Раиси идораи умури дохилаи Маскав Анатолий Якунин дар бораи ҷузъиёти ин боздошт ва инки ин 50 шаҳрванди тоҷик дар пойтахти Русия ба чӣ аъмоли ғайриқонуние даст доштанд, чизе нагуфт, вале гузориши солонаи ӯ ин бор ба мавзӯъи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон тамаркуз доштааст.
Бино ба гузориши нашрияи “Московский комсомолец”-и чопи Маскав, Якунин гуфтааст, пулиси пойтахт ба сурати умум ҷинояткориро лаҷом задааст, вале аз 54 ҳазор ҷинояти сабтшуда дар Маскав нисфашро, ба гуфтаи ӯ, мардуми омад содир кардаанд. Бино ба омори овардаи ӯ, муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ дар Маскав дар 66 куштору қасди куштор, 86 мавриди таҷовуз ба номус ва 957 ғоратгарӣ айбдор мешаванд.
Анатолий Якунин бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши нуфуз ва шумори созмонҳои ҷиноии қавмӣ гуфтааст, ки пулиси Маскав ҳатто маҷбур шуд барои муқобила бо ин “мафия”-ҳои гурҷиву озариву тоҷикиву ғайра як департаменти алоҳидаи мубориза бо ҷиноятҳои этникӣ созмон диҳад. Ӯ аз 377 ҷинояти содиршуда аз тарафи созмонҳои ҷиноии қавмӣ ва боздошти ҳудуди 50 тоҷик бо гумони узвият дар чунин як созмони муташаккили ҷиноӣ хабар дода, афзудааст, дар маҷмӯъ тайи соли 2013 дар Маскав 84 000 муҳоҷири ғайриқонуниро ошкор кардаанд, ки назар ба як соли қабл ду маротиба бештар будааст.
Як бахши умдаи гузориши солонаи Якунин, ба навиштаи “Московский комсомолец”, ба ошӯбҳои Бирюлёво бахшида шуд. Ёдовар мешавем, қатли як сокини 25-солаи маҳаллӣ бо номи Егор Шербаков аз сӯи муҳоҷири озарӣ Орҳан Зайналов дар таърихи 14 октябр дар минтақаи Бирюлёвои Маскав боиси ба хиёбонҳо рехтани мардуми маҳаллӣ бо шиорҳои зидди муҳоҷирон шуд. Ин ошӯбҳо ба як силсилаи навбатии амалиётҳои пулиси Маскав алайҳи муҳоҷирон оғоз гузошт, ки боздошти ҳазорон ва ихроҷи садҳо нафарро дар пай дошт.
Пасларзаҳои Бирюлёво
Раҳбари пулиси Маскав дар гузоришаш гуфт, баъди ошӯбҳои Бирюлёво мақомоти пулис 92 дарсади манзилҳои мавҷуда дар пойтахти Русияро тафтиш ва маълум кардааст, ки тақрибан 9400 манзил ба мардуми ғайр ғайриқонунӣ иҷора дода мешуд. Ба гуфтаи Анатолий Якунин, дар мавриди ба истилоҳ “квартираҳои резинӣ” 390 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар соли 2013 дар маҷмӯъ 1164 мавриди ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро ошкор кардаанд, ки назар ба ҳамагӣ 26 мавриди як соли пеш 44 маротиба(!) бештар будааст.
“Московский комсомолец” ҳамин тавр бо нақли қавл аз Якунин менависад, ки маъмурони пулис дар соли гузашта дар бозорҳои Маскав 51 амалиёти вида анҷом дода, беш аз 5000 нафарро ба маркази нигоҳдории муҳоҷирон, ки ба ҳамин ҳадаф дар минтақаи Голяново, дар яке аз амборҳои собиқ бозори Черкизово таъсис доданд, фиристодаанд. Ин марказро ҳомиёни ҳуқуқ бо таъбири содатар – “конслагер барои муҳоҷирон” меноманд. Якунин мегӯяд, дар маҷмӯъ тақрибан 5000 муҳоҷири дигарро дар соли 2013 аз Маскав ихроҷ кардаанд.
Ҷамъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия аз 1то 1,5 миллион нафар ва дар шаҳру вилояти Маскав ҳудуди ним миллион нафар баровард мекунанд. Тоҷикон дар Маскав асосан дар соҳоте, чун сохтмон, нақлиёти мусофиркашон ва дар бозорҳо кор мекунанд.
Тоҷикон дар "олами ҷиноӣ"-и Русия
Тоҷиконро дар пойтахти Русия бештар бо қонуншиканиҳои маъмурие, чун тақаллуби аснод ваё нақзи қоидаҳои кору иқомат дар қаламрави ин кишвар боздошт мекунанд. Пулиси Маскав пайваста дар бораи боздошти шаҳрвандони тоҷик бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноёте, чун қочоқи маводи мухаддир низ хабар медиҳад ва дар матбуоти Русия шаҳрвандони тоҷик як бахши умда дар ҳалқаи қочоқи афюну ҳероини афғонӣ ба бозори сиёҳи ин кишвар тасвир мешаванд.
Бино ба оморҳо, дар маҷмӯъ дар зиндонҳои Русия ҳудуди 4000 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд.
Дар гузашта дар бораи боздошти чанд тоҷик бо гумони иртибот бо зинаҳои болоии “олами ҷиноӣ”-и Русия ва ҳатто куштори “мафиоз”-ҳои шинохтаи тоҷик дар Маскав гузориш шуда буд, ки маъруфтаринҳояш қатли Борис Красиловский, мулаққаб ба “Боря Душанбинский” ва Шералӣ Шарифов, мулаққаб ба “Шерка” дар таърихи 8 июли соли 1997 ва боздошти Нуралӣ Акобиров бо иттиҳоми узвият дар як созмони тундрави мазҳабӣ ва қочоқи 4 кило афюн дар соли 2012 аст.
Ҳамин тавр, моҳе пеш, вақте 6 муҳофизи миллионери маъруфи чечен Умар Ҷабраиловро, ки домоди овозхони шинохта Иосиф Кобзон аст, дастгир карданд, маълум шуд, ки 5 тани онҳо чечен ва якеаш тоҷик будаанд. Аъзои ин гурӯҳ, ба гуфтаи пулис, вақте дастгир шуданд, ки аз як идораи нотариалӣ дар Маскав 2 миллион доллар талаб мекарданд. Исми ин тоҷик эълон нашудааст.
Аммо боздошти якбора наздики 50 тоҷик ва он ҳам бо гумони узвият дар як созмони муташаккили ҷиноӣ, ё “мафия”-и тоҷикҳо бори аввал расонаӣ мешавад.