Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 кушта ва 35 захмӣ. Ҳамлаи бесарнишинҳо ба Белгород


Белгород, 4-уми майи 2024
Белгород, 4-уми майи 2024

Бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар вилояти Белгороди Русия 6 нафар кушта ва 35 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар ин бора волии вилоят Вячеслав Гладков хабар дод. Вай дар ин ҳамла Украинаро гунаҳкор донист.

Ба гуфтаи Гладков, ҳавопаймоҳои бесарнишин дар наздикии деҳаи наздисарҳадии Березовка ба ду "Газел" ва як мошини сабукрав бархӯрдаанд.

Дар миёни захмиён ду кӯдак низ ҳастанд. Маҷрӯҳонро дар бемористон бистарӣ кардаанд. Вазъи яке аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG