Раҳбарияти нави Бунёди Сорос дар Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ барномаҳои ояндаи ин созмонро ошкор карданд. Алмаз Сайфутдинов, раиси шӯро ва Илҳом Абдуллоев директори иҷроияи Институти "Ҷамъияти Кушод" – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон - мудирон нави ин созмон моҳи феврал дар Австрия бо Ҷорҷ Сорос, муассис ва раҳбари Бунёди Сорос мулоқот карданд. Аз замони фаъолияти ин созмон дар соли 1993 дар Тоҷикистон раҳбарии ин созмонро Зӯҳро Ҳалимова ва Ойниҳол Бобоназарова бар дӯш доштанд.
Радиои Озодӣ: Бунёди Сорос дар солҳои навадум дар Тоҷикистон бештар ба таҳсили ҷавонон дар хориҷ ва барномаҳои фарҳангӣ таваҷҷӯҳ мекард. Ҳоло самтҳои фаъолияташ чӣ гуна аст?
Илҳом Абдуллоев: Фаъолияти Бунёди Сорос бо мурури замон мувофиқи равандҳои умумии иҷтимоӣ дар кишвар ва талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ тағйир меёбад. Барои ин, сохтори Бунёд, ки аз ҷониби асосгузораш Ҷорҷ Сорос пешниҳод шудааст, мусоидат мекунад. Бунёд аз нигоҳи идоракунӣ ва ба нақшагирии стратегӣ худмухтор аст. Аъзои раёсат, шӯроҳои коршиносӣ-машваратӣ ва ҳайати Бунёд шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Ҳамаи онҳо дар ифшои проблемаҳои ҷорӣ ва ниёзмандиҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намуда, самтҳои нави фаъолияти Бунёдро муайян мекунанд. Дуруст аст, ки солҳои 1990, вобаста ба давраи
Илҳом Абдуллоев мегӯяд, Бунёд аслан дар ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва кудето (табаддулот) ширкат накарда, баръакс дар пешбарии арзишҳои ҷомеаи боз, озодии афкор, баробарҳуқуқӣ, сатҳи арзишманди ҳаёт, тандурустӣ ва дастрасӣ ба таҳсил ва ислоҳот кӯмак мерасонад.
мушкили гузариш ва ислоҳоти куллӣ, ҷомеа талабгори донишҳои нав ва омӯзиши равандҳои муосири ҷамъиятӣ ва технологияҳо буд ва барои дарёфти онҳо Бунёд тавассути бурсияҳо барои сафар ва таҳсил мусоидат намуд. Ҳамзамон, баробари даст овардани истиқлол ва берун шудан аз низоми Шӯравӣ дар кишвар ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба эҳёи фарҳанги миллӣ, мавқеи забони миллӣ ва эътирофи як қатор анъанаҳои фарҳангӣ ба миён омаданд. Бунёди Сорос барои ин, тавассути пешниҳоди бурсияҳои инфиродӣ ба ходимони фарҳанг ва созмонҳои фарҳангӣ, аз ҷумла театрҳо, синамо, санъати тасвирӣ ва ғайра имкон фароҳам овард.
Алмаз Сайфутдинов: Дар робита бо стратегияи Бунёд бояд бигӯям, ки минбаъд ҳам вазифааашро барои ҳимоят аз рушд, устуворӣ ва инкишофи ҷомеаи демократӣ иҷро хоҳад кард. Ҳадафи асосии Бунёд - рушди андешаҳои инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ, адолати иҷтимоӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар аст. Имсол Бунёд иҷрои стратегияи нави худро барои солҳои 2017-2020 оғоз кард. Самтҳои асосии стратегияи мазкур аз ҳимояти муҳоҷироне, ки ба ватан бармегарданд; таҳия ва пешбурди тарҳҳои озмоишӣ дар бахши таҳсил ва, инчунин, лоиҳаи бахшитандурустии ҷамъиятӣ, ки дар оянда метавонанд ҳамчун модели истифодашаванда дар сатҳи давлат қабул гарданд, иборат мешавад.
Инҷо сухан дар бораи шеваву фарҳанги баҳогузорӣ (мониторинг ва баҳодиҳии таҳсилотии таълимгирандагон), таҳкими ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ меравад. Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва фазои иҷтимоӣ, мубориза бо шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ аз бахшҳои асосии стратегия ҳатсанд. Бунёд ба ҳаракатҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва институтҳое, ки дар ин самт фаъолият мекунанд, низ кумак мекунад. Мо хостори дидани намунаҳои баёни озод ва мустақили ақидаи шаҳрвандон оид ба проблемаҳои мухталифи иҷтимоӣ ҳастем. Мо тарҳҳои навро бо расонаҳои Тоҷикистон ва журналистоне, ки тадқиқоти журналистӣ мебаранд, таҳлил мегузаронанд, бо масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон кор мегиранд, дидан мехоҳем.
Радиои Озодӣ: Дар чанд соли охир ҳузури Бунёди Сорос дар ҷомеаи мадании Тоҷикистон камранг шудааст. Сабаб дар чист?
Илҳом Абдуллоев: Ба ин бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ таъсир расондааст,
Алмаз Сайфутдинов
Мушовири Сафорати ИМА дар Душанбе оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва масъули пешбурди манфиатҳои тиҷоратии ИМА дар минтақа аст. Соли 2012 Алмаз гурӯҳи фейсбукии «Ахбори иқтисодии Тоқикистон»-ро ташкил кард. Бо беш аз 8100 хонанда майдони мазкур ба сифати агрегатор ва манбаи асосии иттилооти иқтисодӣ, ахбор, ҳисоботи таҳлилӣ ва муҳокимаҳо баромад мекунад. Алмаз пештар ба ҳайси ҷонишини сардори Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон кор мекард. Фаъолияти касбиашро аз соли 1996, ба сифати ҷонишини раҳбари лоиҳаи хусусигардонии мавриди дастгирии USAID ва Бонки ҷаҳонӣ оғоз кардааст. Соҳиби дараҷаи магистри соҳаи идоракунии рушди Донишгоҳи Мичигани Ғарбии ИМА мебошад. Муаллифи мақолаҳои таҳлилӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.
ки буҷети Бунёдро коҳиш дод. Бо ин ҳол, Бунёд аз ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ниёз ба дастгирии фаврӣ доранд, ҳимоят мекунад. Барои мисол, муддати се соли охир Бунёд ба Маркази миллии тестӣ дар таъмини шаффофият ва дастрасии боадолатон ба таҳсилоти олӣ тавассути таҳияи меъёрҳои ҳуқуқии мувофиқ ва коркардҳо кумак кардааст. Ҳамчунон, мо ба ҷамъиятҳои маҳаллӣ барои ташаккули марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак, Коалитсияи созмонҳои ҷамъиятии волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа, Коалитсияи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии «Шаффофият барои рушд» ва дигарон ёриҳои назаррас кардаем. Ба тағйирёбии авлавиятҳо нигоҳ накарда, Бунёд ба ташаббус дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар, ночиз ҳам бошад, ёрӣ мекунад. Мо ба босуботии кинофестивали «Дидор» мусоидат кардем, ки барои ҳамкории киноматаграфистони Ғарбу Шарқ дар омӯзиши олами бою мушкили Шарқ, проблемаҳои муносибати ду минтақа, фазои муносиб фароҳам овард. Фестивал-озмуни ҷавонон “Нигоҳи нав”, ки онро низ мо дастгирӣ мекунем, рӯ ба инкишоф аст ва он ба озодии эҷод ва ташаббусҳои шаҳрвандӣ миёни ҷавонон мусоидат мекунад. Инчунин, мо ташаббусҳои чор донишгоҳи олии ҷумҳуриро оид ба ташаккули барномаи ягонаи магистерии “Арт-менеҷмент” дастгирӣ кардем. Барномаҳои бурсияи дастгирии намоишҳои рассомон ва лоиҳаҳои созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ доир ба истифодабарии элементҳои ҳунар дар муҳокимаи мушкилоти иҷтимоӣ иҷро карда шуданд.
Алмаз Сайфутдинов: Яке аз лоиҳаҳои дарозмуддати Бунёд маъруфкунии мероси фарҳангӣ-таърихии Тоҷикистон тавассути нашри тақвимҳои ҳарсолаи Бунёд, дастгирии лоиҳаҳои мухталиф ва ташаббусҳо дар соҳаи мероси фарҳангӣ-таърихӣ мебошад. Беҳамтоии тақвимҳои мо дар он аст, ки ҳар яки он лоиҳаи тадқиқотии олимон, дизайнерон ва рассомон мебошад.
Радиои Озодӣ: Бархе аз мақомоти давлатҳои Шӯравии собиқ Бунёди Соросро дар ташкили “инқилобҳои ранга” айбдор мекунанд. Назари Шумо нисбат ба ин иддао чист?
Илҳом Абдуллоев: Мутаассифона, чунин андеша нисбат ба мо замони таҳаввулоти сиёсӣ дар Украина, Гурҷистон ва Қирғизистон ба миён омад. Баъзе “тарғибгарони” сиёсӣ ин ҳаводисро бо фаъолияти Бунёди Сорос дар минтақаҳо рабт доданд. Бунёд аслан дар ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва кудето (табаддулот) ширкат накардаанд. Баръакс, онҳо дар пешбарии арзишҳои ҷомеаи боз, озодии афкор, баробарҳуқуқӣ, сатҳи арзишманди
ҳаёт, тандурустӣ ва дастрасӣ ба таҳсил ва ислоҳоти аз ҷониби давлат муайянгардида кумак мерасонданд. Ҳадаф - пешбурди арзишҳои инсонӣ аст, ки дар барномаҳои ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои чӣ дар кишвари мо ва ва чӣ дар хориҷи кишвар инъикос ёфтаанд. Бо вуҷуди он, ин фаъолияти Бунёдро ба сиёсат намепайвандад. Маҳдудияти ҳуқуқие ҳам вуҷуд дорад, ки Бунёд мувофиқи қонунгузории маҳаллӣ ва тартиботи оинномавии худ набояд ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳоро дастгирӣ кунад.
Алмаз Сайфутдинов: Баъзан, дар расонаҳои кишварҳои гуногун нисбат ба кори Бунёд тӯҳматҳоро дидан мумкин аст. Фаъолияти Бунёд шаффоф ва боз аст. Ҳар сол Бунёд гузориши солонаро дар бораи фаъолияташ пешниҳод мекунад. Вазифаи мо ҳамчун узви раёсати Бунёд аз назорати фаъолияти Бунёд, таъминкунии шаффофият, муайянкунии самти стратегӣ ва робита бо ҷомеа иборат мебошад. Бояд гуфт, Бунёд ҳамчун созмони ҷамъиятӣ расман сабт шуда, танҳо дар чорчӯбаи фазои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Радиои Озодӣ: Стартегияи раҳбарияти нави Бунёди Сорос дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад шуд? Оё миёни стратегияи нав ва собиқ тафовуте ҳаст?
Алмаз Сайфутдинов: Ҳамчун раиси шӯро мо бо ҳамкоронам нияти идомадиҳӣ ва густариши кори самарбахши Бунёдро дар Тоҷикистон дорем. Албатта, бо захираҳои маҳдуд пешбурди кор дар самтҳои дигару муҳим ва шавқовар душвор аст, аммо чунин меҳисобам, ки бояд кор бо
Илҳом Абдуллоев
Директори иҷрояи Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушод»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон мушовири Бонки ҷаҳонӣ ва муҳаққиқи Институти аврупоии омӯзиши захираҳои меҳнатӣ аст. Ба сифати иқтисодчии Агентии давлатии омори ҶТ, ҷонишини сардори шуъбаи равобити байналмилалии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ҳамоҳангсози барномаи рушди иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, Менеҷер оид ба бурсҳо ва Директори барномаҳои дастгирии соҳибкории навташкил ва фарҳанг ва ҳунар дар Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушод»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон кор кардааст. Раиси Шӯрои назоратии Ҷамъияти Саҳҳомии шакли пӯшидаи Ташкилоти қарздиҳии депозитии «Ҳумо» мебошанд. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (кафедраи «Равобити байналмиилалии иқтисодӣ», 2006-2009) дарс дода ва собиқ ёрдамчии профессори Донишгоҳи Ратгерс (факултети иқтисодиёт, ИМА, 2011-2013) мебошад. Соҳиби дараҷаи илмии Доктори иқтисоди (PhD) Донишгоҳи Ратгерс (ИМА), ва дараҷаи Магистри донишгоҳи Сент-Эндрюс (Бритониёи Кабир) аст. Диссертатсияи номзадии ӯ бо ҷоизаҳои Донишгоҳи Ратгерс - Алфред Эйшнер ва Монро Берковитс мукофотонида шудааст. Аъзо-кореспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
васоити ахбори омма ва журналистон такмил дода шавад, зеро онҳо аз муҳимтарин пайвандгарони ҷомеа, манбаъҳои объективии инъикосгари воқеаҳо дар давлат ва бахши хусусӣ ҳастанд. Фикр мекунам, оғози эҳёи кумакҳо тавассути пешниҳоди бурсҳо ба лоиҳаҳои инфиродии соҳаи ҳуқуқи инсон, мавқеи шаҳрвандӣ, лоиҳаҳои зеҳнӣ ва иттилоотӣ заруранд.
Илҳом Абдуллоев: Мехоҳам қайд кунам, ки масъалаҳои омӯзиши иқтисодиёти муҳоҷират барои Тоҷикистон муҳим аст. То ҳол аз ҷониби бахши шаҳрвандӣ диққати асосӣ танҳо ба омода кардани муҳоҷирон барои сафар, ёрӣ ба занҳои муҳоҷирон ва ҳалли масоили ҳуқуқии онҳо дар кишварҳои бегона дода мешуд. Ҳодисаҳои ахир заъфи кишварро аз садамоти иқтисодии беруна ба намоиш гузошт. Роҳҳои оянда паст кардани таъсири садамоти мазкурро мо дар рушди нерӯи истеҳсолӣ ва коршиносӣ, зиёд кардани шуғл ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар, дастрасӣ ба қарзҳо аз нигоҳи арзиши онҳо, мебинем. Пайваста ба самти нави фаъолиятамон мо мусоидатро дар реинтегратсияи иқтисодӣ-иҷтимоии муҳоҷирони бозгашта, масъалаҳои дастрасӣ ба қарзҳои хурд барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ интхоб кардем. Оид ба қисмати тағйирот дар кори Бунёд, мо мехоҳем, ки он бештар барои рушди майдонҳои мухталиф ва форумҳо барои баргузории мубоҳисаҳои таҳлилӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ мусоидат намояд. Мо аллакай дар соли 2016 силсилаи лексияҳои бозро бо иштироки таҳлилгарони мустақил оид ба масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ, журналистика ва муҳоҷират баргузор намудем. Фаъолияти мазкур доир ба масъалаҳои дигар ва бо ҷалби мутахассисони бахшҳои мувофиқ васеъ карда мешавад. Ба ғайр аз ин, Бунёд набояд дар атрофи иҷрои стратегияи худ маҳдуд бошад, балки лоиҳаҳои дигари ҷамъиятиро баррасӣ намояд ва имкони иловагиро барои маблағгузорӣ дарёфт кунад.”
Радиои Озодӣ: Шумо бо Ҷорҷ Сорос мулоқот доштед. Сари кадом масъалаҳо сӯҳбат кардед?
Алмаз Сайфутдинов: Дар вохӯрӣ бо асосгузори Бунёд Ҷорҷ Сорос мо бо директори иҷроия Илҳом Абдуллоев мухтасар дар бораи фаъолияти Бунёд ва вазифаҳои асосии он барои солҳои наздик сӯҳбат кардем. Ба сифати авлавият бахши таҳсилот, тандурустӣ ва рушди иқтисод муаррифӣ шуданд. Ба синнашон нигоҳ накарда, ҷаноби Сорос оид ба ҳаводис дар саросари олам ҳавасмандии фаъолона зоҳир мекунанд. Дар мулоқот таваҷҷӯҳи махсус ба сифати таҳсили олӣ ва имкони ҳамкорӣ бо донишгоҳҳое ба мисли American University of Central Asia, ки дар Бишкек ҷойгир аст, дода шуд.
Илҳом Абдуллоев: Ҷорҷ Сорос хоҳиши моро оии шомил кардани Тоҷикистон ба феҳрасти давлатҳое пазируфт, ки шаҳрвандонашон метавонанд стипендияҳои таҳсили дарёфти дараҷаи магистрӣ дар кишварҳои Аврупо ва Амрикоро гиранд. Дар робита ба тағйирот дар авлавиятҳои стратегии Барномаи стипендиалии Бунёди “Ҷамъияти Кушод”-Ню Йорк дар соли 2013, Тоҷикистон аз рӯйхати мазкур хориҷ шуда буд.