Рӯзи 7 июн тӯйи як маҳбуси тоҷики ин зиндонро барпо кардаанд. Евгений Сергеев, муовини сардори маҳбаси рақами шаш, воқеъ дар шаҳри Бежетски вилояти Твери Русия рӯзи 16 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳбус Мамадҷонов, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ҳукми тӯлонӣ гирифтааст, бо як духтари ҳамватанаш аз Тоҷикистон издивоҷ кард.
Сергеев афзуд: “Азбаски мулоқоти тӯлонии маҳбус бо ҳамсарашро мо метавонем танҳо дар сурати сабти расмии никоҳи онҳо иҷозат бидиҳем, Мамадҷонов ва арӯсаш ибтидо никоҳи худро дар ЗАГС расмӣ карданд. Баъдан ба хотири мурооти суннатҳои дини Ислом мо намояндаи ҷамъияти мусалмонони Твер Садриддин Тоҷиддинов ва муфтии шаҳру ноҳияи Бежетск Радик Қосимовро ба дохили маҳбас даъват кардем ва онҳо домоду арӯсро никоҳи мусалмонӣ карданд.”
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, маросими ақди никоҳ ва тӯйи ин шаҳу арӯс “хеле хоксорона” гузашт, чунки “маҳбас маҳбас аст ва дар ин ҷо наметавон чун дар Тоҷикистон барои садҳо нафар дастурхон кушоду рақсу бозӣ ташкил кард. Ақди никоҳ танҳо дар ҳузури рӯҳониён, намояндагони маъмурияти зиндон ва шоҳидон аз ҳарду тараф гузашт. Мусиқиву рақсу бозӣ набуд. Дар ҳаққи навхонадорон дуо карданд ва онҳоро баъди ақди никоҳ ба ҳуҷраи мулоқотҳои тӯлонӣ гусел кардем.”Моҳи асал”-и онҳо дар ҳамин ҳуҷра гузашт. Вале тибқи муқаррарот, ин “моҳи асал” ҳамагӣ 3 рӯз буд."
Евгений Сергеев, муовини сардори зиндони рақами 6 мегӯяд, мавридҳои ақди никоҳи маҳбусон дар зиндонҳои Руси, аз ҷумла дар маҳбаси Бежетск як амри маъмул шудааст, вале ин бори аввал буд, ки дар зиндони инҷо ақди никоҳ ва тӯйи маҳбус бо суннатҳои дини Ислом доир шуд.
Евгений Сергеев мегӯяд, “ин иқдоми маъмурияти маҳбас хусусияти мусбати тарбиявӣ дорад, чунки вақте маҳбусон мебинанд, ки маъмурият нисбат ба хостҳои онҳо бефарқ нест, онҳо низ рафторашонро хубтар мекунанд ва ин дар ниҳоят ба ислоҳи ин маҳбус, ки як ҳадафи асосии ҳукми зиндони ӯст, мусоидат мекунад. Тӯйи ахири мусалмонӣ низ маҳбусони моро, бахусус маҳбусони мусалмонро сахт ба ваҷд овард.”
Евгений Сергеев гуфт, дар маҷмӯъ дар зиндони рақами шаши вилояти Твер 140 маҳбуси мусалмон адои ҳукм мекунанд: “Бештари онҳо, дастикам 70 нафараш аз Тоҷикистонанд. Маҳбусони тоҷик асосан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ҳукм гирифтаанд. Аз нигоҳи рафтору риояи интизом, фикр накунам, ки маҳбусони тоҷик аз дигарон зиёд фарқ кунанд. Байни онҳо ҳам хубаш ҳасту ҳам бадаш. Вале умедворам, ки тӯйи арӯсии ду ҳамватани онҳо, ки дар чордевори зиндон сурат гирифт, маҳбусони дигар аз Тоҷикистонро ба сӯи ислоҳшавӣ таҳрик диҳад. Мақсади мо низ ҳамин буд.”
Бино ба ҳисобҳо, дар зиндонҳои Русия то 5000 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Шаҳрвандони тоҷик дар Русия бештар бо ҷароиме, чун қочоқи маводи мухаддир ва тақаллуби аснод маҳкум ба зиндон мешаванд.