Аз 193 узви Маҷмаи Умумӣ 124 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, аз он пуштибонӣ карданд.
Амрико, ҳампаймони наздики Исроил, аз мухолифони ин тасмим буд. Сездаҳ кишвари дигар ба монанди Аргентина, Чехия, Маҷористон (Венгрия) ва Парагвай низ ба зидди Қатънома раъй доданд.
43 кишвар аз мавзеъгирӣ худдорӣ варзиданд.
Риёз Мансур, намояндаи Фаластин дар Созмони Милал, раъйдиҳиро паёми рӯшане номид, "то ҳуқуқи мардуми Фаластин ба истиқлол эътироф шавад".
Дани Данон, намояндаи Исроил, ин тасмимро нанговар хонд, ки ба гуфтааш "аз терроризми дипломатӣ пуштибонӣ мекунад".
Тоҷикистон дар моҳҳои октябр ва декабри соли 2023 аз Қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғазза пуштибонӣ карда буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар охири соли гузашта дар изҳороте гуфт, "қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад... Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад."
Намояндагони Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия низ рӯзи 18-уми сентябр аз Қатъномаи нав дар мавриди Фаластин ҳимоят карданд.
Ин санад дар ҳоле тасвиб шуд, ки ҷанги Исроил алайҳи “Ҳамос” дар Навори Ғазза тақрибан як сол боз идома дорад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Ҷангҷӯёни "Ҳамос" дар моҳи октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳамла карда, ҳудуди 1200 нафар, аксаран ғайринизомиёнро кушта ва 250 нафарро гаравгон гирифтанд. Ин ҳамла боис ба сар задани ҷанг дар Навори Ғазза гашт. Аз он замон то кунун дар пайи ҳамлаҳои Исроил беш аз 40 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.