Ҷорҷ Сорос, сарватманд ва саховатманди маъруфи амрикоӣ аз Бишкек, пойтахти Қирғизистон дидан кард. Ӯ дар ҷараёни ду рӯзи сафараш ба Қирғизистон, бо донишҷӯёни маҳаллӣ ва ҳам президент Алмосбек Отамбоев дидору гуфтугӯ кард. Дар сӯҳбат бо Отамбоев ҷонибҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо дар оянда ҳамсӯҳбат шуданд. Дар сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, ба қавли хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ Тоқсокун Шамбетов, Ҷорҷ Сорос дар бораи асрори пешрафту муваффақияташ сӯҳбатҳо кардааст. Дар давоми 20 соли охир Ҷорҷ Сорос, ки бунёди хайрияи худро дораду тавассути он барномаҳои зиёдро дар риштаи илму маорифу фарҳанг, аз ҷумла дар кишварҳои Шӯравии собиқ, маблағгузорӣ мекунад, ба Қирғизистон 79 миллион доллар эъто кардааст. Хабарнигорон мегӯянд, дар гузашта Сорос "чор-панҷ бор аз Бишкек дидан кардааст".
Мулоқоти Ҷорҷ Сорос бо президенти Қирғизистон дар ҳолест, ки шахсияти ин соҳибкори маъруфи амрикоӣ дар чашми мақомдорони аксар ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ баҳсбарангез аст. Соросро раҳбарони рӯ ба Русияи ин ҷумҳуриҳо пуштибон ва маблағгузори инқилобҳои ранга меноманд ва баъди фаъолияти чандинсолаи барномаҳояш дар қаламрави кишварҳояшон, баъзе ҷумҳуриҳо фаъолияти Бунёди Соросро бастанд ва ё барномаҳояшро маҳдуд кардаанд. Аз ҷумла, дар Ӯзбакистону Русия дафтари намояндагии бунёди Сорос баста шудааст.
Хабарнигори Озодӣ аз Бишкек ҳам хабар дод, ки дар Қирғизистон гурӯҳе аз шаҳрвандон аз созмони “Русский мир” раҳпаймоии эътирозиро дар робита бо сафари Сорос ба Бишкек дар муқобили сафорати Амрико ташкил карданд. Яке аз ширкатдорони ин ҳамоиш гуфт, ки мухолифи ба
Қирғизистон омадани шахсе мисли Ҷорҷ Сорос аст, ба он далел, ки ба гуфтааш, “ҳар ҷое қадами Сорос гузошта шуд, он ҷо бесубот мешавад”.
Ин андеша, ба гуфтаи сафири собиқи Қирғизистон дар Бритониёи Кабир Кубан Мамбеталиев “иштибоҳ” аст. Вай мегӯяд, Ҷорҷ Сорос ба унвони “як шахсияи ҷаҳонӣ” дар пешрафти илму ҳунар ва маорифи замони имрӯз хеле талош кардаву маблағи зиёд сарф кардааст. Ба гуфтаи ӯ, “маҳз ба шарофати Сорос шаҳрвандони Қирғизистон ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ имкони таҳсили бепул дар хориҷа, пешбурди корҳои илмии худро пайдо карданд ва муаррифии дастовардҳои фарҳангии худро” пайдо карданд.
Милиардер Ҷорҷ Сорос 84 сол дошта, дар шаҳри Будапешт ба дунё омадааст. Ӯ яке аз маъруфтарин соҳибкоронест, ки ҷонибдори бунёди ҷомеаҳои бозу демократӣ дар кишварҳои баставу мустабид аст. Баъди инқилоби “садбаргҳо” дар Гурҷистон ба раҳбарии Михаил Саакашвилӣ дар соли 2004, ки як зарбаи шадиде ба ҳукумати иборат аз коммунистҳои собиқ шуд, Соросро мухолифон дар маблағгузории ин ҷараёнҳо муттаҳам карданд. Худи Ҷорҷ Сорос гуфт, ки матбуот нақши ӯро аз ҳад зиёд бузург нишон додааст. Вале маҳз баъди ҳамин рӯйдодҳо, дар баъзи ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дафтари намояндагии ин бунёд баста шуд. Дар Тоҷикистон созмони ӯ зери унвони Бунёди “Ҷомеаи боз” амал мекунад, ки дар давоми солҳои истиқлол милёнҳо долларро барои пешбурди барномаҳои илмиву ҳунарӣ равона кардааст.
Зимнан, Ойниҳол Бобоназарова, яке аз раҳбарони Бунёди “Ҷомеаи боз” дар Тоҷикистон, ки соли 2013 мехост номзади президентӣ шавад, бо Сорос дар Амрико як мулоқоти рӯбарӯ дошт. Соли 2011 ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки баъди инқилобҳои ранга дар Гурҷистон,Украина ва Қирғизистон нобоварии намояндагони баъзе аз мақомоти давлатиро аз кори бунёди Сорос гоҳо ҳис мекард ва рӯзе дар як мулоқот бо ҳузури президент дар вазорати адлия аз ӯ савол шудааст, ки “шумо ҳам инқилоб тайёр мекардед?”. Бобоназарова гуфтааст, ки “инқилобро аз берун тайёр кардан бисёр мушкил аст ва агар ҳукумат бо мардумаш хуб бошад, ягон инқилоб намешавад. Ва дар давоми ин даҳ соле, ки роҳбари ин муассиса будам, ягон маротиба ҷаноби Сорос оиди он, ки инқилоб бояд шавад, чизе нагуфтааст».
Дар таърихи фаъолияти Бунёди “Ҷомеаи боз” дар Тоҷикистон Ҷорҷ Сорос танҳо як дафъа соли 2011 аз Тоҷикистон дидан карда бо мақомот ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам сиёсатмадорони маҳаллӣ сӯҳбат кардааст.
Радиои Озодӣ