Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Кабирӣ мутаваққиф шуд. Сабаб чист?


Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро, ки моҳи феврал дар ғайбаш шурӯъ шуда буд, мавқуф гузоштааст.

Як манбаъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 21 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмим ин шуд, ки “ба далели ҳузур надоштани айбдоршаванда дар баррасии парванда истеҳсолоти судӣ аз рӯи ин парванда муваққатан боздошта шавад. Аммо ин ба маъное нест,ки парванда пурра қатъ карда шудааст”, таъкид кард корманди Додгоҳи олӣ. Вай нагуфт, ки тасмими аз истеҳсолоти судӣ муваққатан боздошта шудани баррасии парвандаи Кабирӣ кай гирифта шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ баъд аз интихоботи порлумонии соли 2015, ки дар он ҲНИТ ду курсиашро аз даст дод, аз кишвар хориҷ шуд ва дигар барнагашт

Ин манбаъ дар додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд: “Бар асоси моддаи 280-и Кодекси мурофиавии ҷиноии Тоҷикистон, пас аз эълони ҷустуҷӯи байналмилалӣ дар сурати номуайян будани ҷои буду боши айбдоршаванда ва ҳангоми ҳозир набудани судшаванда, баррасии парванда бояд мавқуф гузошта шавад”.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи сентябри соли 2015 айбдор мешавад, аз моҳи марти ҳамон сол дар хориҷа ба сар мебарад ва мақомот исми ӯро ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ додаанд. Бонки миллии Тоҷикистон исми ӯро дар қатори садҳо нафари дигар дар феҳристи “афроди алоқаманд ба терроризм” ворид кардаанд. Кабирӣ, бо ин ки макони будубошашро ошкор намекунад, ба таври фаъол тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар мусоҳибаҳо бо нашрияҳои хориҷӣ изҳори назар мекунад.

Ин дар ҳолест, ки худи Кабирӣ аз замони мамнӯъ эълон шудани ҳизб ва иттиҳоми аъзояш дар талоши табаддулоти давлатӣ ин ҳамаро бепояву асос номида рад мекунад. Кабирӣ гуфтааст, ки ҳафади ҳукумат аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани як ҳизби пуртарафдори мухолифин буд.

Июли соли 2017 дар хориҷа бо ширкати Кабирӣ ҷаласае бахшида ба 20-солагии созишномаи сулҳ баргузор шуд
Июли соли 2017 дар хориҷа бо ширкати Кабирӣ ҷаласае бахшида ба 20-солагии созишномаи сулҳ баргузор шуд

Ҷузъиёти ҷараёни баррасиҳои додгоҳӣ маълум нест ва худи додгоҳ аз оғоз ин мурофиаро махфӣ унвон кардааст, ҳамонгуна, ки соли 2016 баррасии парвандаи аъзои раёсати ҲНИТ ҷараён гирифт. Танҳо баъди содир шудани ҳукм июни соли 2016 мақомот гуфтанд, ки аъзои баландпояи ҳизб ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ, аз ҷумла ду муовини Кабирӣ ба ҳукмҳои зиндони абад маҳкум шуданд.

Зимнан Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, рӯзи 1-уми феврали соли равон дар нишасти хабариаш мушаххас дар бораи иттиҳоми Кабирӣ суҳбат накард, вале гуфт, парвандаи раиси ҲНИТ махфист ва паси дарҳои баста мегузарад. “Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ қатъ ва созмони террористӣ эътироф шудааст. Нисбат ба раиси он парвандаи ҷиноӣ аст ва дар баррасии Суди олӣ қарор дорад. Ба таври махфӣ баррасӣмешавад”, - мухтасар посух дод Шоҳиён.

Бар асоси Кодекси мурофиавии ҷиноии Тоҷикистон “дар ҳолатҳои истисноӣ суд метавонад парвандаро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад, баррасӣ намояд, агар ин шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад”.

Ин дар ҳолест, ки Шамсиддин Саидов яке аз чеҳраҳои шинохати ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар ғайбаш ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар моҳи январи соли равон Шамсиддин Саидов, яке аз собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар ғайбаш ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Соли гузашта бар асоси як тағйир дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ додгоҳҳои Тоҷикистон ҳаққ пайдо карданд, ки афроди муттаҳамро дар ғайбашон маҳкум кунанд.

Сайфиддин Пирмуҳаммадзода, як масъули Додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи 24-уми январи соли равон дар нишасти хабарӣ гуфт, ин узви ҳизби мамнӯъ ба чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ айбдор аст. “Тамоми далелҳое, ки ӯ дар ҷиноятҳои террористӣ даст дорад, баррасӣ шуданд. Нӯҳ шоҳид пурсида шуд. Аксҳои ӯ ҳамроҳбо Муҳиддин Кабирӣ низ дар парванда ҳаст”, - афзуд ин масъули додгоҳ.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми шарҳи зарурати ворид кардани ин тайғирот ба Кодекси мурофиваии ҷиноятӣ гуфт: “Солҳои ахир шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир кардаанд, барои азҷавобгарии ҷиноятӣ дар канор мондан, ба хориҷи кишвар паноҳ мебаранд. Нисбат ба ин гуна шахсон кофтукоби байналмилалӣ эълон шуда, ба ниҳодҳои байналмилалӣ дархост ирсол шуда бошад ҳам, аксаран кофтукоб бенатиҷа мемонад. Аз ин лиҳоз, дар бораи ғоибона тафтишот бурдан ва дар суд баррасӣ кардани парвандаи чунин ҷинояткорон ба Кодекси мазкур тағйирот ворид шуд.”

Муҳиддин Кабирӣ баъд аз интихоботи порлумонии соли 2015, ки дар он ҲНИТ ду курсиашро аз даст дод, аз кишвар хориҷ шуд ва дигар барнагашт. Моҳи сентябри ҳамон сол мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзатро дар ташкили ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам карданд. Ба дунбол, Додгоҳи олӣ ҳизби наҳзати исломиро мамнуъ ва созмони террористӣ эълон кард. Ҳамон сол даҳҳо узви ин ҳизб, аз ҷумла муовинони раис боздошт ва ду нафари онҳо ба ҳабси абад ва боқимонда ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Як муддат номи ӯ дар феҳристи Интерпол - пулиси байналмилалӣ ҳам пайдо ва баъд аз чанде ғайб зад. Бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷустуҷӯи байналмилалии Кабирӣ поён наёфтааст.

Муҳиддини Кабирии 53-сола соли 2006 дар пайи даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба раҳбарии ҳизби наҳзати исломӣ расид. Вай ду дафъа вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG