Дар изҳороти ЮНИСЕФ, ки 26-уми апрел нашр шуд, ба иҷрои ӯҳдадориҳои ҳукумати Тоҷикистон бар пояи Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва ҳамоиши модарону кӯдакон ба оилаву ҷомеа “баҳои баланд дода шудааст”. Ин созмон таъкид кардааст, ки на ҳама даъватҳои ЮНИСЕФ аз кишварҳои дигар барои бозгардони шаҳрвандонашон аз урдугоҳҳои Сурияву Ироқ, ки дар ҳоли бисёр бад зиндагӣ мекунанд, шунида мешаванд.
Рӯзи 25-уми апрел аз Сурия ба Душанбе бо ҳавопаймо як гурӯҳи дигари занону кӯдакони тоҷик бурда шуданд. Мақомот гуфтанд, онҳо намояндагони сездаҳ оила ва дар маҷмӯъ 47 нафар мебошанд, ки 15 нафарашон зан, 17 духтар ва 15 писар мебошанд. Ин нафарон аъзои оилаҳои ҷангҷӯёни пешини гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки баъди соли 2014 ҳамроҳ бо оилаҳояшон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафта баъдан кушта ё нопадид шудаанд. Баъзе кӯдакон дар онҷо ба дунё омадаанд. Аз соли 2018, пас аз шикасти ДОИШ дар Ироқ ва Сурия, ин занону кӯдакон дар урдугоҳҳо мезистанд.
Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Сурия, ки барномаи бозгардони шаҳрвандонро аз қаламравҳои собиқи таҳти назари ДОИШ амалӣ мекунад, рӯзи 25-уми апрел ба хабарнигорон дар Душанбе гуфт, "шахсоне, ки хоҳиши зиёд доштанд, баргаштанд. Шумораи онҳое, ки мондаанд, он қадар бисёр нест. Фикр мекунам, шаҳрвандони боқимонда низ дар рӯзҳои наздик баргардонда хоҳанд шуд," – афзуд ӯ. Аз соли 2019 то 2023 мақомоти Тоҷикистон бо ёрии созмонҳои байнулмилалӣ дар маҷмӯъ 334 нафарро баргардонидаанд.
ЮНИСЕФ инчунин гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини ин гурӯҳи шаҳрвандон бо ёрии маишиву психологӣ ва дастрасии онҳо ба таҳсил ва кор мусоидат мекунад.