҳмадӣ бо либоси китфаш бози аврупоӣ ҳозир шуда, бо ёрии гурӯҳе аз ҳунармандон таронаҳои машҳури эрониро замзама кард.

Ин барнома дар як корвонсарои қадимӣ дар яке аз даштҳои Эрон барпо шудааст.

Дар ҳоле ки бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз шуҷоати ӯ ситоиш карданд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон гуфтанд, ки зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, навишт, марги Маҳсо Аминӣ ва эътирози "Зан, зиндагӣ, озодӣ" бисёре аз занону духтарони ҳунармандро ба майдон баровард, ки аз ҳиҷоби маҷбурӣ ва поймоли ҳуқуқи инсон дар Эрон норозиянд.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Парасту Аҳмадиро ҳам як намунае аз муборизаи занон барои озодиву ҳуқуқашон донистаанд.

Амрико ба зидди мақомоти Гурҷистон маҳдудияти нав ҷорӣ кард

Тбилиси, 11-уми декабри 2024
Тбилиси, 11-уми декабри 2024

Иёлоти Муттаҳида дар мавриди додани виза ё раводиди сафар ба мақомоти Гурҷистон маҳдудият ҷорӣ кард.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 12-уми декабр гуфт, “судури виза барои касоне, ки масъул ё шарики суст кардани демократия дар Гурҷистон ҳастанд, манъ хоҳад шуд."

Танишҳо дар Гурҷистон пас аз эъломи пирӯзии ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" дар интихоботи порлумонии 26-уми октябр боло гирифт.

Мухолифон ва раисҷумҳури ғарбгарои Гурҷистон, Саломе Зурабишвили, гуфтанд, ки дар ин маърака бо мадади Маскав тақаллуб сурат гирифтааст.

Баъди он ки ҳукумати Гурҷистон рӯзи 28-уми ноябр музокиротро дар бораи пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 боздошт, эътирозгарони зиёд ба хиёбонҳои пойтахт, Тбилиси, баромаданд.

Мақомот барои пароканда кардани онҳо аз зӯр ва обу гази ашковар истифода карданд.

Иёлоти Муттаҳида рӯзи 4-уми декабр аз ҳукумати Гурҷистон талаб кард, ки бо мардуми норозӣ боэҳтиромона муносибат кунад.

Гукеш ҷавонтарин қаҳрамони шоҳмоти ҷаҳон шуд

Гукеш Доммараҷу
Гукеш Доммараҷу

Гроссмейстери байнулмилалӣ Гукеш Доммараҷу аз Ҳиндустон дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти ҷаҳон дар Сингапур бар Динг Лирен аз Чин пирӯз шуд.

Рақобати ниҳоӣ, ки Доммараҷу бо донаҳои сиёҳ бозӣ мекард, бо пирӯзии ӯ анҷом ёфт. Натиҷаи ниҳоии бозӣ 7,5:6,5 ба фоидаи Доммараҷу шуд.

Доммараҷу 18 сол дорад ва ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи шоҳмоти классикӣ гардид. Вай пас аз Вишванатан Ананд дуюмин қаҳрамони ҷаҳон аз Ҳиндустон аст. Дарвоқеъ, Ананд, ки қаҳрамони 15-уми ҷаҳон аст, мураббии Гукеш мебошад.

Насибҷон Амонӣ, рӯзноманигор ва шореҳи шоҳмот, гуфт, ки пеш аз ду бозии асосии ниҳоӣ қаҳрамони ҷаҳон Динг Лирен бартарии равонӣ ва имкони бештаре барои дар даст нигоҳ доштани тоҷи шатранҷро дошт.

Вай афзуд, “бисёриҳо акнун бар ин бовар буданд, ки чун Динг Лирен бозии 13-умро бо донаҳои сиёҳ мусовӣ анҷом дод, барои дастёбӣ ба ҳадафи ниҳоӣ басо наздик шуд, зеро дар бозии охирин ӯ донаҳои сафедро дар ихтиёр дошт. Вале дар охири бозии ниҳоӣ, ки шатранҷбози чинӣ ҳарчанд як пиёда камтар дошту вале ҳама натиҷаи онро мусовӣ мегуфтанд, ба иштибоҳ роҳ дода, дар ҳаракати 59-ум таслим шуд.”

Ба ин тартиб, Гукеш баробари соҳиб шудан ба унвони қаҳрамонӣ, ҳамчунин дар таърихи шоҳмоти ҷаҳон рекорди наве гузошт: ӯ нахустин шатранҷбозе гардид, ки дар 18-солагӣ шоҳи шатранҷи ҷаҳон шуд.

Зеленский ҳамлаҳои охири Русияро "террор" хонд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия рӯзи 13-уми декабр бо истифода аз даҳҳо мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба гӯшаҳои Украина, аз ҷумла зербиноҳои энержии ин кишвар ҳамла кард.

Дар шаҳри ҷанубии Одесса чанд таркиш ба вуқуъ пайваст.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ҳамларо “террор” хонд.

Вай дар изҳороте гуфт, ин вазъ баёнгари он аст, ки президенти Русия Владимир Путин “бо гапи хушку холӣ” аз роҳаш намегардад.

Тибқи гузоришҳои ибтидоӣ, Русия дар ин рӯз ба хоки Украина 93 мушак, аз ҷумла як мушаки Куриёи Шимолӣ ва ҳудуди 200 ҳавопаймои бесарнишин сар додааст.

“Укрэнерҳо”, ширкати таъминкунандаи барқ, пештар хабар дода буд, ки ҳамлаҳо сабаби маҳдудияти барқ дар саросари Украина гаштанд.

Аз 100 сомонӣ то бузу гӯсфанд. Мавсими нави бузкашӣ дар Хатлон

Бузкашӣ дар ноҳияи Фархор
Бузкашӣ дар ноҳияи Фархор

Мавсими нави бузкашӣ, ки ҳоло дар Тоҷикистон як навъ варзиш медонанд, дар вилояти Хатлон оғоз ёфт. Ин маърака то ҷашни Наврӯз идома хоҳад кард.

Човандозҳои маҳаллӣ бо ҳаводорони худ ҳафтаи гузашта дар майдони бузкашӣ дар ноҳияи Фархор ҷамъ омаданд.

Дар миёни онҳо Нодир Тешаев яке аз ботаҷрибатаринҳост. Бо вуҷуди он ки чанд дафъа тасмим гирифт, бузкаширо тарк кунад, мухлисонаш ӯро аз саҳна дур шудан намемонанд.

“Бузкашӣ чизе надодааст, ба ҷуз шуҳрат ва ёру рафиқдорӣ. Ҳар заҳмате, ки човандоз мекашад, танҳо барои мухлисонаш аст,” – гуфт Нодир Тешаев.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Хатлон мавсими бузкашӣ оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Ҷоизаҳои бузкашӣ аз 100 сомонӣ сар шуда, то бузу гӯсфанд иборат буданд. Ҳар човандоз талош мекард, соҳиби ҷоиза шавад. Тамошобинон човандози дӯстоштаи худро ташвиқ мекарданд.

Дар Тоҷикистон ҳар сол дар фасли зимистон бузкашӣ ташкил мешавад. Ин маросим дар ноҳияҳои гуногун то Наврӯз идома мекунад.

Аксҳои бештар:

Блинкен дар Анқара бо Эрдуғон мулоқот кард

Энтони Блинкен ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Энтони Блинкен ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки ба Ховари Миёна сафар кардааст, рӯзи 12-уми декабр аз Урдун вориди Анқара шуд ва дар фурудгоҳи "Esenboga"-и пойтахти Туркия бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон дидор ва гуфтугӯ кард.

Меҳвари гуфтугӯҳои ду тараф таҳаввулоти Сурия буд. Ба навиштаи "Рейтерз", ин дидор дар ҳоле анҷом шуд, ки шимоли Сурия дар рӯзҳои охир шоҳиди даргириҳое байни курдҳои мавриди ҳимояти Амрико ва нерӯҳои мавриди ҳимояти Туркия буд.

Бино ба баёнияи дафтари раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки кишвараш "барои амнияти миллии худ" чораҳои пешгирона дар Сурияро алайҳи ҳамаи "гурӯҳҳои террористӣ" анҷом хоҳад дод.

Ӯ ҳамчунин аз ҷомеаи байнулмилалӣ хост, барои бозсозии ниҳодҳо дар Сурия бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Аз сӯи дигар, Энтони Блинкен эълон кард, ки бо раисҷумҳури Туркия дар бораи "амнияти минтақаӣ ва интиқоли сиёсӣ дар Сурия", гуфтугӯ кардааст.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт, раванди интиқол дар Сурия бояд "таҳти раҳбарии Сурия" ва "шомили ҳамаи суриягиҳо" бошад ва аз ҷони ғайринизомиён муҳофизат шавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG