Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 28 тоҷики узви ДИИШ-ро бо кӯмаки Интерпол меҷӯяд


Абушаҳид Турсунов.
Абушаҳид Турсунов.

Русия аз тариқи пулиси байналмилалӣ -- "Интерпол" Абушаҳид Турсунов, шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро, ки дар тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 муттаҳам мешуд, бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротӣ, таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Абушаҳид Турсунов аз ҷумлаи 28 тоҷики узви гурӯҳи тундрави ДИИШ аст, ки Русия аз тариқи "Интерпол" онҳоро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Русия аксари ин ҷангиёнро барои фаъолиятҳои террористӣ, ташвиқу тарғиби терроризм дар хоки ин кишвар ва узвият дар гурӯҳҳои тундрав, муттаҳам мекунад. Дар сайти "Интерпол" гуфта мешавад, ки ин афрод шаҳрвандону муҳоҷирони муқими Русияро дар анҷоми ҷиноят ва амалҳои террористӣ ташвиқ мекардад.

Пас аз шикасти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ, маълум нест, ки Абушаҳид Турсунов дар куҷо қарор дорад.

Абушаҳид Турсунов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ соли 2014 ба сафи ДИИШ дар Сурия пайваст ва он ҷо зери номи "Абу Саид" масъулияти бахши молии ин созмони тундравро бар дӯш дошт. Ӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоеро, ки имкони сафар ба Сурия ва Ироқро надоранд, барои кӯмаки молӣ ба ин гурӯҳ даъват мекард. Рақамҳои ҳамёни "Киви"-ро бо рақамҳои телефони Русия барои ирсоли пул таблиғ менамуд.

Маблағгузории "амалиёти номуваффақ", талоши сӯиқасд ба президент

Як манбаъ аз мақомоти тафтишотии Тоҷикистон рӯзи 22-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Абушаҳид Турсунов амалиёти номуваффақеро дар дохили Тоҷикистон ва Русия маблағгузорӣ кардааст ва барои даҳҳо ҷавони тоҷик пули сафар ба Сурияву Ироқро пардохт кардааст.

Ӯ гуфт, Абушаҳид Турсунов ва дигар ҷавононе, ки Русия ҳоло ҷустуҷӯ мекунад, дар гузашта муҳоҷири меҳнатӣ буда, маҳз аз ҳамин кишвар ба ҷангҳои кишварҳои Ховари Миёна сафар кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, нисбат ба Абушаҳид Турсунов пас аз ошкор шудани талоши сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, расман мавриди пайгард қарор гирифт.

Ҷангиёни тоҷик дар Ироқ ва Сурия.
Ҷангиёни тоҷик дар Ироқ ва Сурия.

Бар асоси иттилои расмӣ, Абушаҳид Турсунов ду нафар - Дилафрӯз Холова ва Изатулло Фузайловро барои сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба ноҳияи Ваҳдат дар моҳи сентябри соли 2015 омода карда буд. Онҳоро тариқи барномаи WhatsApp тарзи истифодаи маводи таркандаро омӯзиш дода, мехост онҳо ҳангоми бозкушоии заводи сементбарорӣ дар ноҳияи Ваҳдат онҳоро ба кор дароранд.

Баъдан, додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Дилафрӯз Холоваро, ки ба гуноҳаш пурра иқрор кард, ба 8 солу 6 моҳ ва Иззатулло Фузайлов, ки худро танҳо қисман гунаҳгор эътироф кард, ба 10 соли зиндони низомаш сангин маҳкум намуд. Онҳо дар бозпурсиҳо эътироф карданд, ки маҳз бо ташвиқи "Абу Саид" ё худ Абушаҳид Турсунов, ба ин кор омодагӣ медиданд.

Пас аз шикасти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ, маълум нест, ки Абушаҳид Турсунов дар куҷо қарор дорад. Инчунин маълум нест, ки мавқеи ӯ дар робита бо иттиҳоми мақомоти ҳифзи қонун чӣ будааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, 500 ҷавони тоҷик дар даргириҳои Ховари Миёна кушта шудаанд, вале исми онҳо ба матбуот маълум нест.

Тоҷикистон аз ин пеш руйхати беш аз 2 ҳазор нафар афроди шубҳанокро ба Русия ва Туркия дода буд. Аммо ин 28 нафаре, ки ҳоло Русия тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мекунад, ба гуфтаи мақомот, бевосита барои амалҳояшон дар ин кишвар таҳти таъқиб қарор доранд.

Бино ба омори охирине, ки мақомот дар Тоҷикистон эълон карданд, аз соли 2014, аз оғози таъсиси гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ", 1141 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Аз ин шумора ҳудуди 100 нафар дубора ба ватан баргашт ва аксаран мавриди афв қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG