Ҳамкориҳои сиёсиву низомии миёни Тоҷикистону Амрико, тавсеи ҳамкориҳои минтақавӣ ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ, ҳимоят аз озодии баён аз он масоиле буд, ки дар ҷараёни сафари муовини Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пума бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ шуд.
Умедворем, ки миёни ҳукумат ва онҳое, ки дар минтақаи Бадахшон ҳастанд, гуфтугӯ сурат мегирад
Эмилия Пума дар раъси як ҳайат рӯзи сешанбе дар ҷаласаи солонаи машваратии ИМА ва Тоҷикистон иштирок кард ва рӯзи 23-юми октябр дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, аз ҷараёни ин диду боздидҳо қаноатманд аст.
Ӯ гуфт, ки дар ҷараёни машварати сиёсӣ ва ҳам дар мулоқоти рӯзи душанбе бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ҳам дигар раҳбарони вазорату идораҳо гуфтугӯ кардааст. Ба қавли ин мақоми амрикоӣ, ҳайати байниидоравӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ мекунанд. Дар ин ҷаласа мубориза бо ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба ҳамгироии минтақавию рушди иқтисодӣ баррасӣ мешавад.
Таҳаввулоти Бадахшон: ҷонибҳо бояд муколама кунанд
Дар нишасти матбуотие, ки рӯзи чоршанбе дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ" баргузор шуд, яке аз пурсишҳои журналистон ба таҳаввулоти ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахашон рабт дошт.
Баъди интиқоди шадиди президенти Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ ва гардиши силоҳ дар ин минтақа, тағйироти куллӣ дар сатҳи раҳбарияти вилоят баргузор ва давоми беш аз як моҳ рейди ҷамъоварии силоҳу мубориза бо ҷинояткорӣ ҷараён гирифт.
Ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноии маҳаллӣ тақозо карданд, ки силоҳҳои худро канор гузошта, қарзҳои бонкиро баргардонанд ва гурӯҳҳои ҷиноиро пароканда кунанд.
Дипломати амрикоӣ Эмилиа Пума дар посух ба саволи ин, ки то куҷо ӯ аз мақомоти тоҷик роҷеъ ба вазъи Бадахшон ҳам суол кардааст, чунин посух дод:
"Сафорати мо ин масъаларо пайгирӣ дорад. Ҳукумат гуфт, ки дар фикри роҳандозии амалиёт дар он ҷо (дар вилояти Бадахшон) нест. Мо аз ҳама ҷонибҳо даъват мекунем, ки шиддатро фурӯ нишонанд ва бо ҳам муколама кунанд. Мо бо ҳукумат гуфтугӯи ошкорое дорем. Ба ҳар иттилое, ки онҳо дар ихтиёри мо мегузоранд, бовар мекунем. Умедворем, ки миёни ҳукумат ва онҳое, ки дар минтақа ҳастанд, гуфтугӯ сурат мегирад".
Эмилия Пума дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки талошҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷинояткориву терроризм қобили дарк аст. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон, як ҳамсояи Афғонистон, манфиатдори калидии сулҳ дар ин кишвар аст ва тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, ки дар кишвари ҳамсоя субот барқарор шавад. Ӯ аз ҳамкорҳои Тоҷикистон дар ин самт ситоиш кард.
Ӯ гуфт, аз он шод мешавад, ки шоҳиди пешрафт дар ҳамкорҳои сиёсиву тиҷоратии байни ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикисону Узбекистон мешавад. Мақомоти тоҷик ахиран аз якбора боло рафтани нишондодҳои тиҷоратӣ, додугирифтҳои иқтисодӣ, рафтуомади мардум ба қаламрави ҳамдигар хабар додаанд.
FBI бо мақомоти тоҷик ҳамкорӣ мекунад
Сафари мақомоти департаменти давлати Амрико ба Тоҷикистон бо шурӯи мурофиаи додгоҳии ҳамлагарони туристони хориҷӣ мусодиф омад. Дар ҳодисаи 29 июли имсол дар ноҳияи Данғара дар миёни чор туристи кушташуда, аз ҷумла ду шаҳрванди Амрико ҳам ба ҳалокат расиданд. Мақомоти тоҷик 17 нафарро аз рӯи ин парванда ба курсии айбдоршавандаҳо нишонда мегӯянд, ки аксари онҳо барои хабар надодан ба полис дар бораи омодагиҳо ба ҷиноят муҳокима мешаванд.
Рӯзи 24 октябр Эмилиа Пума ба хабарнигорон гуфт, ки ҷониби Амрико дар ҷараёни тафтишот иштирок мекунад ва ҳам намояндагони худро ҳам ба ин кор ҷалб кардааст.
Ӯ гуфт: "Тавре мефаҳмам, таҳқиқот идома дорад. Ҳукумати шумо бо майли тамом муфаттишони моро аз FBI - Бюрои федеролии тафтишот барои ҳамкорӣ дар ин қазия даъват карданд. Мо аз ин чиз бисёр миннатдор ҳастем. Ҳамкории мо бо ҳукумат идома мекунад. Мо дарк мекунем, ки зарурати мубориза бо терроризм вуҷуд дорад. Коре, ки ин афрод карданд, ба ҳеҷ сурат ба меҳмондӯстӣ, ҳамкорӣ ва ниятҳои неки дигар мардуми тоҷик осебе намерасонад. Мо намегузорем, ки ин ҳодиса ҳамкориҳои ҳасанаи миёни кишварҳои моро осеб расонад".
Дар нишасти матбуотии дипломати амрикоӣ инчунин ба музокироти ахири президенти Русия Владимир Путин ва мушовири амнияти миллии президенти Амрико Ҷон Болтон дар Маскав муроҷиат шуд. ИМА чанде пеш гуфт, ки аз созишномаи нобудсозии мушакҳои миёнаву дурпарвози соли 1987 имзошуда берун мешавад. Дар нишасти дирӯза дар Маскав Путин гуфт, ки хостори дидору мулоқот бо ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп дар ҳошияи нишасти байналмилалӣ дар Париж мебошад.
Трампу Путин, озодии баён, Бузургмеҳр Ёров
Хонум Пума гуфт, ки мавқеи Амрико ин аст, ки бояд миёни ҷонибҳо муколама сурат гирад. Ӯ, аз ҷумла гуфт:
"Мо ба ин бовар ҳастем, ки муколама ва ҳамкорӣ роҳи беҳтарини ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳам эҷоди равобити мусбати байни ду кишвар аст. Таҳти раҳбарии президент Трамп мо ба чунин ҳамкорӣ ва ҳам муколама дар баландтарин сатҳ умед мебандем",
Дар миёни масоили дигаре, ки ба қавли дипломати амрикоӣ дар чаҳорчӯби машваратҳои сиёсӣ садо дод, мавзӯи озодии байн, ошкор будани кори ҳукумат дар баробари журналистон, бозбинӣ шудани парвандаи ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров ва дигар масъалаҳо буд.
Машваратҳои сиёсии миёни Тоҷикистон ва Амрико бори ҳафтум баргузор шуд ва ин муколамаҳо соле як бор сурат мегиранд.