Дар охирҳои соли 2011 дар шаҳраки Отрадное Павел Костюнин, ки дар синфи якум таҳсил мекард бедарак шуд ва баъд аз дарс ба хона барнагашт. Хешовандонаш ба мақомоти интизомӣ дар ин бора хабар доданд ва Кумитаи тафтишоти вилоят сабабҳои ғайб задани ин писарро чанд навъ таъбир мекард. Аз ҷумла ҳадс зада мешуд, ки Павелро гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ рабудаанд ва вайро кушта, аъзои бадани вайро қочоқ мекунад. Ҳодисаи тасодуфӣ ва ё ғарқ шудан дар об низ пайгирӣ мешуд. Довталабони зиёде шабу рӯз минтақаи ғайб задани писарро мӯшикофона ҷустуҷӣ мекарданд.
Александр Дрозденко, раиси вилояти Ленинград барои маълумоте, ки метавонад ба пайдо кардани Павел кӯмак расонад, ним миллион рубл ҷоиза эълон кард. Александр Быстрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия ё Следственный Комитет расидагӣ ба ин парвандаро зери назари худ гирифт. Парвандаи ғайб задани Павел ба парвандаи усулии мақомоти интизомӣ табдил ёфт ва матбуот ҳам дар ин бора мақолаҳо ба нашр мерасонд. Бо чунин шӯру валвала ба назар мерасид, ки боздошти қотили Павел ҳангома ба по хоҳад кард ва қаҳрамонӣ хоҳад буд.
Ва чунин ҳангома фаро расид. Рӯзи 19 июни соли 2013 тақрибан баъд аз ду соли ҷустуҷӯҳои хастагинопазир ва паёпайи зери обу зери замин «қотил»-ро бо дастури Александр Быстрикин-раиси Кумитаи тафтишоти Русия ё Следственный Комитет, боздошт карданд. «Қотил» Музаффар Юсупови 49 сола буд, ки рутбаи майори артиши Тоҷикистонро дошт. Ҳангоми боздошт ҳеҷ далел дар даст надоштанд ва тибқи қонунҳои Русия дар чунин ҳолатҳо дастур ғайриқонунӣ дониста мешавад ва ҳатто раҳбари давлат ҳақи додани чунин дастурро надорад. Ба ин сабаб дастур, алабатта, шифоҳӣ буд.
Агар ба бойгонии навиштаҳои матбуоти Русия назар афканем, маълум мешавад, ки дар рӯзҳои аввали боздошти Юсупов кормандони бахши ҷӯстуҷӯҳои ҷиноии Кумитаи тафтишот ошкоро гуфтаанд, ки ин муҳоҷири кории Тоҷикистон ба ҷинояткор ва ё қотил монанд нест ва дар ҷавобҳои вай нишонае ҳам аз куштор вуҷуд надорад. Бояд вайро раҳо ва ба ватанаш депорт кунанд, то ҳодисаи боздошти вай ба фаромӯшӣ равад. Вале чунин нашуд. Музаффар то 7 декабри соли 2013 дар зиндон нишаст. Ин муддати зиндон шояд бидуни таҳқиру таҳдид нагузаштааст, то вай худро қотил эътироф кунад.
Вале дар ин миён гӯё аз ғайб “кӯмак”-е ба Музаффар нозил шуд, ки кормандони Кумитаи тафтишоти Русияро дар ҳайрат гузошт. Онҳо нотавонии худро дар ифшои куштор эҳсос карданд. Марде бо номи Евгений Литовченко, ки чанд куштор анҷом додааст ва ба қавле “маняк” будааст, дар ҷараёни расидагӣ аз ин кушторҳо эътирофот медод. Евгений 43 сола шаҳрванди Украина аст. Яке аз эътирофоти вай куштори Павел Костюнин-писари шашсолаи сокини шаҳраки Отрадное буд.
Евгенийро замоне боздошт карданд, ки дар ҳамин шаҳрак аз паси як духтари наврас афтода буд ва дар фурсати муносиб вайро дастгир кард. Дасту пояшро баст ва ба мошин андохта, ба ҷангал бурд. Баъд аз таҷовуз ба мошин нишаст ва маҳали ҳодисаро тарк кард. Духтар ҳангоми фирори Евгений баъзе аз рақамҳои шумораи мошини вайро дар хотир гирифт.
Евгений иддао кардааст, ки 8 куштор анҷом додааст, вале мақомоти тафтишотӣ танҳо се ҳодисаро исбот кардаанд ва яке аз онҳо куштори Павел аст. Евгений баъд аз дарс бо Павел ба автобус нишастааст ва вайро ба қавле “ба гап” гирифтааст. Кӯдаки зудбовар бо вай ҳамроҳ шудааст. Вале ба Евгений муясcар нашудааст, ки бо ин кӯдак амали ҷинсӣ анҷом диҳад ва барои ҳамин вайро куштааст. Ҳоло дар бораи ҷои дафни Павел вай гоҳо зери об ва гоҳо ҷойҳои хилватеро дар замин нишон медиҳад.
Баъд аз чунин эътирофоти Евгений Музафарро 28 май раҳо ва ба Кумитаи тафтишоти вилояти Ленинград даъват карданд ва ба вай шиносномаашро доданд ва чизе нагуфтанд ва касе ҳам аз вай узр нахост. Дар ним соли муддати зиндон вай аз кори худ монд ва ба маҳрумиятҳои моливу маънавӣ дучор шуд. Назари Мирзода-консули ифтихории Тоҷикистон дар вилояти Ленинград дар Санкт-Петербург мегӯяд, чунин пешомадҳо дар гузашта низ бо шаҳрвандони Тоҷикистон рух додааст ва бор кардани гуноҳ ба тоҷикон, барои мақомоти Русия кори содда ва тақрибан маъмулист.
“Бисёр кушторҳое ҳастанд, ки шаҳрвандони моро боздошт мекунанд ва ин кушторҳоро бори онҳо мекунанд. Ҳоло дар дасти мо дуто ҳамин гуна парванда ҳаст, ки гӯё як тоҷик як озарӣ ва як як русро кушта бошад. Ин тоҷик Ҷобиров ном дорад, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа. Вай дар ин куштор даст надорад, вале боздошт кардаанд. Баъзе вақтҳо одамони бегуноҳро ҳамин тавр боздошт мекунанд. 4-5 намунаи дигар дорем, ки гӯё тоҷикон кордзанӣ кардаанд ва ё куштор анҷом додаанд. Онҳо бо ин гуна гуноҳҳо ҳоло дар зиндон нишастаанд”.
Оқои Мирзода мегӯяд, консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар бораи парвандаи Музаффар Юсупов ба мақомоти зидахли вилояти Ленинград нома менависад, то маҳрумиятҳои маънавӣ ва молии Музаффар ҷуброн шавад. Вай парвандаи Музаффарро яке аз далелҳои саҳлангории мақомоти тафтишотии Русия медонад, ки ҳатто кушторҳои ҷиддиеро аз қабили куштори Павел ба тоҷикон “бор мекунанд”. Бо чунин аҳвол зиндагии як шахси комилан бегуноҳ табоҳ мешавад. Шояд мисли Музаффар даҳҳо нафари дигар дар кунҷӣ зиндонҳои Русия заҷр мекашанд, вале бозрасон ё муфаттишони Русия бо забони дароз гузориш медиҳанд, ки “қотил”-ро пайдо кардаанд.
Музаффар баъди бознишастагӣ аз хидмати низомӣ муҳоҷирати корӣ ба Русияро ихтиёр кард. Вай бо ҳуқуқи бознишастагӣ дар Тоҷикистон наметавонист эҳтиёҷоти молии хонаводаашро бароварда созад. Хонаводааш ба кӯмаки молӣ ниёз дошт. Вай соли 1964 дар Конибодом ба дунё омад. Вай баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба хидмати аскарӣ рафт ва дар Афғонистон дар ҳайати нӯрӯҳои Шӯравӣ хидмат кард. Дар он ҷо вай бо ордени «Ситораи Сурх» (Красная Звезда») ва бо медалҳои «За боевые заслуги» ва ҳамчунин бо медалҳои дараҷаи якум ва дуввуми «Аълочии нируҳои марзбонии Шӯравӣ» ва медалҳои ифтихории давлати вақти Афғонистон сарфароз шуда буд.
Дар Тоҷикистон низ ҳангоми хидмат аз фармондеҳи взвод то ба дараҷаи раиси хадамоти мушакиву тӯпчии бригадаи пиёданизом расид ва дар ҷангҳои Тавилдара аз ҷониби нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон ширкат дошт. Моҳи ноябри соли 1998 барои баргардонидани ҳамлаи сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев дар шаҳри Хуҷанд низ ширкат кардааст. Ҳоло Музаффар дар Русия аст ва ба мо муяссар нашуд, ки вайро пайдо кунем.