Вазорати маорифи Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба раҳбарони мактабҳои олӣ аз онҳо хостааст, аз иштироки донишҷӯён дар семинару ҳамоишҳои созмонҳои байналмилалӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Ин нома дар санаи 8-уми октябр бо имзои муовини вазири маорифи Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов таҳти рақами №05/2-414 бо матни зерин ирсол гардидааст: "Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ба Шумо дастур дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ назорат намуда, барои иштирок нанамудани донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешед."
Алидод Расулов, раҳбари раёсати мактабҳои олии Вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи сешанбе, 16-уми октябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан чунин мактуб ба уновнии раҳбарони донишгоҳҳои Тоҷикистон ирсол шуда буд. Ба гуфтаи вай, бо ирсоли ин нома вазорат мехоҳад, иштироки масъулони донишгоҳҳо ва донишҷӯён дар семинарҳои созмонҳои байналмилалиро таҳти назорат бигирад:
"Масалан мо ба фаъолияти як ширкати байналмилалии International Alert иҷоза надода будем. Аммо бо вуҷуди ин, ин ташкилот донишҷӯёни тоҷикро ба муддати як ҳафта ба хориҷа бурдааст. Мо намедонем, ҳадафи аслии ин созмонҳо чист ва баъд дар вақти дарс ва ба ҷои таҳсил донишҷӯ дар семинари созмонҳои байналмилалӣ чӣ кор мекунад? Албатта, бояд масъулони донишгоҳ ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд."
Аммо ҳуқуқшиносони тоҷик ин дастури Вазорати маорифи Тоҷикистонро хилофи Қонуни асосӣ ва қонунҳои феълии Тоҷикистон медонанд. Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос ва вакили мудофеи тоҷик, мегӯяд, "бо ин мактуб Вазорати маориф фаъолияти қонунии созмону ташкилоти байналмилалиро зери суол қарор медиҳад. Зеро ин ташкилот дар Вазорати адлия сабти ном шуданд ва мувофиқи қонун фаъолият мекунанд. Онҳо дар доираи оинномаашон ҳуқуқ доранд, ки конфронс, семинар ва ҳамоишҳоро ташкил кунанд, ки дар он донишҷӯён низ метавонанд иштирок кунанд."
Ҷаноби Қудратов афзуд, Вазорати маориф танҳо дар ҳудуди биноҳои мактабҳои олӣ метавонад гузаронидани конфронсу семинарҳоро бо ташаббуси созмонҳои байналмиллалӣ танзим кунад. Инчунин иштироки донишҷӯёнро дар чунин нишастҳои илмӣ-омӯзишӣ танҳо дар вақти дасрашон метавонад маҳдуд намояд, на бештар аз он.
Созмону ташкилоти байналмиллалӣ, назири Бунёди Сорос, САҲА, Барномаи рушди СММ ва Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон барномаю лоиҳаҳои зиёдеро барои баланд бардоштани савияи дониш ва ҷаҳонбинии донишҷӯёни тоҷик роҳандозӣ мекунанд. Бархе аз намояндаҳои ин созмонҳои байналмиллалӣ аз шарҳи ин дастури Вазорати маориф худдорӣ карданд. Дар ҳамин ҳол, суоли матраҳ ин аст, ки ин дастури Вазорати маориф ба фаъолияти ин созмонҳо ва ширкати донишҷӯёни тоҷик дар маъракаву барномаи онҳо чӣ таъсир хоҳад дошт?
Хуршед Гулов, донишҷӯи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дар Хуҷанд, мегӯяд, ин тасмими вазорат бар зарари донишҷӯён тамом хоҳад шуд: “Агар донишҷӯён аз мадади созмонҳои байналмилалӣ барои иштирок дар конфронсу семинарҳои байналмилалӣ маҳрум шаванд, онҳо дигар дар он ҷо иштирок карда наметавонанд. Чунки нархи роҳкиро хеле гарон аст. Дуюм длонишҷӯён аз он малакаю донише, ки бо иштирок дар чунин чорабиниҳо мегирифтанд, низ бенасиб хоҳанд монд."
Хуршед афзуд, худ баъд аз дасрҳо бо се ташкилоти ҷаъиятӣ ҳамкорӣ мекунад ва бо ин тасмими вазорат аз ин ҳақ ва аз манбаи даромад маҳрум хоҳад шуд. Ӯ ва даҳҳо нафари дигар мегӯянд, ба мантиқи чунин талошҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон сарфаҳм намераванд.