Пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд, аз полиси байналмилалии Интерпол ва ҳам ҳукумати Юнон тақозо дорад, ки қазияи Мирзораҳим Кузов мӯшикофона ва ҳамаҷониба таҳқиқ шавад. Дар як изҳороти видеоӣ ба Радиои Озодӣ Стив Свердлов рӯзи 16-уми октябр гуфт, ки бо гузашти 6 рӯз аз боздошти Кузов ҳанӯз маълум нест, ки ӯ дар чӣ шароит ба сар мебарад ва мулоқоти ӯ бо вакили дифоъ дар зиндони канори шаҳри Атен чӣ натиҷа дод.
Рӯзи 9 октябр Кузов, ки аз ӯ ба ҳайси як фаъоли сиёсӣ ва узви ҲНИТ ном бурда мешавад, дар толори транзитии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Атен замони сафараш аз Варшава ба Теҳрон, боздошт шуд. Боздошти ӯро раҳбарияти ҲНИТ ва фаъолони ҳуқуқи башар дорои ангезаҳои сиёсӣ номида гуфтанд, ки ӯ бо дархости Тоҷикистон ва тавассути полиси байналмилалии Интерпол боздошт шудааст.
Пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch Стив Свердлов дар як сӯҳбати видеоиаш бо Радиои Озодӣ нахуст дар бораи шароити боздошти Кузов маълумот дод:
Стив Свердлов: Human Rights Watch дар робита бо сарнавишти Мирзораҳим Кузов, як фаъоли сулҳомез изҳори нигаронӣ мекунад. Кузов дар маҳалали транзитии фурудгоҳ буд, ки боздошт шуд. Ӯ баъди ширкат дар нишасти САҲА дар Варшава ба Атен омад ва мехост ба шаҳри дигар сафарашро идома диҳад. Ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон ва аз рӯи ба истилоҳ “ҳушдори сурхи Интерпол”, рӯзи 9 октябр боздошт карданд, баъди ин ӯ ба зиндони шаҳраки Корридалос интиқол ёфт, ки дар канори Атен ҷойгир аст. Шаш рӯз аст, ки вай дар он зиндон аст. Human Rights Watch аз сарнавишти Кузов нигарон аст. Кузов як фаъоли сулҳҷӯ аст. Аҷиб ин, ки ӯ баъди иштирок дар конфронси ҳуқуқи башар боздошт шуд. Қазияи ӯ ба парвандаҳои дигар фаъолони тоҷик монанд аст, ки сохтакорӣ шуда ба "Интерпол" дода шудаанд. Ӯ соҳиби як вакили дифоъ аст, вале мо намедонем, ки оё онҳо вохӯрда тавонистанд ё на. Ӯро мисли дигар фаъолони ҲНИТ аз рӯи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои фаъолиятҳои экстремистӣ гунаҳгор меккунанд.
Радиои Озодӣ: Исми Кузовро дар феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯи ҳукумати Тоҷикистон дидан мумкин аст, ки дар вебсайти Бонки миллии Тоҷикистон нашр шуд. Кузовро Интерпол ҷустуҷӯ дорад, вале ба фарқ аз дигар аъзои ҲНИТ, маълум нест, ки ӯ чӣ гуноҳ содир кардааст. Мақомоти тоҷик то имрӯз дар ин замина изҳори бехабарӣ кардаанд. Маълумоти шумо дар бораи қазияи ӯ чист?
Стив Свердлов: Тавре ки мо мефаҳмем, иттиҳоме, ки ба Кузов нисбат дода мешавад, айнан мисле онест, ки ба раҳбарият ва дигар фаъолони ҲНИТ эълон шуда буд. Раҳбарони ин ҳизб барои даст доштан дар ҳодисаҳои хеле машкуки сентябри соли 2015, соле баъд яъне июни соли 2016 ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон муттаҳам шуданд. Ташкили ин ошӯби мусаллаҳонаро ба дӯши муовини собиқи вазири дифоӣ Назарзода вогузор карданд, раҳбарияти ҲНИТ-ро дар ташкили ин амалҳо гунаҳгор карданд. Мо он замон ҳам хеле садо баланд кардем. Дар ин ду соли охир мо шоҳиди як бӯҳрони амиқе дар масоили ҳуқуқи башар мешавем. Як маъракаи густардаи зидди дигарандешӣ ҷараён дорад. Ин мубориза на танҳо зидди аъзои ҲНИТ, мудоефони онҳо, вакилону вакилони онҳо ва ҳам зидди аъзои ҳизбу гурӯҳҳои мухолифи дигар, аз ҷумла “Гурӯҳи 24” равона шудааст. Дар қонунҳои байналмилалӣ чунин муқаррарот амал мекунад, ки дар сурати таҳдиди шиканҷа ба нафаре дар кишваре, ки боздошту истирдоди ӯро талаб мекунад, ин шахс набояд таслим карда шавад. Юнон ба ҳайси як кишвари узви Шӯрои Аврупо, ки ба Эъломияти аврупоии ҳуқуқи башар ва ҳам эъломияи зидди шиканҷаро имзо кардааст, муваззаф аст, ки Кузовро ба Тоҷикистон барнагардонад. Ба Кузов дар Тоҷикистон шиканҷа таҳдид мекунад. Аз ҳамин хотир, мо бо садои баланд аз Юнон тақозо мекунем, ки Кузовро ба Тоҷикистон барнагардонад. Ӯ бояд озод шавад ва мо мебинем, ки иттиҳомоти зидди ӯ дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Бо гузашти ду сол аз он ҳодисаҳо то ҳол шаҳодати қобили эътимоди даст доштани ин ҳизб дар рӯйдодҳои сентябри соли 2015 пешкаш нашуд.
Радиои Озодӣ: То куҷо ин нигаронии шуморо Интерпол ҳам дарк мекунад, ки як полиси байналмилалӣ асту бо кишварҳои зиёд, аз ҷумла Тоҷикистон дар амри боздошти ҷинояткорон ҳамкорӣ мекунад ва ин созмон иттиҳомоти зидди ҳар нафари гумонбарро дар ихитёраш дорад?
Стив Свердлов: «Интерпол ҳамчун полиси байналмилалӣ мавриди истифодаи ҳукуматҳои мухталиф қарор мегирад. Аз ин полис бо ҳадафи боздошту зиндонӣ кардани бисёри онҳое истифода мешавад, ки бо фаъолият озоди сиёсӣ машғул ҳастанд. Ба ин чиз роҳ додан мумкин нест ва Интерпол бояд ҳар қазияро хеле мӯшикофона таҳқиқ кунад. Бо назардошти таҷрибаи Душанбе ва ҳукуматҳои дигар, мо ният дорем, ки ба Интерпол муроҷиат карда аз онҳо тақозо кунем, ки ҳар қазияро хеле мӯшикофона омӯзанд ва низоми полиси байналмилалиро бо чунин ҳадафҳо истифода накунанд. Як умеди дигари мо ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон нисбати ҲНИТ мавқеи нармтар гирифта бо ин ҳизб вориди музокирот мешавад. Барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона амал кунад. Дар ҳар ҷомеа муҳим аст, ки садои сулҳомези интиқодӣ баланд бошад, ин садо мавқеи худро баён кунад».