Як намояндаи баландпояи Интерпол гуфт, Тоҷикистон яке аз панҷ кишвари умдае аст, ки пайваста маълумот дар бораи ҷангҷӯёни хориҷиро дар ихтиёри ин ниҳоди байналмилалии амниятӣ мегузорад.
Саҳифаи "Интерпол" дар солҳои аввали пайдоиши ДИИШ ва пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи он аз аввалин манобеи бозе буд, ки акси “ҷиҳодиён”-и тоҷик ва маълумот дар бораи онҳоро нашр мекард.
Элизабет Нюгеубер, муовини намояндаи махсуси Интерпол дар Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 2-юми июл дар як нишасти Кумитаи мубориза бо терроризми Шӯрои Амният гуфт, айни замон дар махзани Интерпол маълумотномаи 43 000 ҷангҷӯи хориҷӣ вуҷуд дорад. "Тоҷикистон яке аз панҷ кишвари асосӣ аст, ки пайваста маълумот дар бораи террористони хориҷиро дар ихтиёри Интерпол мегузорад", - афзуд Нюгеубер.
Номи беш аз 2500 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати Интерпол
Ӯ нагуфт, ҳоло чӣ маълумотнома дар бораи чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунанд, дар феҳрасти Интерпол вуҷуд дорад.
Аммо охири соли гузашта Абдуғаффор Азизов, раиси идораи тоҷикистонии "Интерпол", гуфт, номи беш аз 2500 шаҳрванди кишварро барои пайгарду боздошт дар ихтиёри Интерпол гузоштаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун беш аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта ва ба сафи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, ба мисли “Давлати исломӣ” пайвастаанд.
Саҳифаи "Интерпол" дар солҳои аввали пайдоиши ДИИШ ва пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи он аз аввалин манобеи бозе буд, ки акси “ҷиҳодиён”-и тоҷик ва маълумот дар бораи онҳоро нашр мекард.
"Амалҳои харобкоронаи худро идома медиҳад"
Дар нишасти Кумитаи мубориза бо терроризми Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, хатари ифротгароӣ ва мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ ҳам баррасӣ шуд. Элизабет Нюгеубер гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хатарҳои гуногун, аз қочоқи маводи мухаддир гирифта, то ба тундгароии хушунатбор ва терроризм рӯ ба рӯянд ва "мо ҳамроҳ бо ин кишварҳо барои мубориза бо хатари ҷангҷӯёни хориҷӣ ҳамкорӣ мекунем".
Дар чанд соли охир бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шоҳиди афзоиши тундгароии хушунатбор шуданд. Аз ҳар яке аз ин кишварҳо садҳо нафар ба Ироқу Сурия рафтаанд ва ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ шудаанд. Тахмин меравад, ки шумораи ҷангҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистону Қазоқистону Узбекистону Қирғизистон то 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, баъзе аз ҷангҷӯён фармондеҳони баландпояи ДИИШ ва гурӯҳи террористии "Ан-Нусра" ҳастанд.
Дар нишасти Кумитаи мубориза бо терроризми Шӯрои Амният, Ҷонибек Ҳикматов, кордори намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал низ суханронӣ кард. Ӯ аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҳайси созмони террористӣ ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ то имрӯз "амалҳои харобкоронаи худро бо ҳадафи ноамн кардани кишвар идома медиҳад".
Умеди Тоҷикистон аз ҷомеаи байналмилалӣ
Ӯ дигарбора аъзои ҳизби мазкурро ба ташкилу раҳандозии ошӯби нофарҷоми соли 2015 бо раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ муттаҳам кард ва гуфт, "Тоҷикистон талошҳояшро барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо идома медиҳад ва бисёр умедвор аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ дар ин ҷидду ҷаҳд ба мо кумак мекунад".
Ҳикматов афзуд, баъзе аз раҳбарони ин ҳизб дар як кишвари хориҷӣ “сарпаноҳи амн” ёфтаанд ва иқомат мекунанд. Раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иддао дар бораи даст доштан дар ошӯби нофарҷоми соли 2015-ро рад карда мегӯянд, ин ошӯб баҳонае барои аз саҳна дур кардани ягона ҳизби мухолифи давлат буд.
Давлати Тоҷикистон дар гузашта номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизбро барои пайгарди байналмилалӣ ба Интерпол дода буд. Аммо баъдан номи ӯро бо талаби ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ аз феҳраст хориҷ карданд.