Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи як зан, ки 10 мардро ба ВИЧ мубтало кард, ба додгоҳ рафт


Додситонии ноҳияи Шаҳритус парвандаи як зани муттаҳам ба паҳн кардани бемории ВИЧ СПИД-ро ба додгоҳ фиристодааст. Умед Каримзода, додситони ноҳияи Шаҳритус рӯзи 5-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парвандаи ин занро, ки ному насабаш ба далелҳои қонунӣ ифшо намешавад, анҷом додаанд ва барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд. Санаи муҳокима ҳоло маълум нест.

Ин зан ба "сироят кардан бо инфексияи ВИЧ" ва "дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо инфексияи ВИЧ гузоштани шахси дигар", муттаҳам мешавад.

Зани ҷавони тоҷикро ба сирояти бемории вируси норасоии масунияти бадан ба дигарон муттаҳам мекунанд. Муфаттишон мегӯянд, ин ҷавонзан, ки танфурӯшӣ мекард, бо вуҷуди онки медонист ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор аст, бо чанд мард ҳамхоба шудааст.

Ба гуфтаи мақомот, на камтар аз 10 мард бо зани гирифтори беморӣ ҳамхоба шудаанд, вале барои маълум кардани онки чанд нафар аз он ба ВИЧ/СПИД гирифторанд, фурсат лозим аст, зеро ин беморӣ дар муддати кӯтоҳ зуҳур намеёбад ва барои он маълум кардани он на камтар аз 3 моҳ зарур аст.

Муфаттишон мегӯянд, аксари онҳое, ки аз хидмати ҷавонзани танфурӯш истифода кардаанд, ҷавонони муҷаррад ва ҳам чанд марде ҳастанд, ки зану фарзанд доранд. Маълум кардани онки оё касе аз ҳамсарони ин мардҳо ҳам гирифтори беморӣ шудааст, ғайримумкин аст, зеро дар Тоҷикистон бар асоси қонун, ифшо кардани номи беморону гирифторони вируси норасоии масунияти бадан мамнӯъ аст ва барои ифшои ғайриқонунии номи онҳо, ҷазо муқаррар шудааст.

Зане, ки ба паҳн кардани беморӣ муттаҳам мешавад, соҳиби ду фарзанд аст ва ҳамаи "мизоҷонаш" сокинони Шаҳритус будаанд. Ӯ баъди ҷудоӣ аз шавҳар ба танфурӯшӣ шурӯъ карда ва аз соли 2014 расман ба ҳайси гирифтори бемории норасоии масунияти бадан сабти ном шудааст. Маълум нест, худи ин зан аз кӣ сироят шудааст.

Сайидо Муртазоев, як табиби Маркази мубориза бар зидди бемории ВИЧ-СПИД дар Хатлон гуфт, "ҳамин зан дар маркази мо буд ва ҳамчун бемор сабти ном шудааст. Муштариёнро тариқи телефон пайдо карда, бо онҳо ҳамхобагӣ мешудааст. Ӯ ҳоло дар боздошт аст."

Занро ба "сироят кардан бо инфексияи ВИЧ" ва "дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо инфексияи ВИЧ гузоштани шахси дигар", муттаҳам мекунанд. Дар сурати собит шудани иттиҳом, мумкин аст, ӯ аз 2 то 5 сол ба зиндон маҳкум шавад. Ба қавли муфаттишон, бо назардошти онки ҷабрдидаҳо 10 нафар ҳастанд, эҳтимоли ҷазои сахттар гирифтанаш вуҷуд дорад.

Хабари боздошти ин зан сару садои зиёдеро дар Шаҳритус барангехтааст. Як масъули ҷамоати деҳот, ки зан онҷо зиндагӣ мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Занон дар лаби об ҳамин гапро баҳс мекунад, ки як зан аз ҷамоат боздошт шудааст, ки мардҳоро бемор кардааст. Ҳама ҳамин гапро мегӯяд, мақомот аз мо дар бораи ӯ маълумот хоста буд, ки пешниҳод кардем, вале ҳама овозаи ӯро медонад."

Пайвандони зан аз суҳбат худдорӣ мекунанд. Аммо Акрам Давлатов, мудири Маркази мубориза алайҳи бемории ВИЧ-СПИД дар Хатлон, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳама беморони вируси норасоии масунияти бадан забонхат ва имзо мегиранд, ки мабодо дигаронро гирифтор накунад.

Ҳамасола гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам дар Хатлон зиёд мешавад. Гузориш дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани як зане, ки гӯё 10 нафарро ба бемории вируси норасоии масунияти бадан мубтало кардааст, бори аввал аст, ки нашр мешавад. Аммо дар гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, аз миёни садҳо танфурӯши боздоштшуда, се нафарро бо иттиҳоми ба беморӣ гирифтор кардани муштариёнашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

Дар Хатлон 2863 гирифтори бемории ВИЧ-СПИД сабти ном шудаанд ва 900 нафари онҳо занон ҳастанд. Теъдоди гирифторони беморӣ дар ноҳияи Шаҳритус ба 90 нафар мерасад.

Аксари гирифторон, ё мӯътодони маводимухаддир ҳастанд ва ё заноне, ки ба танфурӯшӣ машғул шудаанд. Теъдоде ҳам аз роҳҳои номаълум ва ё аз шавҳарони муҳоҷирашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

XS
SM
MD
LG