Арзёбиҳои тахминии тиббӣ дар Тоҷикистон нишон додаанд, ки бисёре аз гирифторони бемории вируси норасоии масунияти бадан аз бемории худ хабар надоранд. Бехабарие, ки метавонад, талошҳои давлат барои пешгирӣ аз густариши вирус дар Тоҷикистонро камасар кунад.
Мардуми мо рафтан ба марказҳои ташхиси вируси норасоии масунияти баданро айб медонанд. Ба фикри онҳо, ин беморӣ асосан ба онҳое сироят мекунад, ки ба корҳои нохуб машғул мешаванд
Бар асоси арзёбиҳои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон соли 2016 аз миёни беш аз 16 ҳазор нафар аз гирифторони вируси норасоии масунияти бадан, нисфи онҳо намедонистаанд, ки гирифтори беморӣ ҳастанд. Бар асоси ин арзёбӣ, фақат 45 дар сади гирифторон медонистаанд, ки беморанд ва дар бемористонҳо сабти ном шудаву муолиҷа мегиранд.
"Ин рақамҳо тақрибӣ ҳастанд"
Мақомоти расмӣ мегӯянд, арзёбиҳо фақат тахминӣ ҳастанд ва арқоми баланд дар арёзбиҳо барои он аст, ки барои ҷилавгирӣ аз беморӣ корҳои бештар анҷом дода шаванд. Дилшод Саидов, муовини раиси Маркази мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан, рӯзи 24-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин рақамҳо ҳама тақрибӣ ҳастанд ва барои он аст, ки мо ба сӯи чизе ҳаракат кунем, ҳамин баҳогузорӣ ҳамасола аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад.”
Арзёбиҳои нави соли 2017 эълон нашудааст ва ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, мумкин аст, дар он рақамҳои тақрибӣ боз ҳам поинтар бошад.
Дилшод Саидов афзуд, баръакс солҳои ахир ошкор кардани гирифторони бемории вируси норасоии масунияти бадан ба маротиб беҳтар шудааст ва аксарияти онҳое, ки беморанд, сабти ном ва ба муолиҷа фаро гирифта мешаванд. Саидов гуфт, солона дар Тоҷикистон 600 ҳазор нафар ташхиси тиббӣ мешаванд, ки имкон медиҳад, гирифторони беморӣ ошкор, сабти ном ва бо муолиҷа фаро гирифта шаванд.
"Зуд зоҳир намешавад"
Дар Тоҷикистон бино ба омори расмӣ, то моҳи марти имсол беш аз 9900 гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ҳастанд. Дар муддати 5 моҳи гузашта фақат чаҳор созмони ғайридавлатӣ, ки барномаҳои мубориза бо густариши бемории ВИЧ-СПИД амалӣ мекунанд, бо ташхиси ройгон 6 гирифтори ВИЧ-ро пайдо кардаанд, ки намедонистаанд, бемор ҳастанд.
Айни замон, ба гуфтаи Дилшод Саидов, сабабҳои зиёде ҳастанд, ки имкон намедиҳанд, бемории гирифторон ошкор шавад. Аввал ин хусусияти худи беморӣ аст, ки аломатҳояш зуд ошкор намешавад. Ба қавли ӯ, “шахс дар вуҷудаш ҳамин сироятро дорад, вале ягон нишонаи онро намефаҳмад. Давраи инкубатсионии беморӣ баръакси бемориҳои дигар, ки зуд зоҳир мешаванд, бисёр тӯлонӣ аст ва ҳатто солҳоро дар бар мегирад ва худи инсон намефаҳмад ки беморие дорад”.
Танҳо дар се-чаҳор ҳолат, аз ҷумла қабл аз ҷарроҳӣ ва муоинаи ҳатмии қабл аз издивоҷ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд.
"То вазъ маҷбур накунад, аз ташхис намегузаранд"
Яке дигар аз сабабҳои бехабарӣ, ба гуфтаи Таҳмина Ҳайдарова, раиси Шабакаи занони гирифтори ВИЧ-СПИД дар Тоҷикистон, бепарвоии мардум ба сиҳатиашон ва ҳам камбизоатии онҳост. “Якум надоштани маълумоти кофӣ дар бораи ин беморӣ аст. Дувум, тоҷики мо то агар аз по наафтад, ба табиб муроҷиат намекунад. Танҳо дар се-чаҳор ҳолат, аз ҷумла қабл аз ҷарроҳӣ ва муоинаи ҳатмии қабл аз издивоҷ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Яъне, то вазъ маҷбур накунад, аз ташхис намегузаранд ва аз сиҳатии худ хабар надоранд», – гуфт Таҳмина Ҳайдарова.
Ба гуфтаи ӯ, ташхиси бемории вируси норасоии масунияти бадан 25 сомонӣ аст, ки он ҳам барои мардуми камбизоат пули калон ба ҳисоб меравад. Ба қавли яке аз афроди огоҳ аз иҷрои барномаҳои мубориза ба зидди бемории вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон, як гурӯҳи онҳое, ки беморанду аз бемориашон бехабаранд, муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд. Бехабарие, ки метавонад, сиҳатии оилаҳои онҳоро ба хатар андозад.
“Вақтҳои ахир баъзе аз муҳоҷирони гирифтори вируси норасоии масунияти баданро аз Русия ихроҷ мекунанд, вале онҳо мегӯянд, ки маро бо баҳонаи бозиҳои футбол ташхиси ВИЧ монданду ихроҷ карданд. Онҳо мегӯянд, кори баде накардаам ва намехоҳанд, бовар кунанд, ки ба беморӣ гирифторанд”, – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Айб ё пешгирӣ аз беморӣ?
Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, бехабарии муҳоҷирон аз бемориашон сабаб мешавад, ки онҳо ноогоҳона наздикони худро ба бемориҳои сироятӣ аз ҷумла вируси норасоии масунияти бадан гирифтор кунанд. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар Тоҷикистон аксарият фикр мекунанд, ки вируси норасоии масунияти бадан асосан ба онҳое сироят мекунад, ки бо чанд нафар иртиботи ҷинсӣ доштаанд.
“Мардуми мо то имрӯз фикр мекунанд, ки ман ҳамаи ташхисҳои тиббиро мегузарам, назди табибони нағзу қимат меравам, лекин ҳамин ташхиси ВИЧ намесупорам. Мардуми мо рафтан ба марказҳои ташхиси вируси норасоии масунияти баданро айб медонанд, чунки ба фикри онҳо ин беморӣ асосан ба онҳое сироят мекунад, ки ба корҳои нохуб машғул мешаванд”, – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Муоинаи тиббии пеш аз издивоҷ дар Тоҷикистон, ки аз соли 2015 ҳатмӣ шуд, дар маълум кардани гирифторону ба муолиҷа фаро гирифтанашон мусоидат кард. “Чанде пеш дар вилояти Хатлон як ҳодиса буд, зимни муоинаи тиббии ду нафар маълум шуд, ки писар гирифтори ВИЧ аст, модараш ин тарафу он тараф давутоз кард, ки чӣ кор кунад. Дар ин ҳолат фақат бо ризояти хаттии ҷавонон ба онҳо иҷозаи никоҳ дода мешавад.”
Марги 2400 нафар аз ВИЧ-СПИД дар Тоҷикистон
Айни замон ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ ҳолате буд, ки бемор будани ҷавонро зимни муоина ошкор кардаанд ва баъди ин кормандони идораи сабти асноди расмӣ “овозаву дарвоза кардаанд, ки духтараш ё писараш СПИД шудааст ва тӯйро гардонданд.”
Тоҷикистон дар миёни чанд кишвари камшумори ҷаҳон аст, ки вируси норасоии масунияти бадан дар он дар муддати 10 соли гузашта 25 дарсад афзудааст. Аз замони пайдо шудани беморӣ дар кишвар то кунун беш аз 2400 нафар ҳалок шудаанд. Аксари гирифторони беморӣ, тақрибан 4 ҳазор нафари онҳо мӯътодони маводи мухаддир ҳастанд ва беш аз 2 ҳазор нафарашон ба танфурӯшӣ машғул будаанд. Бештар аз 60 дарсади гирифторон мард ва 33 дарсад зан ҳастанд. Дар ин муддат 300 кӯдак дар Тоҷикистон ба ҳар васила ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудаанд.
Тоҷикистон то кунун даҳҳо барномаи ҷилавгирӣ аз бемории мазкурро қабул кардааст ва соли 2017 Стратегияи миллии мубориза бо ВИЧ-СПИД барои солҳои 2017-2020 қабул шуд. Ба гуфтаи мақомот, ҳадафи ниҳоии онҳо ошкор кардани тамоми гирифторон ва муолиҷаи онҳо аст, то зиндагии комил дошта бошанд.