Михаил Гусаков, муовини раҳбари идораи ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Маскав ва масъули мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноии қавмӣ рӯзи 26 март дар як нишасти хабарии бахшида ба роҳҳои муқобила бо ҷинояткориҳои этникӣ гуфт, агар дар соли 1998 ҳамагӣ 9-10 дарсади ҷиноятҳо дар Маскав аз сӯи намояндагони гурӯҳҳои қавмӣ содир мешуд, дар ин 15 сол “саҳм”-и мардуми омад дар омори ҷиноятҳо дар пойтахти Русия 4 маротиба афзудааст. Майор Гусаков гуфт, танҳо дар соли гузашта дар Маскав 592 гурӯҳи ҷиноии қавмӣ хунсо карда шуд ва “ин имкон дод, ки ҷинояткорӣ дар кӯча то 30 дарсад коҳиш дода шавад.”
Муовини раҳбари идораи ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Маскав афзуд, бахши мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноии қавмӣ дар ин авохир сафҳои худро аз ҳисоби зодагони Қафқози Осиёи Марказӣ такмил мекунад ва бо шарофати ин тавонистааст ба натиҷаҳои беҳтаре дар роҳи ошкор кардани ҷиноёти аз сӯи ин гурӯҳҳо содиршуда ноил шавад.
Ин намояндаи баландпояи пулиси Маскав мегӯяд, гурӯҳҳои ҷиноии қавмӣ дар асоси мансубият ба як қавми мушаххас созмон ёфта, таҳти назорати худ овардани тиҷорати ширкатҳову корхонаҳои бузург ва шустушӯи пулҳои ғайриқонуниро ба ҳадаф доранд. Михаил Гусаков гуфт, гурӯҳҳои ҷиноии қавмӣ ҳатто майдони кори худро “тақсим” кардаанд: “Зодагони Қафқози ҷанбӣ ва Гурҷистон маъмулан ба дуздӣ аз манзили мардум ва ҳамла ба инкассаторҳо машғул буда, “касбу кор”-и зодагони Қафқози шимолӣ рекэту ғоратгарист, вале зодагони Осиёи Марказӣ ба тамоми соҳаҳои олами ҷиноӣ – аз ҷиноятҳои молӣ то дуздиву ғорату қочоқу фурӯши маводи мухаддир даст мезананд.”
Ба ҳисоби пулиси Маскав, аз ҷамъи ҷиноятҳое, ки хориҷиён дар Маскав содир мекунанд, танҳо 1 дарсадаш кори дасти намояндагони ба истилоҳ “хориҷаи дур” (асосан аз Ветнаму Чину Ҳинд) буда, 99 дарсадашро зодагони кишварҳои пасошӯравӣ ва Қафқози шимолӣ содир мекунанд. Аз 10 500 ҷинояте ки соли 2013 аз тарафи гурӯҳҳои қавмӣ дар Маскав содир шудааст, ба гуфтаи Михаил Гусаков, 73 дарсадашро мардуми Осиёи Марказӣ содир кардаанд ва мардуми ин минтақа, ба гуфтаи пулис, бо дарназардошти шумори афзояндаашон торафт қафқозиҳоро дар “олами ҷиноӣ”-и Маскав танг мекунанд ваё ба ҳошия меронанд.
Оқои Гусаков дар нишасти хабариаш аз ҷумла гуфт, ки 45,6 дарсад аз ҷамъи ҷиноятҳои аз сӯи гурӯҳҳои қавмӣ содиршуда дар Маскав бо дасти зодагони Узбакистону Тоҷикистон анҷом шудааст ва намояндагони ҳамин ду кишвар рӯзторӯз дар “олами ҷиноӣ”-и Русия ва бахусус дар пойтахташ, шаҳри Маскав ҷойгоҳи аввалро ба даст меоранд: “Зимнан зодагони Қафқози шимолӣ ба таври қобили мулоҳиза ислоҳ шуда истодаанд. Онҳо соли гузашта дар Маскав ҳамагӣ 1417 ҷиноят содир кардаанд.”
Гусаков меафзояд, “дар Маскав ҳатто қаҳвахонаву тарабхонаҳое буданд, ки дарашон ба рӯи сокинони Маскав комилан баста буд. Дар кӯчаҳо ҳам чанд амният ҳис намешуд... 20-28 сол пеш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваллуди кӯдак ба авҷ расида буд. Ин ҳама боиси бекории саросарӣ дар он кишварҳо шуд. Истифодаи корфармоҳои Маскав аз ин нирӯи кори арзони хориҷӣ мунҷар ба он шуд, ки шумори чунин афрод дар маҳаллаҳои истиқоматии шаҳри Маскав зиёд шуд ва ин ба навбаи худ коҳиши сатҳи амнияти ҷамъиятиро дар пай овард.”
Аммо омори Михаил Гусаков бо рақамҳои як моҳи пеш дар гузориши солонааш овардаи раиси пулиси Маскав Анатолий Якунин дар таноқуз аст. Якунин гуфта буд, дар як сол дар Маскав 54 000 ҷиноят сабт шуда, аз ин шумор нисфашро муҳоҷирон содир кардаанд. Ӯ аз ҷумла гуфт, муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ танҳо дар Маскав дар 66 куштору қасди куштор, 86 мавриди таҷовуз ба номус ва 957 ғоратгарӣ айбдор мешаванд.
Дар Маскав, ки аҳолиаш ба 12 миллион нафар расидааст, ба ҳисоби мақомоти Русия тақрибан 850 000 муҳоҷири хориҷӣ кору зиндагӣ мекунанд. Бино ба омори расмӣ, қариб нисфи онҳо – 400 ҳазораш - аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистонанд. Аммо манобеи дигар шумори муҳоҷирон дар Маскавро ба маротиб бештар, дар ҳудуди 4-5 миллион нафар тахмин мезананд.
Тоҷикон дар "олами ҷиноӣ"-и Русия
Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро беш аз 1 миллион нафар баровард мекунанд. Бовар меравад, ки то ним миллиони онҳо дар шаҳру вилояти Маскав кору зиндагӣ мекунанд. Тоҷикон дар Маскав асосан дар соҳоте, чун сохтмон, нақлиёти мусофиркашон ва дар бозорҳо кор мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, зодагони Тоҷикистон дар Маскав асосан бо қонуншиканиҳои маъмурие, чун тақаллуби аснод, вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат дар Русия ё ҳадди аксар бо ҷиноятҳои хурду резае, чун дуздиву авбошӣ дастгир мешаванд.
Пулиси Маскав пайваста дар бораи боздошти шаҳрвандони тоҷик бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноёте, чун қочоқи маводи мухаддир низ хабар медиҳад ва дар матбуоти Русия ба маҳзи 1370 километр марзи мустақими Тоҷикистону Афғонистон шаҳрвандони тоҷик як бахши умда дар ҳалқаи қочоқи афюну ҳероини афғонӣ ба бозори сиёҳи ин кишвар тасвир мешаванд. Бино ба оморҳо, дар маҷмӯъ дар зиндонҳои Русия ҳудуди 4000 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд ва як бахши аъзами онҳо бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир.
Як моҳ пеш дар гузориши солонаш раиси пулиси Маскав Анатолий Якунин барои аввалин бор аз боздошти якбора 50 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар як гурӯҳи ҷиноии қавмӣ, ё ба истилоҳ, “мафия”-и тоҷикҳо, хабар дод. Пулиси Маскав то ҳол ҷузъиёти боздошти пурсарусадои ин 50 тоҷикро то ҳол ошкор накардааст.
Дар гузашта ҳам дар бораи боздошти чанд тоҷик бо гумони иртибот бо зинаҳои болоии “олами ҷиноӣ”-и Русия ва ҳатто куштори “мафиоз”-ҳои шинохтаи тоҷик дар Маскав гузориш шуда буд, ки маъруфтаринҳояш қатли Борис Красиловский, мулаққаб ба “Боря Душанбинский” ва Шералӣ Шарифов, мулаққаб ба “Шерка”, дар таърихи 8 июли соли 1997 ва боздошти зодаи ноҳияи Нуробод Нуралӣ Акобиров бо иттиҳоми узвият дар як созмони тундрави мазҳабӣ ва қочоқи 4 кило афюн дар соли 2012 буд.
Ҳамин тавр, дар моҳи январи соли 2014, вақте 6 муҳофизи миллионери маъруфи чечен Умар Ҷабраиловро, ки домоди овозхони шинохта Иосиф Кобзон ҳам ҳаст, дастгир карданд, маълум шуд, ки 5 тани онҳо чечен ва якеаш тоҷик будаанд. Аъзои ин гурӯҳ, ба гуфтаи пулис, вақте дастгир шуданд, ки аз як идораи нотариалӣ дар Маскав 2 миллион доллар талаб мекарданд. Исми ин тоҷик эълон нашудааст.